Паймони заношӯӣ

201

Вақте миёни зану мард паймони заношуйи баста шуд зиндагии якнафараи онон ба як зиндагии муштараки иҷтимоӣ табдил мешавад. Он паймони муқаддас бадон маъно аст, ки зану шавҳар қавл медиҳанд ки то охари умр боҳам бошанд. Дар иродаи зиндагии муштарак баҳам кӯмак расонанд. Барои рифоҳу осойиши ҳамдигар кушиш намоянд.

Ёру мунис ва ғамхори ҳам бошанд. Дар ҷавони ва пирӣ, дар тавоноию нотавонӣ, дар вақти саломату  беморӣ, дар хушиҳову сахтиҳо, дар ҳоли фақру тангдастӣ ва ғинову дороӣ, дар ҳамаҳол боҳам бошанд.

Инсоният ва шарофат мегӯяд, ки зан ва шавҳар то охири умр бадин паймони муқаддас вафодор бошанд. Ва дар мушкилоти зиндагӣ ва ҳаводиси рӯзгор аҳди худро фаромуш накунанд. Духтаре, ки дар вақти ҷавони ва шодобӣ хоҳон дорад дасти рад ба синаи ҳама мезанад ва ҳастии худро танҳо дар ихтиёри шавҳар қарор медиҳад, ба он умед, ки то охири умр дар паноҳи ӯ зиндагӣ кунад. Расми мардонагӣ набошад, ки вақти пирӣ ва аз байн рафтани шодобӣ ҳамсарашро танҳо бигузораду ба фикри зани нав ё беҳудагардӣ барояд.

Дар вақти надорӣ ва тангдастӣ бо шавҳараш месозаду дар хонааш заҳмат мекашад ва бихуру нахур мекунад бадон умед, ки зиндагии онон сару сурате пайдо кунад ва то охири умр дар рифоҳу осойиш бошанд, расми вафо набошад, ки мард вақте вазъи иқтисодии худро мураттаб дид ва сарвате захира кард ба фикри зангирифтан биюфтад ё ҳамсарашро дар хона гузошта дунболи хушгузаронӣ биравад.

Дар вақти саломат ва тавонойи бидуни музд ба андозаи чанд каниз дар хонаи шавҳар заҳмат мекашад, бадон умед, ки ба ҳангоми тавоноӣ ва беморӣ аз кумакҳо ва парасториҳо ва дилҷуиҳои ӯ бархурдор гардад на инки ӯро раҳо кунаду ба фиқри хушгузаронии худаш бошад.

Баъзе мардҳо воқиан отифа ва мардонагӣ надоранд. Дар вақте ки ҳамсарашон ҷавон ва шодоб ва солим аст аз ӯ истифода мекунанд лекин баъдан ӯро раҳо карда дунболи хушгузаронӣ мераванд. Ё ба баҳонаҳои бисёр пуч ӯро талоқ медиҳанд. Ба намунаҳои зер таваҷҷӯҳ фармоед:

Марде занашро ба баҳонаи шумӣ талоқ медиҳад, зеро баъд аз арусӣ падари шавҳар вафот мекунад ва тағоии ӯ ба варшикаст мубтало мегардад.

Марде дар баёни иллати талоқи занаш мегӯяд: чи иллате беҳтар аз инки туро дӯст надорам. Бо инки қаблан ба унвони ишқ бо ӯ издивоҷ намуда буд.

Зане алайҳи шавҳараш шикоят кард, ки муддатҳо бо буду набуди шавҳарам сохтам ва бо ниҳояти талош ба ӯ хизмат кардам. Аммо ҳоло, ки бемор шудаам маро аз хона берун карда мегӯяд: зани бемор намехоҳам.

Оқои муҳтарам ту ҳайвон нести, ки худхоҳӣ ва хурдан ва шаҳватронӣ чизе сарш намешавад. Ту инсон ҳасти. Инсон бояд виҷдон ва раҳм, отифа ва аз худгузаштагӣ дошта бошад.

Духтари бегуноҳе бахотири ту даст аз падару модар ва тамоми хешовандон бардошт ва ҷавонӣ, шодобӣ ва сармояи иффату зебогии худро дар ихтиёри ту ниҳод.

Ҳаргуна ранҷу заҳматро дар зиндагии муштарак таҳаммул намуд, бо дору надори ту сохт ва ҳаргуна ранҷу маҳрумиятеро таҳаммул кард, оё сазовор аст ӯро раҳо кунӣ ва ба дунболи хушгузаронӣ боши? Бадин амал ба ӯ ситам мекунӣ ва ситамкор дар ҳамин дунё сазовори аъмолашро хоҳад дид.

Фарзандонат аз ин кор ранҷидахотир мешаванд ва ҳар рӯз ба як навъ асбоби музоҳимат ва нораҳатӣ бароят фароҳам хоҳанд сохт. Агар ҳамсарат бемор аст, табобаташ кун то солим шавад ва дар фарзандонаш парасторӣ кунад. Агарҳам қобили илоҷ нест мардонагӣ ва фидокорӣ нишон бидеҳ ва то зинда аст беҳтар аст ба хотирӣ ҳамсару фарзандонат зани дигаре ихтиёр накунед. Виҷдонат рози нашавад он бечораро озурдахотир гардонӣ. Агар худат ҷои ӯ буди ва ба бемории сахте гирифтор мешуди чи интизоре аз ӯ доштӣ? Ӯ ҳам ҳамин интизорро аз ту дорад.

Агар вақти бемории ҳамсарат мушкиле эҷод кунад ва дархости ҷудоӣ кунад оё кори хубе мекунад? Ё инки назди ту ва дигарон зани худхоҳ ва бевафое муаррифӣ мешавад?

Агар вафодорӣ ва азхудгузаштагӣ хуб аст туҳам вафодор бош.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.