Таъсири витамини B6 дар мубориза бо бемории коронавирус

Витамини B6 аз лахта шудан(лаъл бастани)и хун дар натиҷаи ибтило ба бемории Ковид 19 ҷилавгирӣ мекунад

116

Ба нақл аз Спутник, бар асоси мутолиъоти анҷомшуда тавассути муҳаққиқони донишгоҳи Хиросима дар Жопун дар канори шустани дастҳо, риояти фосилаи иҷтимоӣ ва иҷтиноб аз таҷаммуъҳои дӯстонаву хонаводагӣ, маводи ғизоӣ низ ба унвони аввалин ҷабҳаи дифоӣ дар муқобили вируси Ковид 19 муассир ҳастанд .

Ин мутолиа ба баррасии асари витамини B6 низ пардохтааст,ки нақши муҳимме дар сатҳи энерживу эминии бадан дошта ва камбуди он ба хастагӣ, дарди музмин ва камбуди энержӣ мунҷар мешавад . Дар ин таҳқиқот масрафи рӯзона 50 то 100 миллиграм аз ин витамин тавсия шудааст .

Ҳамчунин масрафи ин витамин ба вижа барои кудакону солмандон зарурӣ аст .

Бар асоси ин таҳқиқот вируси корона ва сармохурдагии шадид мунҷар ба осеб дидан ва илтиҳоби ҳуҷайраҳои шуш мешавад .

Ин вирус эҳтимолан бо аломатҳои монанди таб, хастагӣ, беиштиҳоӣ, дарди буғумҳо, дилбеҳузурӣ,қай кардан,шикамравӣ, мушкили пустӣ,танаффусӣ,тапиши қалб, уфти фишори хун, ташаннуҷ, сардард, хаёлотӣ шудан, ларзиш ҳамроҳ аст ва лахта шудани хуни ҳам яке дигар аз паёмадҳои ногувори Ковид 19 аст, ки бо бастани муйрагҳо эҳтимоли осебҳои қалбӣ,гурда,шуш ва ҷигарро афзоиш медиҳад .

Тибқи ин мутолиъот Витамини B6 бо асари зиддиилтиҳобӣ ва тақвияти системаа эминӣ метавонад аломатҳои Ковид 19 аз ҷумла лахта шудани хунро коҳиш диҳад .

Синаи мурғ, донаи офтобгардон, нахуд, лубиё, писта, донаи кунҷид ва гушти гов дорои витамини B6 ҳастанд

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.