Дӯстони фарзандамонро бишносем

49

 

Дӯст дар зиндагии инсон чӣ аҳамияте дорад?

Чаро падару модарҳо бояд дӯстони фарзандонашонро бишносанд?

Чӣ гуна фарзандамонро аз дӯсти бад муҳофизат кунем?

Мо ба унвони падару модар ва мураббии аслии фарзанд, бояд талош кунем, бо дӯстони фарзандамон, (махсусан агар фарзанди мо ҷавон ё навҷавон бошад), иртибот барқарор кунем.

Дӯстони фарзандонамон дар тӯли зиндагӣ, таъсири зиёде бар интихобҳои ӯ мегузоранд.

Дӯстони фарзанд метавонанд дар гароиши ӯ ба рафторҳои хатарнок муассир бошанд.

Ба хотир дошта бошем, ки:

Донистани он ки дӯстони фарзандамон чӣ касоне ҳастанд, ба мо кӯмак мекунад, то худро барои рӯбарӯӣ бо мушкилоти эҷодшуда омода кунем.

Мо падару модарон метавонем бо мутолиа ва иҷрои тавсияҳои зер дӯстони фарзандамонро беҳтар бишносем ва фарзандамонро дар иртиботи дӯстона ёрӣ кунем:

– Аз фарзандамон дар бораи дӯстонаш савол кунем. Ба унвони мисол, бипурсем: “Аз дӯсти нават, Фозил хабаре дорӣ?” ё бипурсем: “Саргармии дӯстат Фарҳод чист?”

– Дар меҳмониҳое, ки фарзандамон дар хона баргузор мекунад, бо дӯстонаш гуфтгӯ кунем ва аз волидайнаш ва қонунҳое, ки дар хонаводаашон гузоштаанд, бипурсем. Ин корҳо ба мо кӯмак мекунад, то фарзандамонро ба ҳангоми мушкилот беҳтар роҳнамоӣ ва кӯмак кунем. Агар дӯстони фарзандамон сигор мекашанд, ба ӯ бифаҳмонем, ки бояд аз онҳо дурӣ кунад.

– Ҳангоми гуфтугӯ бо фарзандамрон аҳамияти доштани дӯсти хуб ва ҳимоят ӯро бигӯем. Ба унвони мисол, як дӯсти хуб, касест, ки ин мушаххасотро дошта бошад:

  • Вафодор бошад;
  • Беҳтаринҳоро барои дӯсташ бихоҳад;
  • Аз манфиатҳои дӯсташ ҳимоят кунад;
  • Муваффақиятҳои дӯсташро ҷашн бигирад ва аз муваффақиятҳои дӯсти худ, хушҳол бошад.

Дар охир, бояд ба ин нукта ишора кунем, ки падару модарҳо бояд дар мавриди дӯстонашон ва ҳамсоягон, робитаҳои онон ва алоқамандиҳояшон, шахсият ва хусусиёти манфию мусбати дӯстони худ бо фарзандаш сӯҳбат кунанд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.