Тарбияти кӯдак, бидуни танбеҳ

68

Тарбияти кӯдак, бидуни танбеҳ

Чаро бояд кӯдак танбеҳ шавад?

Тарбияти кӯдак бидуни танбеҳ шуданӣ аст, ё на?

Оё тарбияти кӯдак бидуни танбеҳ кори душворе аст?

Чаро ва кадом вақт кӯдакро танбеҳ кунем?

Доктор Фарзоди Таботабоӣ, равоншинос ва мутахассиси тарбият ба ин савол, ки “Оё тарбияти кӯдак бидуни танбеҳ мумкин аст?” чунин посух медиҳад: “Аз куҷо ин фикри аҳмақона ба зеҳнамон омадааст, ки барои он ки бачаҳо беҳтар амал кунанд, ибтидо бояд ҳоли онҳоро бадтар кунем? Ба охирин боре фикр кунед, ки эҳсоси таҳқир ба бачаҳо додаед ва кӯдакатонро таҳқир намудаед, ё рафтори ноодилонае кардаед. Баъд аз рафтори нодурусти шумо, аксуламали бачаҳо чӣгуна будааст? Оё бо шумо ҳамкории бештаре доштанд? Хеле аз падару модарҳо аз ин нукта ғофилгир мешаванд, ки дар бештари вақтҳо, ончӣ ба унвони назму интизом дар назар мегиранд, чандон кӯмаке ба кӯдак намекунад”.

Кӯдакон аз тарбияти мо чӣ меомӯзанд?

Кӯдакон ончиро ки зиндагӣ мекунанд, меомӯзанд. Муассиртарин роҳ барои омзиш ба бачаҳо нишон додани сармашқ (дар рафтори падару модарон) аст. Дар воқеъ, кӯдакон аз мо ёд мегиранд. Онҳо чигунагии рафтор бо дигаронро аз меомӯзанд. Вақте мо бо танбеҳи кӯдак ё фарёд задан бо кӯдакони худ ва ё ҳатто афроди дигар бархурд мекунем, кӯдакон ҳам ҳамин рафторро ёд мегиранд, ки пархошгарона амал кунанд.

Чӣ гуна роҳнамоӣ кунем?

Мо ҳар рӯз кӯдаконамонро ба хотири рафторҳояшон роҳнамоӣ мекунем. Ин роҳнамоиҳо бештари эҷоди маҳдудиятҳо мисли “накун”, “даст назан” ва монанди инҳҳост. Ёдамон наравад, ки бачаҳо наметавонанд ба касе осеб бизананд, дар хиёбон бидаванд, ё чизеро ба самти дигарон партоб кунанд. Агар маҳдудиятҳоро бо иҷбор таҳмил кунем, саранҷом онҳоро фаро мегиранд, аммо бо муқовимати бисёр.

Чӣ гуна метавонем бидуни танбеҳ кӯдаконро тарбият кунем?

1 – Эҳсосоти худамонро мудирият кунем.

2 – Бо эҳсосоти кӯдак ҳамдардӣ кунем.

3 – Онҳоро ҳимоят кунем, то онҳо ёд бигиранд.

4 – Пеш аз насиҳат кардан ва ислоҳ кардан, аввал робитаи самимона барқарор кунем.

5 – Маҳдудиятҳоро таъин кунем, аммо онҳоро бо ҳамдилӣ танзим кунем.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.