Иди Саъиди Қурбон муборак!

180

Бар пайкари олами вуҷуд ҷон омад

Сад шукр, ки имтиҳон ба поён омад

Аз лутфи Худованди Халилур Раҳмон

Як иди бузург ба номи Қурбон омад.

***

Иди Қурбон намунаи ошкоре аз сар супурдан барои расидан ба сарбаландист.

Дар торих, ин рӯз гиреҳ хӯрдааст ба номи мубораки Иброҳими Халил. Дар ин рӯз, Иброҳими Халил, Исмоилашро ба қурбонгоҳ овард ва ҳаққи бандагии хешро дар пешгоҳи Худованд адо намуд ва Худованд низ ӯро ба олитарин дараҷоти бандагӣ сарафрозаш сохт.

Қурбонӣ, ҳамон чизест, ки василаи тақарруб ва наздикии бештари банда ба Худованд бошад ва он чиз хоҳ забҳи ҳайвоне бошад ё садақоти дигар, дар сурати мақбули даргоҳи ҳақ шудан, боиси наздикии банда ба Худованди хеш хоҳад шуд. Албатта ҳар некӣ ва амали хайре, ки боиси наздикӣ ва қурби раҳмати илоҳӣ бошад, қурбонӣ шумурда мешавад. Ва фидо кардани мол ва инфоқи он, дар роҳи Худо, аз ҷумлаи асрор ва ҳикматҳои қурбонӣ дониста мешавад.

Таманнои инро дорем, ки хоки Арафоту нӯшидани оби Замзам, ҷуръати Иброҳим ва тоқати висоли маъшуқро соҳиби Каъба насибатон гардонад.

Иди раҳоӣ аз асорати нафс, иди забҳи меваи дил, иди исору гузашт, иди лаббайк ба даъвати Ҳақ бар шумо азизон муборак бод!

***

Иди Қурбон аст, эй ёрон, гулафшонӣ кунед

Дар минои дил вуқуф аз ҳаҷҷи руҳонӣ кунед

То наяфтодаст ҷон дар панҷаи гурги ҳаво

Гӯсфанди нафсро гиреду қурбонӣ кунед.

Сомонаи Хонаводаи намуна ҳамаи шуморо ба Иди саиди Қурбон табрик мегӯяд

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.