Чӣ гуна сарватманд шавем? (Бахши дуввум)

115

Сарватмандон чӣ хусусиёте доранд?

Сарватманд шудан ба чӣ роҳкорҳо вобаста аст?

Роҳкорҳои сарватманд шудан чист?

Назм чӣ таъсире дар баҳси сарватманд шудан метавонад дошта бошад?

Барои доштани назм, чӣ кор бояд бикунем?

***

Дар баҳси гузашта перомуни одатҳои мусбате, ки ба сарватманд шудани афрод мусоидат мекунад, сӯҳбат доштем ва гуфтем, ки саҳархез будан ва навиштани матолиб аз муҳимтарин масоил дар ин замина ҳастанд. Дар идомаи баҳс ба матолиби зер диққат намоед.

3 – Доштани назм аз ҷумлаи хусусиёти сарватмандон

Бештари афроди сарватманд як хусусияти муштарак доранд ва он чзе нест, ҷуз муназзам будан. Вақте ба сару вазъ ва зиндагии онҳо нигоҳ мекунем, мебинем, ки ҳама чиз сари ҷои худаш қарор дорад.

Ҳар чизе ҷои мушаххас ва макони мушаххасе дорад. Ин нишондиҳандаи назми зеҳнии онҳост. Қудрати назм дар зеҳн боис мешавад, то фард онро дар зиндагии воқеии худ низ иҷро кунад.

Вақте ки шумо мисли як шахси сарватманд муназзам бошед, дигар на аз озмуне ҷо мемонед ва на замони арзишманди худро ҳадар медиҳед. Қудрати назм ба шумо қудрати беҳтар амал кардан дар муҳитҳои иҷтимоиро низ медиҳад ва ин муҳимтарин нукта барои расидан ба сарват аст.

Муназзам будан боиси ба вуҷуд омадани сифоти зер дар шумо мешавад:

Мизони баҳравариатонро афзоиш медиҳад.

Корҳоятонро бо ҳисси беҳтаре анҷом медиҳед.

Чизеро фаромӯш намекунед.

Ба тааҳҳудоти худ пойбанд хоҳед буд.

Дар вақти худ сарфаҷӯӣ мекунед.

Саломатии ҷисмӣ ва руҳиатонро беҳбуд мебахшед.

Ин вижагиҳо аз хусусиёти боризи сарватмандон аст. Онҳое, ки ба иллати доштани назм, ин сифотро низ дар худ парвариш дода ва барои худашон малака кардаанд.

***

4 – Шикаст – пули пирӯзӣ аст

Бар хилофи дидгоҳи роиҷ дар мавриди шикаст, сарватмандон аз шикаст хӯрдан истиқбол мекунанд. Пирӯзӣ фақат дар баранда шудан нест, балки дар шикаст хӯрдан аст. сарватмандон ҳар шикастеро як дарси бузург ба шумор меоваранд ва барои беҳбуди касбу кор ва зиндагии худ, онро ба кор мегиранд.

Пас ба ҷои ин ки фақат дар паи аввал шудан бошед, ёдатон бошад, ки дар ҳангоми шикаст аст, ки шумо ба нуқоти қувват ва заъфи худ паё мебаред ва метавонед барои амалкарди беҳтар, қавитар зоҳир шавед. Бархе ба хотири тарс аз шикаст ҳеч иқдоме барои тағйири вазъияти худ анҷом намедиҳанд ва ҳамин мавзӯъ боис мешавад, то рақибони онҳо муваффақтар шаванд. Агар мехоҳед аз дигарон ақиб намонед, ҳаракат кунед ва шикаст бихӯред.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.