Сармашқи хубе барои фарзандамон бошем

44

Беҳтарин сармақш ва намунаи ибратомӯзӣ барои фарзандон, падару модарҳо ҳастанд.

Натиҷаи таҳқиқоти донишмандон нишон додааст, ки фарзандон дар рӯбарӯӣ бо маводди мухаддир ва нӯшокиҳои алкулӣ, монанди волидайнашон рафтор мекунанд, ки ин рафтор гоҳе рафтори солим ва гоҳе носолим аст.

Дидгоҳи шумо ба унвони падару модар метавонад бар дидгоҳи фарзандатон, нисбат ба ин мавод таъсиргузор бошад ва рафторҳои ояндаи ӯро шакл диҳад.

Бо иҷрои се равиши зер метавонед ба улгу ва сармашқи муносибе барои фарзандатон табдил шавед.

1 – Ҳаргиз дар назди фарзандатон ҳатто носу сигор ҳам накашед. Истеъмоли носу сигор ё маводди мухаддир дар ҳузури фарзанд, эҳтимоли мӯътод шудани ӯ ба маводди мухаддирро дар калонсолиаш афзоиш медиҳад.

2 – Ҳангоми масрафи дору ба фарзандатон бигӯед, ки бо иҷозати духтур ин корро мекунед. Ҳаргиз бидуни иҷозати духтур даоруҳое, ки дар камоди доруҳои хонаатон вуҷуд доранд, масраф накунед ва дар ихтиёри аъзои хонавода ва дӯстон қарор надиҳед. Ҳаргиз доруҳоро ба муддати тӯлонӣ дар кифи дастиатон нигаҳ надоред ва доруҳои изофаро ба дорухона супоред.

3 – Кӯдак бо мушоҳидаи рафторҳои волидайнаш аз онҳо меомӯзад. Ба маънои дигар, фарзандатон равишҳое, ки шумо барои муқобила бо мавқеиятҳои изтиробовар ва маҳори эҳсосот истифода мекунед, меомӯзад ва иҷро мекунад. Вақте хаставу асабонӣ ҳастед, аз равишҳои мудирияти изтироб барои маҳори стрессу изтироб истифода кунед ва онро ба фарзандатон низ биомӯзед. Ба ӯ бигӯед дар чунин шароите ниёзе ба истеъмоли сигору нос нест ва бо истифода аз равишҳои гуногун метавон ба саломат аз мавқеиятҳои душвор хориҷ шуд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.