Чои кабуд аз коронавирус пешгирӣ мекунад

Афроде, ки чои кабуд истеъмол мекарданд, нисбат ба дигарон камтар дучори бемории корона шудаанд

78

Дар таҳқиқоти тоза мушаххас шудааст, ки чои кабуд метавонад аз рушду паҳншавии коронавирус ҷилавгирӣ кунад .

Албата ин мутолиа ва таҳқиқи суратгирифта озмоишгоҳӣ буда ва дар раванди он ҳуҷайраҳои бадани инсон ба маводе, ки аз чои кабуд истихроҷ шуда буданд оғушта шуда ва дар наздикии вирусҳои корона, ҳатто навъи ҷаҳишёфтаи он қарор гирифтааст .

Дар ин раванди таҳқиқотӣ мушаххас шудааст модае ба номи ” EGCG ” мавҷуд дар чои кабуд метавонад аз часпидани коронавирус ба ҳуҷайраҳои бадан ва гирандаи вирус ҷилавгирӣ кунад; бинобарин вирус наметавонад ба бадан ворид ва паҳн шавад .

Дар кори таҳқиқотӣ ва мутолиъотии дигаре, ки дар кишвари Украина анҷом шуда мушаххас шудааст ки афроде ки чои кабуд масраф мекарданд, нисбат ба афроде ки чои кабуд масраф намекарданд камтари дучори бемории корона шуданд ва омори маргу мир дар байни онҳо камтар будааст .

Бо ин ҳол масрафи зиёди чои кабуд метавонад бо осебҳое ба ҷигар ҳамроҳ бошад ва беҳтар аст ҳадди аксар рӯзона ду то се финҷон чои сабз масраф шавад .

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.