Мушовира ва мушорикати фарзандон дар умури хонавода

53

Мушовира ва мушорикати фарзандон дар умури хонавода

Маслиҳат ва мушовира бо фарзандон дар масоили хонавода

Додани тасвири зеҳнии мусбат ба фарзандон, сабаби рушди шахсият ва мусбатнигарӣ дар онон мешавад. Мусбатнигарӣ зербинои муносибе барои тарбияти солим аст.

Падару модарон ба кӯдакон ва наврасон бояд иҷозати изҳори назар ва изҳори вуҷуд бидиҳанд ва барои орои онон эҳтиром қоил бошанд. Назароти усулии ононро бипазиранд ва назароти ғайриусулии онҳоро мустадал ва ҳакимона рад кунанд.

Ҷаласоти машваратӣ байни аъзои хонавода бавижа навҷавонон, моҳона ё фасле як бор бояд сурат гирад, ин кор таъсири бисёре дар рушди шахсият ва ҳидояти онон дорад.

Волидайн кӯдаконро аз масоили хурофӣ ва мавзӯоти ғйримантқӣ натарсонанд, баҳсҳоро дар ҳадди тавон ва дарки кӯдакон, шарҳу баён намоянд.

Яке аз нишонаҳои хонаводаи муваффақ ва бонишот, иртиботи каломӣ ва гуфтугӯҳои отифӣ аст. Фазои гарму самимии хонавода, бистари муносибе барои иртиботи каломӣ хощад буд.

Содиқ будан дар гуфтор ва рафтори падару модар, сабаби афзоиши эъимод ва боварии фарзандон ба онон шуда ва дар тарбият дорои асари бисёр аст.

Падару модар фарзандонро ба аныоми корщои нек одат бидищанд ва дар ин рощ ташвиц намоянд. Корҳои хайру нек бар асари одат кардан ба он анҷом мегирад.

Яке аз вазоифи волидайн ва мураббиён дар парвариши зеҳни фарзандон ин аст, ки бояд зеҳнро тавре сохт, то некӯ арзёбӣ кунанд ва наққодии бамавқеъ дошта бошанд, хуб доварӣ кунанд, ҳамаи инҳо дар гарави ҳидояти дуруст, додани иттилооти саҳеҳ ва бамавқеъ ба фарзандон ҳосил мешавад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.