Аз чӣ замоне бо кӯдакон дар бораи пул сӯҳбат кунем?

83

 

Чӣ гуна бо кӯдакон дар бораи пул ҳарф бизанем?

Ошноии кӯдак бо пул ва чӣ гуна пулро ба даст овардан ва чигунагии харҷи он ва ташвиқи кӯдак ба пасандоз, метавонад дар ояндаи иқтисодии онон нақши муҳимме дошта бошад.

Чӣ гуна бо кӯдакон дар бораи пул ҳарф бизанем?

Ин тасмими дурусту оқилонае аст, ки тарбияти кӯдакон дар бораи муносибат бо пулро аз синни поён шурӯъ кунем, албатта мо намехоҳем онҳоро аз ҳеч чиз маҳрум кунем, фақат мехоҳем онҳоро ба ин масъала воқиф созем, ки пул чист, чӣ гуна ба даст меояд.

Хеле аз кӯдакон мушоҳида мекунанд, ки пул аз кисаи волидайнашон берун меояд, аммо аксари онҳо намедонанд, чӣ гуна пул ба даст меояд ва ҳатто чӣ гуна тамом мешавад.

Арзиши пулро ба фарзандамон ҳангоме ки дар синни поин ҳаст, омӯзиш диҳем то ояндаи муваффақе барои онҳо таҳия кунем.

Яке аз фоидаҳои зуд омӯзиш додани кӯдаконо ин аст, ки дар синни поин хеле зуд ёд мегиранд, ки агар барои мавориди ғайри зарурӣ пул харҷ кунем, зуд нопадид мешавад. Ёд мегиранд, чӣ гуна пулро маъқулона харҷ кунанд ва чӣ гуна пасандоз кунанд ва дар оянда интихобҳои беҳтаре дошта бошанд.

Шиносоии пул ба кӯдакон

Агар шумо ба таври аҷибе пул харҷ мекунед, ё велхарҷ ҳастед ва бидуни ҳисобу китоб пулатонро харҷ мекунед, пас мисоли муносибе барои фарзандатон дар чӣ гуна харҷ кардани пул нестед.

Шумо наметавонед онҳоро дар навҷавонӣ ё бузургсолӣ ҳангоме ки худро дар шароити бади иқтисодӣ дармеёбанд, сарзаниш кунед.

Вазифаи муаллимҳо нест, ки дар мактаб ҳама чизро дар бораи пул омӯзиш диҳанд, ин вазифаи волидайн ё сарпарасти кӯдак аст.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.