Бунёди тарбияти кўдак

99

Хонавода нахустин рукни асосии парвариши кўдакони солеҳ аст. Зербинои шахсияти кўдак дар хонавода сиришта мегардад ва аз ин рў, ҳуқуқи кўдак бар хонавода ба ду бахш тақсим мешавад: ҳуқуқи қабл аз таваллуд ва ҳуқуқи баъд аз таваллуд.

Бар ин поя аз манзари Ислом масъулияти падару модар нисбат ба фарзанд пеш аз таваллуд оғоз мешавад ва кўдак ҳатто пеш аз он ки мутаваллид мешавад, бар падару модари худ ҳуқуқе дорад, ки агар риоят нагардад, осори таълиму тарбияти ў коҳиш меёбад.

Раҳнамудҳои пешвоёни Ислом дар ин замина дар бахши аввали Ҳикматномаи кўдак дар чаҳор фасл омадааст:

1. Сомондеҳии хонаводаи солеҳ

Дар инҷо зимни табйини арзиши фарзандхоҳӣ ва аҳамияти ташкили хонавода, ин нукта мавриди таъкид қарор гирифтааст, ки ҷинсияти фарзанд аҳамияте надорад, ки духтар бошад ё писар. Он чӣ муҳим аст, саломату шоистагии фарзанд аст ва аз он ҷо ки навзодони духтар ғолибан мавриди номеҳрубонӣ будаанд, пешвоёни Ислом нисбат ба лутфу муҳаббат ба онон, суфориши фаровоне кардаанд.

Қуръони Карим тасреҳ мекунад, ки кўдакони аҳли имон дар сарои ҷовид ба хонаводаи худ дар биҳишт мепайванданд ва ин гуна хонаводаҳои солеҳпарвар мавриди тақдиру ташвиқ қарор мегиранд.

Дар муқобил ривоёти исломӣ нисбат ба хатари фарзандони носолеҳ ба шиддат ҳушдор дода ва аз онон ба унвони сахттарин масоиби хонавода ёд кардаанд.

2. Контроли ҷамъият аз дидгоҳи Ислом

Бо тааммул дар он чӣ зикр шуд, маълум мешавад, ки мақсуд аз аҳодисе, ки мусулмононро ба касрати фарзандон ташвиқ менамоянд, барномарезӣ барои парвариши ҳарчи бештари фарзандони солиму солеҳ ва сохтани ҷомеаи намуна аст ва дар ин сурат на танҳо Ислом бо контроли рушди ҷамъият мухолиф нест, балки аз афзоиши ҷамъияти ҷомеаи илоҳӣ ҷонибдорӣ менамояд, аммо дар шароите, ки ба далели мушкилоти иқтисодӣ ва мафосиди фарҳангӣ, хонаводаҳо тавони солеҳпарварӣ надоранд, бидуни тардид касрати фарзандон матлуб нест ва ниёз ба барномарезӣ барои контроли ҷамъият вуҷуд дорад.

Бинобар ин, бар асоси раҳнамудҳои пешвоёни Ислом, давлати исломӣ ва хонаводаҳои мусулмон муваззафанд, ки барои афзоиши ҷамъияти ҷомеаи исломӣ бо иноят ба тавони иқтисодию фарҳангии худ, барномарезӣ намоянд ва дар сурате, ки ба ҳар далел парвариши инсонҳои солеҳ бо афзоиши ҷамъият мунофот пайдо кард, монеи рушди ҷамъияти носолеҳ шаванд.

3. Нақши виросат

Дар инҷо нақши мусбат ва ё манфии виросат дар созандагии шахсияти кўдак аз забони пешвоёни Ислом баён шудааст, ки кўдак на танҳо меросдори хусусиёти зоҳирию ҷисмии падару модар аст, балки вижагиҳои рўҳию ботинии онон (монанди: шуҷоат, саховат ва ҳусни хулқ) ба фарзандон мунтақил мегардад.

Нуктаи қобили таваҷҷўҳ ин ки аз манзари ривоёти исломӣ нақши виросатии модар дар фарзанд беш аз падар аст ва касоне ки мехоҳанд фарзандони солим, нерўманд, зебо ва солеҳе дошта бошанд, бояд дар интихоби ҳамсар диққат кунанд.

4. Нақши таоми падару модар

Муҳимтарин раҳнамуди пешвоёни Ислом дар ин замина ҳушдор нисбат ба нақши вайронгари таоми ҳаром аст. Нутфае, ки аз таоми ҳаром ташкил шудааст, заминасози бисёре аз олудагиҳо ва инҳирофоти кўдак аст. Хонаводаҳое, ки моиланд фарзандони онон саодатманд бошанд, бояд аз таоми ҳаром иҷтиноб кунанд, махсусан модарон дар даврони бордорӣ бояд бештар мувозиби таоми худ бошанд ва дар меҳмониҳое, ки таоми онҳо шубҳанок аст, ширкат накунанд.

Илова бар ин, хўрдани бархе меваҳо ва таомҳо пеш аз инъиқоди нутфа ба падарон ва дар айёми бордорӣ ва нифос ба модарон тавсия шудааст, ки дар матни Ҳикматнома омадааст.

5. Нақши чигунагии омезиш

Аз нигоҳи Ислом машрўъ будани омезиши ҷинсӣ ва номашрўъ будани он, нақши асосӣ дар хусусиёти мусбат ва ё манфии кўдак дорад.

Аз нигоҳи Паёмбари Худо (с), нахустин неъмати илоҳӣ ба инсон, ҳалолзодагӣ ва покии вилодат аст. Бисёре аз мафосиди иҷтимоӣ, ҳосили базаҳкории маволиди номашрўъ аст. Албатта ин ба он маъно нест, ки маволиди номашрўъ наметавонанд роҳи дурустро барои зиндагӣ интихоб кунанд, лекин бетардид интихоб ва роҳи саҳеҳи зиндагӣ барои онон душвор аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.