Пайкараи аслии иҷтимоъ

46

Бадани инсон аз селулҳо ташкил шудааст, ки нобудӣ ва фасоду бемории онҳо сабаби бемории бадан аст ва агар зиёд шавад ба ҷойҳои хатарноке барои кулли бадани инсон хатм мешавад, ҳамин тавр ҷомеа ҳам аз селулҳо ташкил шудааст. Ҳар хонавода яке аз селулҳои пайкараи ҷомеа аст. Вақте инҳо солим ва рафтори дуруст дошт бошанд, пайкараи ҷомеа солим хоҳад буд.

“Хонаводаи солим – ҷомеаи солим”

Агар дар ҷомеа хонавода мустаҳкам шавад ва зану шавҳар ҳуқуқи якдигарро риоят кунанд ва бо ҳам хушахлоқу созгор бошанд ва бо ҳамкорӣ мушкилотро бартараф намуда фарзандонро хуб тарбият кунанд ва инсонҳои бекина бошанд, ин ҷомеа ба салоҳ мерасад ва наҷот меёбад. Агар муслиҳе дар ҷомеа бошад метавонад ин ҷомеаро ислоҳ намояд. Агар хонаводае набошад бузургтарин муслиҳин(ислокунанда) ҳам биёянд наметавонанд ҷомеаро ислоҳ кунанд.

Ба баракати хонаводаи солим ва мустаҳкам бисёре аз мушкилоти кишварҳо, ба хусус мушкилоти ахлоқӣ ва маънавии он бартараф мешавад ё аслан ба вуҷуд намеояд.

Ин пайванди издивоҷ ва заношӯии Исломӣ, яке аз неъматҳои бузурги Илоҳӣ ва аз асрори офариниш ва сабаби бақо, мондагорӣ ва сиҳату салоҳи ҷавомеъ аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.