Издивоҷ(қисмати аввал)

345

Аҳамияти издивоҷ дар Қуръон ва ривоёт

Ислом бо дар назар гирифтани ниёзҳои воқеӣ ва табии инсон аз як су ва бо иноят ба масолеҳи фард ва иҷтимоъ аз сӯи дигар, издивоҷро ба унвони беҳтарин роҳ ва муносибтарин шева барои рафъи ниёзҳои отифӣ, равонӣ ва ҷинсии ӯ интихоб кардааст.

Қатъан ҳар миллате дар дин ва оини худ ба навъе аз он баҳраманд буда ва ҳаст аммо дини Ислом беш аз ҳама бар он таъкид дорад ва барои он осор ва фоидаҳои муҳимме ёд кардааст. Дар Қуръони маҷид се оят дар аҳамияти асли издивоҷ омада ва ҳамагонро ба он ташвиқ ва даъват намудааст.

1- Сураи Нур, ояти32.

2- Сураи Рум, ояти 21.

3- Сураи Нисо, ояти 3.

Илова бар оятҳои ёдшуда ривоёти бисёре низ дар ин замина вуҷуд дорад чунончи Паёмбари Ислом(с) фармуд:

 «مَن تَزَوَّجَ اَحرَزَ نِصفَ دینه»

 Касе, ки издивоҷ кунад ниме аз дини худро ба даст овардааст.

Ба ҳамин сабаб уламои дини Ислом издивоҷро аз мустаҳабботи муаккад баршуморидаанд ва онро барои касе, ки ба сабаби ихтиёр накардани ҳамсар ба гуноҳ биафтад воҷиб донистаанд. Қатъан вақте ғаризаи ҷинсӣ аз роҳи саҳеҳ ва шаръӣ ирзоъ шавад ва рӯҳи пуризтироби инсон, эътидол ва оромиш ёбад, ҳақоиқи зиндагиро беҳтар дарк мекунад ва ба сӯи дин ва саодати худ гомҳои бузургтаре бар медорад.

Қуръон ҷиҳати ташвиқ ва тарғиби ҷавонон ба издивоҷ, хилқати зан ва шавҳарро аз оёт ва нишонаҳои муҳимми худ баён медорад ва ин хилқатро аз муҳимтарин авомили расидан ба оромиши рӯҳӣ – равонӣ ва ҳатто ҷисмӣ муаррифӣ мекунад. Лизо барои омодасозии ҷавонон фармудааст: Ду ҳадияи гаронбаҳо дар гарави ин васлат ва пайванд аз ноҳияи Худо ба шумо эҳдо мешавад

1: Маваддат;

2: Раҳмат.

Ҳикмати издивоҷ, сукун ва оромиш ёфтани мард дар канори зан ва зан дар канори мард аст. Ин бадон маъност, ки аз як су инсон ба оромиш ниёз дорад ва аз суи дигар касе, ки ҳамсаре интихоб накарда ва зери бори издивоҷ нарфта дар ҳақиқат сукун ва оромиши рӯҳӣ ва фикрии худро дар маърази осеб қарор додааст. Оромише, ки бахше аз он марбут ба ниёзи ҷинсӣ, ва бахше дигар нозир ба ниёзҳои отифӣ аст.

Умре канори ҳам зистан ва дар шодӣ ва ғамҳо шарики якдигар будан, муҳаббат ва ҳамдилии вижаеро металабад, ки бисёр фаротар аз муҳаббатҳои роиҷи миёни дӯстон аст. Ба ин ҷиҳат Худованд чунин муҳаббат ва пайванди қалбиро бо тасарруфи таквинӣ дар миёни дилҳои зан ва мард эҷод кардааст

وَجَعَل بَینَکُم مَوَدَّةً وَ رَحمَةً

 Раҳмат, он меҳри қалбӣ ва ботинӣ аст ва маваддат асаре аст, ки дар натиҷаи он меҳри қалбӣ бар забон ё рафтор зоҳир мешавад.

Нуктаи муҳимме, ки метавон аз ин ояти шарифа бардошт кард ин аст, ки муҳимтарин ниёзе, ки бар асари издивоҷ таъмин мешавад, ниёз ба оромиш ва эҳсоси амният ва осудагӣ аст, ин ниёз, ки дар сиришти одамӣ реша дорад, чунон муҳимм аст, ки Худованд дар баёни фалсафаи издивоҷ ба он ишораи мустақим мефармояд.

Бинобар ин, ҳамсарро сабаби оромиш ва амнияти хотир ва муҳити хонаро василаи оромиши рӯҳии зан ва мард қарор додааст.

Дар воқеъ дасти офариниш навъе кашиши дарунӣ миёни зан ва мард ба вадиат ниҳода то ҳар кадом дар синну соли хосс хоҳони якдигар шаванд ва изтироб ва парешониашон аз тариқи издивоҷ ба сукун ва оромиш табдил гардад. Таъкид ва тарғибҳое, ки аз ноҳияи оёт ва ривоёт дар заминаи издивоҷ ворид шуда ва бар аҳамият ва зарурат он далолат дорад фаровон аст ва аз завоёи мухталифе ба ин мабҳас пардохтаанд.

Гоҳе аз боби мазаммати муҷаррад мондан ва интихоб накардани ҳамсар аст. Лизо дар ин мавридҳо аз муҷаррад мондан ба шиддат наҳй мешавад, то ҷое ки дар аҷр ва подоши амали афроди муҷаррад ва афроде, ки ҳамсар ихтиёр кардаанд, тафовути зиёде қоил шудааст.

[فَانکِحُوا ما طابَ لکم مِن النُّساء مثنی و ثلاث و رباع][1]

 Аз ин оят фаҳмида мешавад, ки издивоҷ накардан барои ҳамеша, кори шоиста ва хубе нест, ва ин нукта ба даст меояд, ки муҷаррад зиндагӣ кардан мазаммат шуда ва ба издивоҷ хеле аҳамият дода шудааст.

[1] .  Сураи муборакаи Нисо, ояти 3.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.