Чӣ гуна сарватманд шавем?

108

Роҳкорҳои сарватманд шудан чист?

Хусусиёти сарватмандон чист?

Сарватманд будан ва расидан ба он хостаи бештари афрод аст, аммо то вақте ки бидонем хусусиёти сарватмандон чист ва аз дарун ба нукта пай набарем, ки сарватманд ҳастем, ин чиз дар зиндагии мо рух намедиҳад.

Сарватманди воқеӣ касест, ки аввалин қадамро барои тағйири боварҳо ва бардоштҳои иштибоҳи худ аз зиндагӣ мебардорад ва саъй мекунад дар хусусиёти худ тағйироте ба амал биёварад ва онро ба хусусиёти як шахси сарватманд табдил кунад. Бояд бидонем, ки дигарон ҳам ин шароитро пушти сар гузоштаанд ва чизе, ки ба даст овардаанд, муваффақият ва шодмонӣ ва сарват будааст.

***

Хусусиёти сарватмандон чист?

Мо инсонҳо бо қудрати фикри худ метавонем таъйин кунем, ки ҷузъи кадом даста бошем, сарватмандон ва ё ниёзмандон.

Вижагии бузурге, ки афроди ниёзмандро аз сарватмадон ҷудо мекунад, наҳваи фикр кардан ва нигоҳи онҳо ба масоили мухталифи зиндагист.

Агар шумо мехоҳед, ки ҳамеша ҷузъи сарватмандон бошед, бояд сабки зиндагӣ ва нигоҳи худатонро тағйир диҳед то ба он бирасед. Мавориди зер ба шумо кӯмак мекунад, то даричаҳои тозае барои вуруди шигифтонаҳо ба зиндагиатон боз кунед ва шумо ҳам сарватманд шавед.

***

1 – Саҳархез будан

Саҳархез будан баракоте дорад. Бо худатон фикр кунед, ки чанд бор ба он амал кардаед. Бисёре аз афрод тарҷеҳ медиҳанд, то дер вақт дар ҷои хоби гарму нарми худ бимонанд ва корҳои худро ба замонҳои баъд вогузоранд. Аммо сарватмандон ин корро анҷом намедиҳанд. Бештари онҳо субҳ бисёр зуд бедор мешаванд ва тибқи як барномарезии муназзами субҳгоҳӣ, ки барои худ тартиб додаанд, пеш мераванд.

Вақте шумо битавонед одат кунед, ки субҳи зуд аз хоб бедор шавед, ба бештари корҳои рӯзонаи худ мерсед. Муназзам мешавед, ба саломатии худ ҳам аҳамият медиҳед, дигар барои чизе сросема намешавед ва саросема буданро ба унвони як унсури нодуруст аз худдур мекунед.

***

2 – Бинависед то ҳар чӣ мехоҳед, амалӣ шавад

Чӣ қадар ба навиштани андешаҳо ва боварҳои худ эътиқод доред? Чанд бор ин корро анҷом додаед ва бах аз чӣ муддате онро раҳо кардаед?

Мӯъҷизаи навиштан барои ҳамаи сарватмандон ба унвони як асли собит, пазируфта шудааст. Онҳо ҳамеша як дафтарчаи ёддошти хурдакаки кисагӣ ҳамроҳи худ доранд ва ҳама чизро дар он менависанд. Хушҳолиҳо, рухдодҳои хубу буд, эҳсосоти хуб, эҳсосоти бад, ёдовариҳо, боядҳо ва набоядҳо, ҳама чизро бо қудрати навиштан ба зеҳни худ месупоранд ва сомон медиҳанд ва зимни бовар доштан ба қудрати мағз, ҳаргиз намегузоранд сели афкори дурусту ғалат оромишашонро барҳам занад.

Сарватмандон аз навиштан барои барномарезии кории худ низ истифода мекунанд. Дар ҳар мавқее, ки ҳастед, як дафтарча ва ё чанд варақ бардоред ва ҳар чизе, ки дар зеҳнатон қарор дорад, рӯи коғаз бинависед. Вақте ин корро анҷом додед, мефаҳмед, ки чӣ қадарафкори нодуруст ресмони иродаи шуморо ба даст гирифта буданд ва монеъ аз ин мешуданд, ки қадаме барои муваффақият бардоред…

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.