ИДИ ҚУРБОН – зеботарин ҷилваи бандагии Худованд

202

Иди Қурбон ёдовари зеботарин намунаи тааббуди инсон дар баробари Худованди Мутаол аст. Иди Қурбон, иди фидокорӣ, исор, қурбонӣ, ихлос ва ишқ аст. Фидо кардани фарзанди дилбанди худ, дар роҳи Худо, имтиҳони илоҳӣ барои ҳазрати Иброҳим(а) буд, ки иди Қурбон ёдовари он аст.

Ислом низ хостааст, ки мусалмонон ҳар сол Иди Қурбонро ҷашн гиранд то ин усул ва арзишҳои илоҳиро мадди назар дошта бошанд ва барои табаият аз дастури Худованд ва ризояти илоҳӣ омодаи ҳар гуна исору фидокорӣ бошанд.

Исору фидокории падаре ба номи Иброҳим ва писаре ба номи Исмоил, ки ҳар ду аз бандагони бузурги Худованд буданд. Иброҳим аз ҷониби Парвардигор маъмури қурбонӣ кардани фарзанди идлбандаш Исмоил шуд. Ҳангоме ки Иброҳим фармони илоиҳро ба писараш расонд, Исмоил гуфт: Падарҷон, фармони Худоро иҷро кун, ки маро аз собирон хоҳӣ ёфт…

Қуръони Карим зимни баёни достонҳои омӯзанда, ки аз муҳимтарин барномаҳои тарбиятии он китоби илоҳист, намунаҳое аз мақомоти волои инсонҳои воқеиро нишон медиҳад, то ҳадаф аз ин дастуроти матини осмониро ба башар бифаҳмонад. Ҳадаф қурбонӣ намудани фарзанд ва ё зебҳи гӯсфанд нест, балки ҳадаф, парвариши афкори ноб, дилҳои пок ва ҷонҳои муназзаҳ аст. Худованд дар Қуръони Карим мефармояд: Пас ҳамин ки Иброҳим ва Исмоил сари таслим фуруд оварданд ва Иброҳим ӯро бар пешонӣ бар замин хобонид, нидояш додем, ки: эй Иброҳим, ба ҳақ, тасдиқи маъмурият дар хоб намудӣ ва мо ба некӯкорон инчунин подош медиҳем.

Ин гуна буд, ки Иброҳим ва Исмоил ба умуми ҷаҳониён нишон доданд, ки ончи арзиши гавҳари нисониятро боло мебарад ва ӯро мавҷуди шарифе мегардонад, ҳамон ҳолати хузӯъ ва таслим дар баробари Ҳақ таолост.

Имрӯз низ ҳоҷиён дар мавсими ҳаҷ ба даргоҳи Худованд қурбонӣ мекунанд то бигӯянд: Худовандо, мо низ чун Иброҳим таслими туем. Пас дар ин рӯз занҷирҳои асорату тааллуқотро мебурем то ба ту наздик шавем.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.