Ҳикматҳо ва насиҳатҳои Луқмони Ҳаким ба писараш

73

Ҳикматҳо ва насиҳатҳои Луқмони Ҳаким ба писараш

Луқмон (а) гуфт: Ҳамонро дарав мекунед, ки мекоред.

Луқмон (а) ба писараш гуфт: Эй писарам! Ҳамоно ту ҳамонро дарав мекунӣ, ки мекорӣ ва ҳамонеро ба даст меоварӣ, ки амал мекунӣ.

Луқмон (а) ба писараш гуфт: Эй писарам! Корҳои кўчакро кам машумор, зеро фардои қиёмат онҳо бузург мегарданд.

Луқмон (а) ба писараш гуфт: Эй писарам! Худои Мутаол мардумро дар гарави амалҳои худашон қарор додааст. Пас вой бар онон, нисбат ба он чӣ дасту дилашон ба даст меоварад!

Луқмон (а) ба писараш гуфт: Эй писарам! Ҳамоно ту саранҷом дар кафанат печида мешавию дар қабрат ҷой мегирӣ ва ҳамаи амалатро мебинӣ.

Луқмон (а) ба писараш гуфт: Эй писарам! Рўзи қиёмат замоне аст, ки осмон шикофта мешаваду дарҳам мепечад ва фариштагон дар сафҳое, дар ҳоле ки аз Худо бимноканду бандагонро бо меҳрубонӣ дарбар гирифтаанд, нозил мегарданд ва ту вазифадор мешавӣ, ки аз сирот гузар кунӣ. Дар ин ҳангом амалатро мушоҳида мекунӣ ва тарозуҳои санҷиши амал барпо мегарданд ва девонҳо кушода мешаванд.

Иршод-ул-қулуб: Луқмон (а) ба писараш гуфт: Эй писарам! Мабодо хурўс аз ту зарангтар ва муроқибтар бар намозҳо бошад! Магар онро намебинӣ, ки ҳангоми ҳар намозе бонг мезанаду саҳаргоҳон, дар ҳоле ки ту дар хобӣ, бо садояш вақтро эълон мекунад?

Луқмон (а) ба писараш гуфт: Эй писарам! Ҳаргоҳ намоз мехонӣ, онро намози видоъ қарор деҳ, ки гумон дорӣ, баъд аз он ҳаргиз зинда нахоҳӣ монд. Ва аз узртарошӣ барои тарки намоз бипарҳез, зеро узр овардан аз кори хайр, маъно надорад.

Ал-мавоиз-ул-ададия: Луқмон (а) ба писараш гуфт: Эй писарам! Дар сахтӣ бовиқор ва дар гирифториҳо шакебою дар осоиш сипосгузор ва дар намоз фурўтану ба сўи намоз шитобон бош.

Тафсири Сулпамӣ: Луқмон (а) ба писараш гуфт: Эй писарам! Намозро барпо дор ва амри маъруфу наҳйи мункар кун ва аз худат оғоз кун ва бар сахтиҳое, ки ба ту мерасад, шакебо бош, зеро ин кор подошҳоро дар пай меоварад.

Ал-ихтисос ба нақл аз Авзоӣ: Луқмон (а) ба писараш гуфт: Эй писарам! Зўргўӣ ва такаббуру тафохурро аз худ дур кун ва бидон, ки ту оқибат дар қабр сокин хоҳӣ шуд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.