Ҳаргиз ин ҷумлаҳоро ба худатон нагӯед!

69

Баъзан мо одат дорем, бо бархе ҷумалоти манфӣ худамонро сарзаниш кунем, ғофил аз ин ки ҳамин ҷумалот ва иборот табдил ба дидгоҳи мо хоҳад шуд.

Дидгоҳе, ки мо нисбат ба худ дорем, метавонад боиси муваффақият ё шикасти мо шавад.

Агар муваффақияти худро мехоҳем, бояд аз гуфтани ин ҷумлаҳо ба худамон худдорӣ кунем.

1 – “Кош ин қадар бадшонс набудам”

Ҳар чӣ фурсатҳои бештареро дунбол кунед, заминаҳои беҳтаре барои муваффақияти худ фароҳам мекунед. Агар мехоҳед, ба чизе даст ёбед, пас биравед ва бо талошу кӯшиши худ онро ба даст биёред!

Муваффақият бо пайгирӣ ва истимрор (пайгирии мудовим) ба даст меояд ва рабте ба шонси хубу бад надорад.

2 – “Барои мо хеле дер шудааст”

Барои тағйир дар зиндагӣ ҳеч гоҳ дер нест.

Ҳатто касоне, ки шикаст хӯрдаанд, низ метавонанд дубора аз ҷо бархезанд ва зимоми зиндагии худро дар даст бигиранд.

Ба синни худ ба унвони як дороӣ нигоҳ кунед ва бидонед, ки бо афзоиши син, таҷриба ва донишатон бештар хоҳад шуд ва расидан ба муваффақият бароятон осонтар мешавад.

3 – “Дигарон дар бораи ман чӣ фикр хоҳанд кард?”

Гирифторӣ дар ин ки дигарон дар мавриди шумо чӣ фикре мекунанд, фақат боиси афзоиши сатҳи истрес ва изтироб дар шумо мешавад.

Ҳаргиз барои таҳти таъсир қарор додани дигарон, шахсияти воқеии худро фидо накунед.

Агар дӯстонатон, дӯстони воқеӣ бошанд, шуморо ҳамон тавре ки ҳастед, мепазиранд.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.