Барқарории адолат миёни кӯдакон

91

Барои рушд ва тарбияти дурусти кӯдак, бояд ҳуқуқе, ки кӯдакон бар падару модар доранд, ба таври дақиқ риоят гардад. Аз ҷумла ҳуқуқи кӯдакон бар волидайн иҷрои адолат миёни фарзандон аст. Кӯдак мехоҳад, ки падару модар дар зиндагӣ бо вай ба адолат рафтор кунанд ва аз ҳаргуна табъиз ва тафовути нодуруст дар бораи фарзандон парҳез кунанд. Аҳмиятнадодан ба адолат, сабаби нооромии равонӣ ва инҳирофи ахлоқии кудак мешавад ва ҳасадҳо ва интиқоми ӯро бармеангезад. Инак чанд нукта дарбораи адолат миёни кудакон баён мекунем:
А- аҳмияти адолат миёни кудакон
Адолатхоҳӣ ва баробарталаби дар инсон решаи фитрӣ ва дарунӣ дорад. Худованд таваҷҷӯҳ ба адлро дар даруни ҳар инсоне ба амонат гузорида аст, то аз ин тариқ, сабабҳои хайр ва саодати ӯ таъмин гардад.
Фитрати поки кудакон ва латиф будани табъ ва ҳассосияти рӯҳи онон инро металабад, ки падару модар ва дигар касоне ки дар зиндаги бо онҳо сарукор доранд, рафтори одилона ва дур аз ҳаргуна табъиз ва тарҷиҳи нобаҷо дошта бошанд. Паёғамбари акрам (с) дар таъкиди ин нуктаи муҳим фармуданд:
(اِعْدِلُوا بَيْنَ اَوْلادِكُمْ كَما تُحِبُّونَ اَنْ يَعْدِلُوا بَيْنَكُمْ فِى البِرِّ وَاللُّطْفِ)
Миёни фарзандонатон, адолатро риоят кунед, чунонки дӯст доред онон дар эҳсон ва лутф ба шумо ба адолат рафтор кунанд. Падару модар бояд дар ҳама корҳои кудакон, ба адолат таваҷҷӯҳи комил дошта бошанд ва дар муҳаббат ва ташвиқ ва ё танбеҳ ва сарзаниш, одилона рафтор кунанд ва ҳаргиз барои коре, ки кудак анҷон надода, ӯро сарзаниш накунанд ва дарбораи коре ки дар он гуноҳ надорад ӯро сарзаниш накунанд ва агар байни фарзандон ҷанге шуд, танҳо гунаҳкор танбеҳ шавад ва падару модар тарафи фарзанди дигариро нагиранд, агарчи ӯ майдатар ва заифтар бошад.
Риояти адолат миёни кудакон ба қадре дақиқ ва зариф аст, ки ҳатто шомили нигоҳҳо ва дустдориҳо ва бусаи падару модар нисбат ба фарзандон низ мешавад.
Падаре бо фарзандони худ назди Расули акрам (с) рафтанд: ба рӯи яке аз фарзандон буса зад ва ба фарзанди дигар, таваҷҷӯҳе накард. Паёғамбар (с) ки ин рафтори нодурустро дид, ба ӯ фармуд: “Чаро бо фарзандони худ ба таври мусови рафтор намекуни?!”
Падару модари одил ва бо инсоф, бо ҳама фарзандон, ба таври яксон рафтор мекунанд ва ҳеҷкудомро бар дигари бартири намедиҳад. Духтар ва писар, зишту зебо, калону майда, хуш истеъдоду кам истеъдод, солиму носолим, ҳамаро фарзанди худ медонанд ва байни онҳо тафовуте қоил намешаванд, ва дар навозиш ва изҳори муҳаббат, дар бузургдошт ва ъҳтиром, дар хурок ва пушок, дар ҳимоят ва тарафдори, дар бахшиш ва пулдодан, дар тақсими корҳои хона ва ҳамаи корҳо, ҳамаи фарзандонро якхел мебинанд ва бо ҳама батаври якнавохт рафтор мекунанд.
Б- Ҷилваҳои беадолатӣ
Рафтори дугона бо фарзандон ва табъиз дар муҳити хонавода ба шаклҳои мухталифе худашро нишон медиҳад, тарафдори аз як кудак, ба хусус дар вақти ҷанг, гузоштани мусобиқа ва рақобати бидуни дарназар гирифтани зарфияти рӯҳӣ ва тавони кудакон, мизони танбиҳ ва кайфияти эъмоли он нисбат ба кудакон, музойиқа дар муҳаббат нисбат ба кудакони бузургтар дар баробари фарзандони хурдсол, навозиши яке ва таваҷҷӯҳ накардан ба дигари ва ҳассосияти нисбат ба писар ва духтар …. аз ҷилваҳои табъиз ва беадолатӣ башумор меравад.
Бештари хонаводаҳо бо фарзанди писар, беш аз доштани духтар аҳмият медиҳанд ва норизоятии худро нисбат ба фарзанди духтар дар рафтор ва бархурд нишон медиҳанд. Ингуна рафтор, мавриди писанди қуръон ва сираи пешвоёни дин нест. Қуръони маҷид, вақте аз фарзанд сухан мегуяд, онро ҳадяи илоҳӣ медонад, ки касе ҳаққи чуну чаро дар ҷинсият ва буду набуди он надорад. Сипас дар ироаи сухан, нахуст аз фарзанди духтар ёд мекунад.
(يَهَبُ لِمَنْ يَشاءُ اِناثاً وَ يَهَبُ لِمَنْ يَشاءُ الذُّكُورَ اَوْ يُزَوِّجُهُمْ ذُكْراناً وَ اِناثاً وَ يَجْعَلُ مَنْ يَشاءُ عَقيماً…)
(Худованди мутаол) ба ҳаркас бихоҳад духтар мебахшад ва ба ҳарки бихоҳад писар мебахшад ва ё ҳам писар медиҳад ва ҳам духтар ва ҳаркасро бихоҳад ақим мекунад.
Ҷорудибни Манзар мегуяд: Эмом Содиқ (а) ба ман фармуд: “Шунидаам ки ту духтаре дорӣ, вале хеле аз ӯ хушат намеояд! Ӯ чи зараре ба ту мерасонад? Гуле аст, ки ӯро мебуӣ ва рузии ӯ низ мерасад. Барости ки Пайғамбари Худо (с) падари чандин духтар буд”.
Азинру, барои дастёфтан ба тарбияти дуруст ва саҳеҳи кудакон, падар ва модар бояд аз табъиз ва беадолати нисбат ба фарзандон худдори кунанд ва сабаб ва ангезаҳои табъиз монанди: таассуб ва ҳассосият дар мавриди духтар, хушмаззагиҳо ва ширинзабониҳои кудакон, пайрави ва нофармонии кудакон аз волидайн, ғурур ва худбинӣ ва дар натиҷа бетаваҷҷӯҳи ба кудакон, ғафлат ва бехабарӣ аз наҳваи бархурд ва билахара ҷаҳли падар ва модар ва мураббиён ба ҳуқуқи кудакро аз байн бибаранд, ва заминаи рушди кудакро фароҳам созанд.
В- Асарҳо ва аворизи беадолатӣ
Беадолатӣ миёни кудакон, ба ҳар иллат ва далиле ки бошад, паёмҳои баде дорад. Бархе аз онҳо иборатанд аз:
Эҳсоси бадбинӣ
Ҳаргоҳ дар муҳити хонавода ва ё иҷтимоъ, падар ва модар ва мураббиёни тарбиятӣ ва афроди ҷомеа, нисбат ба кудакон табъиз раво доранд ва дар муҳаббат ва навозиш ва ё ироаи хадамот ва … адолатро риоят накунанд, тухми бадбинӣ дар дили кудак кошта мешавад ва бо эҳсоси маҳрумият аз имконот ва мазоёи марбут ба худ, ба падар ва модар ва дигар сарпарастони умур бадгумон шуда, сар аз нофармони ва туғён дармеоварад ва барои ҷуброни камбудҳое ноши аз беадолатӣ, суроғи паноҳгоҳи дигаре мегардад, гарчи номутмаин бошад.
Эҳсоси пастӣ ва фурумоягӣ
Ҳаргоҳ кудак дар зиндагии рузмарра бо беадолатӣ рубарӯ шавад, худро нисбат ба дигарон ҳақир ва пасттар мебинад, агар ин эҳсоси фурумоягӣ дар ӯ амиқ ва решадор гардад, оромиш руҳии худро аздаст медиҳад ва бо хастагӣ ва чеҳраи хаста дар иҷтимоъ ошкор мешавад.
Вақте кудак бубинад, ки дар муқоиса бо дигар кудакон ва ё нисбат ба бародар ва хоҳараш, ба ӯ таваҷҷӯҳе намешавад ва ҳамонанди дигарон аз меҳру муҳаббат бархурдор нест, заминаи пайдоиши ҳасодат дар ӯ фароҳам мешавад.
Интиқом
Беадолатӣ миёни фарзандон, мояи эҳсоси маҳрумият аз ишқ ва алоқа мешавад ва сабаби кина, хашм ва гуноҳи ононро падид меоварад ва оҳиста оҳиста кинатузӣ ва интиқомҷу хоҳанд шуд. Азин рӯ, гуфтаанд: бисёре аз ҷурмҳо ва бадкориҳо, ноши аз беадолатии падару модар дар даврони кудакӣ аст ва чи бисёранд ҷинояткороне, ки тавҷиҳи ҷи нояти онон ҷуз уқдасозиҳое ноши аз табъиз нест.
Озодии кӯдак
Яке дигар аз авомили рушди кудак, ки дар эътимод ба нафс, истиқлол ва шахсияти фардӣ ва иҷтимоии ӯ таъсир бесазое дорад, озодии кудак дар анҷоми корҳои кудакона, раҳоии ӯ аз завобити хушку беруҳ ва муқаррароти дасту погир ва ғайри зарури аст. Кудакон бояд озод бошанд то битавонанд ҷасту хезе дошта, бо ҳаракат ва талош ҷиҳати аҳдофи мавриди назар, ба рушди ҷисмонӣ ва шодобии лозим даст ёбанд.
Албаттта озодии кудак ба маънои бебанду борӣ, усёнгарӣ, қонуншиканӣ ва фирори ӯ аз маҳдудиятҳо ва қавонини иҷтимоӣ нест, балки ба маънои набудани иҷборҳост.
Кудак барои рафъи душвориҳо ва ниёзҳои фардӣ ва ба роҳ андохтани фикр ва ирода, ва таҷриба омузию дифоъ аз хештан ниёзи зарурӣ ба озодӣ дорад ва агар аз азодии лозим бархурдор набошад ва ҳамеша таҳти инзиботи шадиди падару модар қарор гирад ва чархи амал ва андешаи ӯ бо занҷирҳои гуногун баста шавад, аз рушди табии худ боз монда, дучори рукуд ва ақибмондаги мешавад ва зарбаи асоси ба саодат ва хушбахтии ӯ ворид меояд.
А- ҳудуди озодии кудак
Гарчи озодии кудак доманаи васеъ дорад ва шомили озодии ҷисм ва рӯҳ, фикру ақида, муошират ва рафоқат, бозию истироҳат ва … мешавад ҳаряк аз онҳо барои маҷмуаи шахсияти кудак мояи рушд ва камол аст, вале озодии мутлақ барои кудакон писандида нест. Ҳамонгуна ки салби озодӣ ва маҳдудиятҳои ифротӣ дар озодӣ барои кудак зиёнбахш аст ва сабаби саркуби хостаҳо, таслими ӯ, эҷоди хушунат, аз кор уфтодани ибтикор ва фароҳам омадани заминаи нороҳатии асабии ӯ мешавад, озодии комил низ барои ӯ зараровар аст, чун чунин равише сабаби ба вуҷуд омадани дудилӣ дар рафтор, аз байнрафтани озодии дигарон ва бавуҷуд омадани ҳарҷу марҷ дар байни кудакон мегардад.
Озодии беш аз ҳад дар анҷоми корҳо, кудакро шахси худхоҳ, диктатур ва зургу, мекунад, ки барои дигарон ҳаққе намешиносад, роҳатиро аз падару модар мегирад, ба бародару хоҳар ва хешону дустон ва ҳамсоягон озору азият мерасонад, хостаҳои ӯ ба зиёдаравӣ мекашад ва ӯро ба фасоду табоҳи мекашонад.
Кудаке ки озодии комил дошта бошад, ҳақи дахолат ва назорати падару модарро зойеъ хоҳад кард, ончиро ки ӯ ба фоидаи худ ташхис диҳад, амал мекунад ва ин кор оҳиста оҳиста сабаб мешавад ки ӯ аз бархурд бо воқииятҳои зиндагӣ худдори намояд ва поро аз гилеми худ дарозтар кунад.
Ногуфта намодан, ки кудак бояд дар сояи бархурди мантиқӣ ва рафтори ҳисобшудаи падару модар ба риояти завобит дар муҳити хонавода одат кунад ва бо вогузории масъулият ба таносуби рушд, сину сол, ҷинс, дарку фаҳм, қудрати ҷисмонӣ ва зарфияти руҳӣ ба анҷоми корҳои қонунманд ташвиқ гардад. Илова бар он, риояти ҳудуди озодӣ бо рушди оҳиста оҳистаи кудак созгор аст, чун кудак бо табъи озоди худ майл дорад, ҳарҷоки мехоҳад биравад ва ҳарчиро ки мебинад бардорад ва ҳар чизеро ки моил аст бихурад ва аз музоҳимати мураббии донои худ хашмгин мегардад. Вале вақте аз баланди меафтад ва зарар мебинад, вақте даст ба оташ мезанаду месузад, вақте худро ба об меандозад ва нафасаш қатъ мешавад, вақте бар асари ғизои носолим бемор шуда ва аз дарду таб нороҳати мекунад, мефаҳмад онтавре ки мехоҳад озод нест ва наметавонад ба ҳамаи хостаҳои худ ҷомаи амал бипушонад. Ӯ ба ҳар нисбате, ки рушд мекунад ва фаҳмаш зиёд мешавад ба маҳдудияти худ бештар пай мебарад.
Аз назари таълимҳои динӣ, кудак бояд бардагиҳо ва шартҳои беҳисоб озод бошад, касе аз ӯ тавақуи нодуруст надошта бошад, худро арбоб ва соҳиб ихтиёри ӯ надонад ва дар роҳи пешравии ӯ ба сӯи хостаҳои ба ҳаққи кудаконааш, моние эҷод накунад. Пайғамбари ислом (с) барои нафйи муқаррарот ва маҳдудиятҳои бемаврид дар замони кудакӣ ва бархудории кудакон аз озодӣ фармуданд:
(اَلْوَلَدُ سَيِّدٌ سَبْعَ سِنينَ وَ عَبْدٌ سَبْعَ سِنينَ وَ وَزيرٌ سَبْعَ سِنينَ)
“Кудак ҳафт соли аввал фармондеҳ, ҳафтсоли дуввум фармонбардор ва ҳафтсоли севвум мушовир ва ёвари падару модар аст.”
Б- шароит ва мавонеи озодии кудак
Озодии кудак бояд мутаносиб бо муҳити зиндаги, руҳия ва маслиҳати фардӣ ва хонаводагии ӯ бошад. Азин ру, падару модар дар озодгузоштани кудак бояд ҳадди васат аз ифрот ва тафритро дарназар дошта бошад ва шароити зерро дар назар бигиранд:
1-    Озодӣ дар заминаи ғароиз, шаҳватҳо, хостаҳои нафсонӣ, машрут ва муқаяд бошад.
2-    Иҷозаи озодӣ ба миқдори лиёқат ва зарфияти кудак бошад.
3-    Ирзои хостаҳо бо истифода аз озодӣ таҳти кантрол ва назорати падару модар бошад.
4-    Таносуби син, ҷинс, дарк, истеъдоди кудак дар иҷозаи озодӣ бояд мавриди назар бошад.
5-    Ташхиси ақлонии кудак дар заминаи рафъи ниёзи фардии ӯ, ҳадде барои озодии ӯ хоҳад буд.
6-    Озодии кудак бояд дар шароит ва имконоте сурат гирад, ки ӯро қавитар дар баробари умури муқовимтар ва дар тасмимгириҳо ва ба кор бурдани тасмимҳо муваффақтар созад.
Бо талош дар таъмини озодии кудак, бояд талошу кушиш намуд, ки мавонии озодӣ ва корҳое, ки сабаби салби озодии ӯ мегардад, бартараф шавад.
Бархе аз мавонии озодии машруъ ва мутаносиби кудак бадин шарҳ аст:
1-     Ифрот дар муҳаббат, ки заминаро барои вобастагии шадид ва асорати кудак фароҳам меоварад.
2-    Асири тамоюлот ва хостаҳо шудан ба тавре, ки ҳарчи дилаш хост амал кунад. Ин кор, дар мароҳили баъди муҷиботи гуноҳро фароҳам меоварад.
3-    Суи истифода аз озодиҳои эътои ва баҳрамандии ғалат ва нодуруст аз он, ки моние барои дастёби ба озодиҳои баъди аст.
4-     Риоят накардани завобит ва муқаррароту масоили инзиботи дар хона ва нофармони аз ончи ки бояд итоат кунад.
5-    Табоҳӣ ва фасод ва бетаваҷҷӯҳи ба завобити ахлоқӣ.
6-    Ҷаҳлу нодонӣ нисбат ба кайфияти масрафи озодиҳо эътоӣ.
Умури ёдшуда ва мавориди дигар, монеи озодӣ ҳастанд ва падару модар бо мушоҳидаи ҳар як аз мавориди зикр шуда бояд бар доманаи озодии кудак гиреҳе бизананд ва ӯро ду бора бар сари марз оваранд, то бо риояти ҳудуди озодӣ ва кайфияти корбурдии он, шахсияти кудак ва рушду боландагии ӯ таъмин шавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.