Амали зишти тӯҳматзанӣ

127

Ҳузури шайтон
Ҳазрати Мӯсо ибни Имрон (а) мефармояд: «Шайтон ба сурати инсон омад ва гуфт: Мӯсо, ман агар бихоҳам ҷомеаеро ноамн кунам, дар он ҷомеа тӯҳматро зиёд мекунам ва барои ин ки бихоҳам тӯҳматро дар ҷомеа зиёд кунам, заминаи ғайбатро фароҳам мекунам.
Нишонаи фосиқ
Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) фармуд:وَ أَمَّا عَلامَةُ الفَاسِقِ فَأَربَعَةٌ: اَللَّهوُ وَ اللَّغوُ وَ العُدوَانُ وَ البُهتَانُ.
Нишонаи фосиқ чорто аст: Саргармии беҳадаф, беҳӯдагӣ, таҷовуз ба ҳуқуқи дигарон ва бӯҳтон задани дигарон.
Бузургтарин бешармӣ
Ҳазрати Алӣ (а) фармуд: لا قحَةَ كَالبُهتِ Ҳеҷ бешармӣ мисли буҳтон задан нест!
Имрӯз мутаассифона дар ҷомеаи Тоҷикистон тӯҳмат задан ва бадном кардани дигарон роиҷ шудааст. Рӯзе нест, ки ин кор аз тариқи фазои расонаӣ ва матбуотӣ пахш нашавад. Бор кардани ҳамаи айбу камбудиҳо ва муттаҳам кардани дигарон ба ҷурму ҷиноят расм ва дарди бедармон шудааст. Ба ҷои ин ки ба фикри ваҳдат, созиш ва ҳамдигарфаҳмӣ бошем дуруст зидди ин амалӣ мегардад. Умедворем ақли солим ҳоким шавад ва фазои сулҳу сафо ва меҳру вафо ҷои туҳмату буҳтон ва ҷавру ҷафоро бигирад ва беш аз ин миллати мусулмону мазлуми тоҷик тӯҳмат ва бӯҳтон набинад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.