Оқибатбахайрӣ дар каломи Набии Акрам(с)

395

Паёмбари Худо(с) фармуданд: “Марде ҳаст, ки замони зиёде амали аҳли биҳиштро анҷом медиҳад, сипас аъмолаш ба амали аҳли ҷаҳаннам хатм мешавад, (яъне оқибатбахайр намешавад ва гунаҳкор аз дунё меравад) ва низ марде ҳаст, ки замони зиёде амали аҳли ҷаҳаннамро анҷом медиҳад, вале сипас аъмолаш ба амали аҳли биҳишт хатм мешавад; (яъне тавба мекунад ва аъмоли солеҳе дар охири умраш анҷом медиҳад ва оқибатбахайр мешавад)”.

Пас ҳамеша дар ёди Худо бошем ва аз Худо бихоҳем, моро ба худамон вогузор накунад ва дар лаҳзаҳои охир, дасти моро бигирад. Инчунин ба амали худ ва корҳои хайрамон мағрур нашавем, ки чӣ басо, ҳамин корҳои хайр мумкин аст, моро ба худ машғул дошта ва сабаби ғафлату шақовати инсон гардад.

Инчунин дар ривояти дигаре фармудаанд: “Ба ҳисоби марде, ки пеш аз шумо буд, назди Худо расидагӣ карданд, вале амали хайре барои ӯ пайдо нашуд, магар ин ки ӯ марди модоре буд ва бо мардум иртибот дошт ва ба ғуломони худ дастур медод, ки аз гирифторон гузашт кунанд. Пас Худованди азиз ва бузург ба фариштагони худ мефармояд: Мо ба гузашт нисбат ба ӯ сазовортарем, пас аз ӯ гузашт кунед”.

Дар ривояти дигаре, аз Расули Худо(с) нақл шудааст, ки фармуданд: “Касе, ки мехоҳад бидонад, ки назди Худо чӣ дорад, (яъне ҷойгоҳи ӯ назди Худо чист), бояд бинад, Худо назди ӯ чӣ дорад; (яъне ҷойгоҳи Худо назди ӯ чист)”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.