Иди Қурбон дар аҳодиси набавӣ

63

Иди Қурбон дар аҳодиси набавӣ

Дар ин матлаб, бархе аҳодиси набавӣ дар мавриди фазилати Иди Қурбон ва қурбонӣ карданро мунташир мекунем.

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Худованд Иди Қурбонро қарор дод то мустамандон аз гӯшт сер шаванд; пас аз гӯшти қурбонӣ ба эшон бидиҳед”.

Инчунин дар ривояти дигаре фармудаанд: “Бо рехтани аввалин қатраи хуни қурбонӣ ба замин, соҳиби қурбонӣ омурзида мешавад”.

Дарривояти дигаре низ ба ҳамин маъно фармудаанд: “Ҳар кас нияташ содиқ бошад, аввалин қатра аз хуни қурбониаш, каффораи ҳамаи гуноҳони ӯст”.

Дар ривояти дигаре аз Имом Муҳаммади Боқир(р) нақл шудааст: “Худованд қурбонӣ кардан ва итъом карданро дӯст медорад”.

Дар ривояти дигар омадааст: “Қурбонӣ кардани ҳоҷӣ фидяи ӯ дар баробари оташ хоҳад буд”.

Паёмбари Худо(с) фармуданд: “Худованд дар рӯзи Иди Фитр ва Иди Қурбон, ба замин бо иноят менигарад. Пас, аз хонаҳоятон берун оед, то раҳмат ба шумо бирасад”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.