Анор бихуред, то дили солим дошта бошед!

165

Ба гуфтаи муҳаққиқони испаниягӣ анор метавонад бо тақвияти рагҳои дил, баданро дар баробари  режими ғизоӣ бо халестрини зийд муҳофизат кунад.

Ба гузориши  гуруҳи ахбори илмии ИРНА аз пойгоҳи хабарии Дейлӣ Мейл таҳқиқоти ахири муҳаққиқони испаниягӣ нишон медиҳад, анор бархе аз осебҳои  фастфуд(хурокҳои омода ё тезтаёр) ва  донагиҳоро коҳиш медиҳад.

Ба гуфтаи  муҳаққиқон доруҳои  мукаммили сохта шуда аз меваи анор ба солим нигаҳ доштани рагҳои  хунӣ кумак карда ва ҳамалоти қалбӣ ва сактаи мағзиро  коҳиш  медиҳанд.

Дар ин мутолиа муҳаққиқони испаниягӣ асари як қурс(ҳаб ё таблетка)и  бастабандӣ шуда бо маводи кимиёии анор ба номи полифенолҳоро дар гардиши хуни хук ( ба далели шабоҳати системи қалбӣ-уруқӣ монанд  ба инсон) баррасӣ карданд.Хуроки  хукҳо бо ғизоҳои равғанӣ  сабаби  осебдидани рагҳои  хунӣ  ба вижа пушиши нозуки  ин рагҳо  мешавад.

Ин пушиш ё андотелюм бо озод кардани  маводе инбисот ва инқибоз (кушодиву танги)и рагҳои  хуниро контрол мекунад ва осеб ба он  аввалин гом дар Атеросклероз –  сахт  шудани  рагҳои  дил аст, ки  мунҷар  ба ҳамлаи  қалбӣ ва сактаи мағзӣ  мешавад.

Дар натиҷа   тағйирпазирии  рагҳои хунии хук, ки  бо ғизоҳои  равғанӣ  тағзия шудаанд коҳиш меёбад ва нишонаҳои дигаре аз мушкилоти  қалбӣ дар ин  ҳайвон буруз мекунад.

Бо ин ҳол истеъмоли   рӯзмарраи   қурсҳои  мукаммили  анор  (Pomanex), ки дорои 200 миллиграми полифнол аст сабаби аз байн рафтани  бисёре аз ин зарарҳо  мешавад.

Ба гуфтаи  доктор Лино Бодимун аз муассисаи қалбу уруқи Каталан дар Испания  ғанисозии  режими ғизоӣ бо полифенолҳои  анор метавонад дар пешгирӣ ва ба таъхир андохтани мушкилоти  андотелиал, ки аз аввалин нишонаҳои  Атеросклероз  ва сактаи мағзӣ ҳастанд кумак кунад.

Пеш аз ин  таҳқиқоти донишмандон аз таъсири оби анор дар коҳиши  фишори хун хабар дода буд.

Натиҷаҳои  ин баррасӣ дар Кунгураи  қалб ва уруқи Аврупо(Congress of the European Society of Cardiology )пешниҳод  шудааст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.