Пайванди Ислом бо иқтисод

82

Ислом бо иқтисод ду навъ пайванд дорад:

Пайванди мустақиму бевосита ва ё ғайри мустақим ва бовосита.

Пайванди мустақим аз он ҷиҳат аст, ки як силсила муқаррароту қавонини иқтисодӣ дар заминаи моликият, табодул ва доду ситадҳо, молиёту андозҳо, ирсу садақа ва хайрот, вақф ва муҷозотҳои молӣ ва…, дар он вуҷуд дорад.

Ба ҳамин сабаб дар китобҳои Исломӣ баҳсҳои Байъ, Иҷора, Ваколат, Раҳн, Ирс, Ҳиба, Вақф ва… бобу мабҳасҳои хоссеро ихтисос додааст

Аз тарафи дигар ба фармудаи Қуръони Карим имон ба баъзе аз китоб ва куфр бар баъзе аз он мавриди радди ҳар мусалмоне қарор дорад. Пас Исломро ё бояд комил бипазирем ва ё ҳамаи онро рад кунем!.

Аммо пайванди ғайри мустақими Ислом бо иқтисод аз роҳи ахлоқӣ аст. Ислом иснсонро дар зиндагӣ ба рафотори ахлоқӣ ва амонатдорӣ, иффату адолат, эҳсону исор, дурӣ аз дуздӣ ва хиёнат ва ришвагирӣ роҳнамоӣ ва иршод мекунад, ки ҳамагӣ ба сарвату иқтисод иртибот доранд. Агар масоили иқтисодӣ ва ҳадду марзи он маълум нагардад, ҳудуди адолату амонат, иффату хушрафторӣ ва эҳсону некӣ ва ҳатто ҳудуди дуздӣ ва ришвагирӣ ва хиёнат ҳам маълум намегардад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.