Арзиши ҷавонӣ

118

Арзиши ҷавонӣ

Қуръон

Худост он зоте, ки шуморо ибтидо нотавон офарид, онгоҳ пас аз нотавонӣ қувват бахшид, сипас баъд аз қувват нотавонию пирӣ дод. Ҳарчи бихоҳад меофаринад ва ҳам ўст доно ва тавоно.[1]

Ў ҳамон зоте аст, ки шуморо аз хоке офарид, сипас аз нутфае, онгоҳ аз алақае ва баъд шуморо (ба сурати) кўдаке бармеоварад, то ба камоли қуввати худ бирасед.[2]

Ҳадис

1. Имом Алӣ (а): Арзиши чаҳор чизро ҷуз чаҳор гурўҳ намешиносанд: Арзиши ҷавониро ҷуз пирон намешиносанд;[3] арзиши оромишу осоишро ҷуз гирифторон намешиносанд; арзиши саломатиро ҷуз беморон намешиносанд ва арзиши зиндагиро ҷуз мурдагон намедонанд.

2. Имом Алӣ (а): Бартарии арзиши ду чизро ҷуз онон, ки онҳоро аз даст диҳанд, намешиносанд: ҷавонӣ ва оромиш.

3. Имом Алӣ (а), дар девони мансуб ба эшон:

Ду чиз аст, ки агар чашмон бар он хун бигирянд,

То ба марзи кўрӣ бирасанд,

Ба якдаҳуми сазояшон нарасидаанд,

Аз даст додани ҷавонию ҷудоӣ аз дўстон.

4. Имом Алӣ (а), дар девони мансуб ба эшон:

Бар ҷавонӣ чун ки бигзашт гиря кардам,

Кош ҷавонӣ ба сўи мо бармегашт.

Агар ҷавонӣ ба фурўш мерасид,

Ба фурўшандааш ҳарчи мехост медодам.

Лекин ҷавонӣ чун бар ситеғи кўҳҳо нишинад,

Ба даст оварданаш душвор аст.

2. Ғанимат донистани ҷавонӣ

Қуръон

Ва бо он чӣ Худоят додааст, сарои охиратро биҷўй ва саҳми худро аз дунё фаромўш макун.[4]

Ва онон дар он ҷо фарёд мебароваранд: Парвардигоро! Моро берун биёвар, то ғайр аз он чӣ мекардем, кори шоиста кунем. Магар шуморо (он қадар) умри дароз надодем, ки ҳар кас бояд дар он ибрат гирад, ибрат мегирифт ва (оё) барои шумо ҳушдордиҳандае наёмад?[5]

Ҳадис

5. Паёмбар (с) дар супориш ба Алӣ (а): Эй Алӣ! Чаҳор чизро пеш аз чаҳор чиз дарёб: ҷавониятро пеш аз пирӣ ва тардурустиятро пеш аз беморӣ ва бениёзиятро пеш аз ниёзмандӣ ва зиндагиятро пеш аз марг.

6. Паёмбар (с): Банда бояд барои сарои охираташ аз дунё ва барои маргаш аз зиндагӣ ва барои пирияш аз ҷавонӣ тўша баргирад, зеро дунё барои шумо офарида шудааст ва шумо барои охират офарида шудаед.

7. Паёмбар (с): Эй мардум! Барои шумо нишонаҳое аст, ба сўи онҳо ҳаракат кунед. Ва барои шумо поёне аст, ба сўи он бишитобед. Ба ростӣ, ки мўъмин миёни ду ҳарос қарор дорад: рўзе, ки (бар ў) гузаштааст ва намедонад, ки Худованд чӣ гуна дар борааш доварӣ мекунад ва рўзе, ки боқӣ мондааст ва намедонад, ки Худованд бо ў чӣ хоҳад кард. Пас банда бояд аз худ барои хеш моя баргирад ва аз дунёяш барои сарои охират ва аз ҷавонияш барои пирӣ ва аз тандурустияш барои беморӣ ва аз зиндагияш барои марг. Савганд ба он ки ҷонам дар дасти ўст, пас аз марг роҳе барои касби хушбахтӣ ва пас аз дунё сарое ҷуз биҳишт ва дўзах нест.

8. Паёмбар (с): Корҳо дар гарави замони хешанд.

9. Имом Алӣ (а): Ҷавониятро пеш аз пирӣ ва тандурустиятро пеш аз беморӣ дарёб.

10. Имом Алӣ (а): Фурсатро пеш аз он ки андўҳ гардад, дарёб.

11. Имом Алӣ (а): Чӣ наздик аст дунё ба нобудӣ ва ҷавонӣ ба пирӣ!

12. Имом Алӣ (а): Он ки фардоро аз умри хеш бишморад, маргро дар ҷои шоистае қарор надодааст.

13. Имом Алӣ (а): Аз фурсатҳои хуб баҳра гиред, зеро монанди гузари абрҳо мегузарад.

14. Имом Алӣ (а)-дар бораи ояти «Ва саҳми худро аз дунё фаромўш макун»[6]-: (Яъне) саломатӣ, тавоноӣ, фурсат, ҷавонӣ ва шодобиятро фаромўш макун, то бо онҳо охиратро ба даст оварӣ.

15. Имом Содиқ (а)-дар бораи ин сухани Худованди азза ва ҷалла: «Магар шуморо (он қадар) умри дароз надодем, ки ҳар кас бояд дар он ибрат гирад, ибрат мегирифт?»[7]-: (Ин сухан) сарзаниши 18 солаҳост.

16. Танбеҳ-ул-хавотир: Исо (а) ҳаргоҳ бар ҷавонон мегузашт, ба онон мефармуд: «Чӣ бисёр зироатҳо, ки ба бардошт нарасиданд» ва ҳаргоҳ бар пирон мегузашт, мефармуд: «Зироате, ки вақти бардошташ мерасад, танҳо дарав шудан дар интизори он аст».

3. Ганҷинаҳои рўзгор

17. Паёмбар (с): Дар қиёмат барои ҳар рўз аз айёми умри бандагон, 24 парванда ба теъдоди соатҳои шабонарўз кушода мешавад. (Банда) парвандаеро пур аз равшанӣ ва шодӣ меёбад ва аз диданаш чунон шодию фараҳ ба вай даст медиҳад, ки агар бар дўзахиён тақсим шавад, эҳсос кардани ранҷи оташро аз онон бозмедорад ва ин соате аст, ки Парвардигорашро дар он итоат кардааст. Сипас парвандаи дигаре кушода мешад ва (банда) онро торику бадбў ва тарсовар мебинад ва аз мушоҳидааш чунон бетобию тарс бар ў даст медиҳад, ки агар бар биҳиштиён тақсим гардад, хуширо аз онон бозмеситонад ва ин лаҳзаҳое аст, ки Парвардигорашро дар он нофармонӣ кардааст. Сипас парвандаи дигаре барояш кушода мешавад ва онро холӣ мебинад, на чизе дар он аст, ки ўро шодмон кунад ва на чизе, ки нороҳат созад ва ин соате аст, ки хобида ва ё ба корҳои мубоҳи дунё саргарм будааст. Онгоҳ ба ҷиҳати аз даст додани ин лаҳзаҳо эҳсоси ҳасрату таассуф ба ў даст медиҳад, зеро метавонист онро аз некиҳои бешумор пур созад ва ин сухани Худованд: «Он (рўз), рўзи ҳасрат хўрдан аст»,[8] ба ин ишора дорад.

4. Талоши хастагинопазир дар роҳи камол

18. Паёмбар (с): Дунё соате аст, пас онро барои итоати (Худованд) қарор деҳ.

19. Имом Содиқ (а): Ҳар кас ду рўзаш баробар бошад, мағбун (фиребхўрда) аст ва ҳар кас дуввумин рўзаш бадтар бошад, малъун (лаънатшуда) аст. Ҳар кас пешрафтро дар худ набинад, ба нуқсон наздиктар аст ва ҳар кас ба нуқсон наздиктар бошад, марг аз зиндагӣ барояш беҳтар аст.

5. Ҳисобрасии рўзгори ҷавонӣ

20. Паёмбар (с): Одамӣ дар рўзи қиёмат аз назди Худованд қадаме барнамедорад, ҷуз он ки дар бораи панҷ чиз аз ў пурсиш мешавад: аз умраш, ки дар чӣ роҳе сипарӣ кардааст ва аз ҷавонияш, ки дар чӣ роҳе ҳадар додааст ва аз сарваташ, ки чӣ гуна ба даст овардаасту чӣ гуна харҷ кардааст ва аз ин ки донистаҳояшро чӣ гуна амал кардааст.

21. Паёмбар (с): Банда дар рўзи қиёмат қадаме бар намедорад, магар он ки аз чаҳор чиз пурсида мешавад: аз умраш, ки чӣ гуна сипарӣ сохтааст ва аз ҷавонияш, ки чӣ гуна ҳадар додааст ва аз сарваташ, ки аз куҷо ба даст овардааст ва чӣ гуна харҷ кардааст ва аз дўстии мо Аҳли Байт.

22. Имом Ҳасан (а)-аз андарзҳои Луқмон ба фарзандаш-: Бидон, фардо, ки дар баробари Худованди азза ва ҷалла қарор гирӣ, аз чаҳор чиз пурсида мешавӣ: ҷавониятро дар куҷо нобуд сохтӣ; умратро дар куҷо сипарӣ кардӣ; сарвататро аз куҷо ба даст овардӣ ва онро дар куҷо харҷ намудӣ. Пас барои он рўз омода бошу посухашро фароҳам соз.

[1] Сураи Рум, ояти 54.

[2] Сураи Ғофир, ояти 67.

[3] Масали ҳакимонае мегўяд: «Оҳ! Эй кош, ҷавон медонист ва эй кош пир метавонист». Аз бадии рўзгор ин аст, ки ба мо ҳикмат намеомўзад, магар дар даврони пирӣ, ки ҷавониро аз мо мегирад. Дар ҷавонӣ тавон бар анҷом додани кор дорем, вале намедонем чӣ кореро бояд ба анҷом бирасонем ва дар пирӣ тавон бар анҷом додани кор надорем, вале медонем чӣ кор бояд анҷом диҳем!

[4] Сураи Қасас, ояти 77.

[5] Сураи Фотир, ояти 37.

[6] Сураи Қасас, ояти 77.

[7] Сураи Фотир, ояти 37.

[8] Сураи Тағобун, ояти 9.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.