Ғаризаи ҷинсӣ-ниёзи мутақобил

53

Ислом ҳамин ғаризаи ҷинсиро пуштивонаи бинои хонавода қарор додааст. Вақте зану мард покдоман ва диндор ва худотарсанд ва тибқи дастури Ислом аз гуноҳ дар масъалаи ғаризаи ҷинсӣ-шаҳвонӣ парҳез мекунанд, табъан ниёзи зану мард ба якдигар дар ин маврид бештар хоҳад шуд. Вақте ба ҳамдигар зиёдтар эҳтиёҷ доштанд, бинои хонавода, ки пояи аслиаш зану мард аст, мустаҳкамтар хоҳад шуд.

Ислом мехоҳад ин пуштивонаро аз хонавода нагирад. Ислом мехоҳад, ки инсонҳо берун аз муҳити хонавода ин ғаризаро сер накунанд, то нисбат ба хонавода беқайд ва беэътино шаванд, аз ин рӯ пеши ин роҳро мебандад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.