Шукргузории кӯдакон дар баробари Худованд

36

Шукргузории кӯдакон дар баробари Худованд

Омӯзиши шукргузорӣ ба кӯдакон

Омӯзиши шукргузорӣ ба чӣ сурат бояд бошад?

Асарот ва паёмадҳои шукргузорӣ чист?

Омӯзиши шукргузорӣ ба кӯдакон бисёр кори муҳим аст. Бар асоси таҳқиқот, шукргузорӣ дар кӯдакон асароти бисёр арзишманде мегузорад.

Кӯдаконе, ки шукргузориро омӯхтаанд, афроди шодтаре ҳастанд.

Кӯдакони шукргузор хушбинтар ҳастанд ва ҳимояти иҷтмоӣ ва дӯстони бештаре доранд.

Шукргузорӣ ва қадрдонӣ чист?

Равоншиносон ва мутахассисон дар ҷаҳон, дар заминаи шукргузорӣ ва қадрдонӣ мегӯянд: ки қадрдонӣ ба унвони як тавоноии ташхиси хубиҳост. Яъне нишонаи он аст, ки мо як инсоне ҳастем, ки хубу бадро мешиносем. Қадрдонӣ ва шукргузорӣ боис мешавад, ки хубиҳоро дар зиндагии худ ва дар атрофамон бубинем.

Омӯзиши шукргузорӣ ба кӯдакон бисёр муҳим аст. Ин кор ба онҳокӯмак мекунад, ки ба ҷои мавқеияти манфӣ аз диди мусбат ба мавқеиятҳои зиндагӣ нигоҳ кунанд.

Равишҳои омӯзиши шукргузорӣ ба кӯдакон

1 – Ташаккур кардан аз кӯдак.

2 – Ба кӯдаки худ биомӯзем, ташаккур кунад.

3 – Таваҷҷӯҳ кардан, фикр кардан ва баёни эҳсос ва ҳаяҷон.

4 – Дар қадамҳои баъдӣ, омӯзиш ё навиштан равишҳои қадрдонӣ аст.

Чаро омӯзиши қадрдонӣ ба кӯдакон душвор аст?

Имрӯза кӯдакон интизороташон аз падару модарҳо хеле боло рафтааст. Камтар бачае ҳаст, ки хонаи пур аз бозичаҳои рангоранг ва анвои хӯроикҳо ва либосҳоро дар ихтиёр надошта бошад. Ҳамаи инҳо ҷузъи вазоифи падару модарҳо қарор гирифтааст ва кӯдакон бисёр худхоҳона инҳоро аз волидайн талаб мекунанд ва омӯзиши қадрдонӣ ҳам сахту душвор гаштааст.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.