Нӯшокиҳои поккунандаи заҳрҳои бадан

Бадани мо барои аз байн бурдани заҳрҳо, ба нӯшокиҳои солим ва ҳовии маводи муғазӣ ниёз дорад.

163

бадан барои аз байни бурдани заҳрҳо ва коҳиши хатари ғизоҳои чарбе, ки мехурем, ба нӯшокиҳои солими ҳовии маводи муғазии муфид ниёз дорад. Бархе аз ин нӯшокиҳо иборатанд аз:

Чои сабз

Нушидани чои сабз ба шумо кумак мекунад, то мушкилоти хурдани ғизоҳои чарб бартараф шавад.

Лимонад

Оби лимӯ ҳовии маводест, ки барои танзими фишори хун, коҳиши хатари ҳамлаи қалбӣ ё сактаи мағзӣ, танзими сатҳи қанди хун ва таҳрики гардиши хун муассир аст. Беҳтар аст, ҳангоми таҳияи оби лимӯ, ба ҷои шакар барои ширин кардани он аз асал истифода кунед.

Оби чуғундар

Оби чуғундар манбаи хубе аз витаминҳо ва маводи маъданист ва ҳовии маводест, ки заҳрҳои баданро аз байн мебарад. Илова бар ин, оби чуғундар ба беҳбуди ҳазми ғизо ва беҳбуди амалкарди ҷигар кумак мекунад. Заҳрҳои ҷамъшуда дар баданро аз байн мебарад ва ҷигарро аз заҳрҳо пок мекунад. Ҳамчунин калорияи каме дорад, бинобарин дар раванди коҳиши вазн ҳам кумак мекунад.

Оби меваҳои сабз

Пизишкон иттифоқи назар доранд, ки карам, гулкарам ва исфиноҷ аз ҷумлаи солимтарин сабзиҷот барои таҳияи оби меваҳои сабз ҳастанд. Ин оби меваҳо аз бадан заҳргирӣ карда ва аз он дар баробари мушкилоти гуворишӣ, ки пас аз хурдани ғизоҳои чарб ориз мешавад, муҳофизат мекунанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.