Тарбияи эътиқодӣ

139

Тарбияти эътиқодӣ аз муҳимтарин анвои тарбият ба шумор меравад, ки дини мубини Ислом таваҷҷӯҳи хоссе ба ин навъ тарбият дорад. Дар тарбияти эътиқодӣ усуле ба унвони поя ба мардум ва ҷавонон омӯзиш дода мешавад, ки иборатанд аз;
1)    Тавҳид; яъне эътиқод ба Худои ягона;
2)     Нубувват; яъне эътиқод ба фиристода шудани пайғамбарон аз ҷониби Худо барои ҳидояти ҷомеа;
3)     Маод; яъне эътиқод ба зиндагии пас аз марг ва олами дигаре баъд аз ин дунё, ки инсонҳо дар он ҷо ба корҳои хубу бади худ дар пешгоҳи Худои Мутаол ҷавобгӯ мебошанд.

Сарсухан
Тарбият гавҳари вуҷуди инсонро таровуш медиҳад ва лавҳи рӯҳи ӯро нақш мезанад ва шокилаи ӯро шакл медиҳад. Дар мактаби тавҳидии анбиё, тамоми аркони низоми тарбиятӣ аз мабонӣ ва аҳдоф, то равишҳо ва абзорҳо, бо меҳварияти маншаи ҳастӣ ва сарчашмаи хайру зебоӣ, таъриф ва танзим мегардад. Дар низоми арзишгузории анбиё, ду арзиш дар тӯли ҳам барои инсон матраҳ аст: Арзиши “имон ва тазкияи нафс “Худованд бар мӯъминон миннат ниҳод (неъмати бузурге бахшид), ҳангоме ки дар миёни онҳо паёмбаре аз худашон барангехт, ки оёти Ӯро бар онҳо бихонад ва онҳоро пок кунад.”  Ва арзиши “ислоҳи ҷомеа ва хидмат ба халқ ва ташвиқи онҳо барои иқомаи адолат”. “Мо расулони худро бо далелҳои рӯшан фиристодем ва бо онҳо китоб ва мизон(и  шиносоии ҳақ аз ботил ва қавонини одилона) нозил кардем, то мардум қиём ба адолат кунанд… .”  Нисбат байни ин ду буъд ва суратбандии нигоҳи ҷомеи тарбиятии Ислом ҳамроҳ бо ҳушдор нисбат ба хатарот ва осебҳои ахлоқӣ ҳаракатҳои ислоҳӣ ва лузуми омодагии рӯҳӣ, барои рӯёрӯӣ  бо он, ҷойгоҳе аст, ки мактаби тарбиятии Ислом ба он пардохтааст.
Аҳамияти мавзӯъ
Бар ҳеҷ хирадманде пӯшида нест, ки бахши муҳиме аз ҳақиқати ҳар инсонеро эътиқоди ӯ ташкил медиҳад. Бо каме диққат дар навъи тарбияти инсонҳо маълум мешавад, ки бовар ва эътиқод ва ҳатто нобоварӣ ва беэътиқодӣ, ки худ гунае аз эътиқод аст, дар зиндагии инсон нақши асосӣ дорад, ба гунае ки нақши мустақими онро дар рафтор ва сулуки инсон ва наҳваи бархурди ӯ бо ҳаводис наметавон инкор кард.
Мабоҳиси марбут ба ҳастишиносӣ, ки ба сурати макотиби фалсафии гуногун даромаданд, бархоста аз навъи бовари инсонҳо будааст, ки бархе бо нигоҳи илҳодӣ(атеистӣ) ҳастиро маҳдуд ба умури моддӣ дониста ва уфуқи фикри онҳо аз ҳудуди модда ва маҳсусот таҷовуз накардааст. Ва дар муқобил, афроде, ҳастиро дар олами модда маҳдуд надониста ва оламҳоро ба унвони илали ин олам ва бартар аз ин олам ба исбот расондаанд, ки эътиқод ба Худо, малоика ва олами пас аз марг аз он оламҳои фавқи модда ва бартар аз он маҳсуб мешавад.
Ин бархурдҳо бо ҳастӣ ва эътиқодҳои мутазод, бетардид дар навъи тарбияти инсонҳо таъсиргузор буда ва дар рафтори онҳо ошкор мешавад. Бинобар ин, тарбияти эътиқодӣ аз асоситарин шеваҳои тарбияти иҷтимоӣ ба ҳисоб омада ва пардохтан ба он лозим ва зарурӣ хоҳад буд. Асосан аз масоили муҳиме, ки ҳамвора инсони хирадманд ба дунболи ёфтани ҷавобҳои қонеъкунанда дар бораи онҳост, ин суолҳо аст:
1. Офаридгори ҳамаи олам, аз ҷумла инсон кист ва чӣ ҳадафе аз офариниши олам дорад?
2. Мо дар куҷои ҳастӣ ва дар чӣ ҷойгоҳе қарор дорем?
3. Инсон чаро мемирад ва баъди марг ба куҷо меравад?
4. Чӣ касоне метавонанд посухи дуруст ва қонеъкунанда барои ин суолот бидиҳанд?

Рӯзҳо фикри ман ин асту, ҳама шаб суханам,
Ки чаро ғофил аз аҳволи дили хештанам.
Зи куҷо омадаам? омаданам баҳри чӣ буд?
Ба куҷо меравам охир нанамоӣ ватанам.

Дарёфти посухи дуруст барои ин суолот, чунон ки бар ҳеҷ оқиле махфӣ нест, дар навъи тарбият ёфтани инсон, махсусан ҷавонон нақши асосӣ дошта ва рафтору кирдори онҳоро шакл медиҳад.
Инак ба ихтисор усули тарбияти эътиқодии Исломро баён мекунем.
а) Тавҳид
Тавҳид муҳимтарин асл аз усули дини мубини Ислом буда ва асоси он ба шумор меояд. Тавҳид яъне Худое ҷуз Худованди  Ягона вуҷуд надорад ва ӯ мавҷудест, ки на дар зот ва на дар сифот ва на дар афъолаш шарике надорад ва касе ҷуз ӯ сазовори парастиш нест.  Паёмбари Акрам(с) ба ин асл, таваҷҷӯҳи хоссе доштанд ва ҳамвора дар тӯли рисолати худ ақсом ва маротиби онро ба ёрони худ ва ҷавонони уммат меомӯхтанд ва онро аслу асоси улум медонистанд.
Паёмбари Акрам(с), як мураббии комил ва муаллими беназир буд “Худованд бар мӯъминон миннат ниҳод (неъмати бузурге бахшид), ҳангоме ки дар миёни онҳо паёмбаре аз худашон барангехт, ки оёти ӯро бар онҳо таълим диҳад.” Ӯ мисли як падари меҳрубон дар тарбияти уммати худ, аз ҳеҷ талоше дареғ намекард ва дар ин кор бисёр исрор меварзид:
” Ба яқин расуле аз худи шумо ба сӯятон омад, ки ранҷҳои шумо бар ӯ сахт аст ва исрор бар ҳидоят ва тарбияти шумо дорад ва нисбат ба мӯъминон рауфу меҳрубон аст.”
Пайғамбар(с), ки огоҳ ба салоҳи инсонҳо ва табиби ҳозиқ ва мутахассис дар шинохти рӯҳ ва саломату дардҳои он буд, дар тарбият ва парвариши рӯҳ ва таолии фикр барномаҳо ва усули тарбиятие овард, ки ҷойгузин надорад. Расули Акрам(с) медонист, ки эътиқод решаи ҳамаи сифот ва ахлоқиёт аст, ки агар он солим набошад ва инсон дар саломати он накӯшад ва аз фасод онро нигаҳ надорад, мепӯсад ва табоҳ мегардад. Ба ҳамин хотир, дар ҳифзи он реша, мекӯшид ва талош мекард, то усули эътиқодии мардумро солим ва он гуна ки ҳаст ба онҳо нишон бидиҳад ва онҳоро инсонҳои мӯътақид ба ақоиди ҳақ ва тавҳидӣ, тарбият кунад. Акнун мухтасаран ба баёни ақсоми ин асли тарбиятӣ мепардозем.
Тавҳид дар зот
Тавҳиди зот иборат аст, аз ин ки:
1. Худои Мутаол ҳеҷ шарик ва монанде надорад;
2. Зоти Ӯ мубарро аз таркиб ва тараккуб аст.
Оятҳое дар Қуръон вуҷуд дорад, ки ишора ба ин маъно мекунад, монанди:
“ Ҳеҷ кас монанди Ӯ нест.”   “Он зоти якторо дар Осмону Замин мисоли олитар аст.”  “ (Худои Субҳон) падидоварандаи Осмонҳо ва Замин аст, барои шумо аз навъи худатон ҳамтоёне қарор дода ва аз чорпоён низ ҳамтоёне ва шуморо (ба ин васила ) зиёд мекунад, (вале) ҳеҷ чиз ҳамто ва ҳамонанди Ӯ нест.” .
Дар сураи муборакаи Ихлос мехонем, ки ба Расули Худо(с) мефармояд: “ Бигӯ Ӯ Худои Якто ва Ягона аст, Худое, ки ҳама ниёзмандон қасди ӯ мекунанд, ҳаргиз назод ва зода нашуд ва барои Ӯ ҳаргиз шабеҳ ва монанде набудааст” .
Расули Худо(с) дар бораи тавҳиди илоҳӣ дар хутбае  мефармоянд: “Ситоиш Худоеро, ки дар аввалияти худ ягона ва дар азалияти хеш бо мақоми улуҳият азамат дошта ва бо кибриёӣ ва ҷабарути хеш кибру бузургӣ дорад… . Вижагӣ ба тавҳид ва ягонагиро хосси худ писандид, чун ки бо нури худ пӯшидааст ва дар авҷи улуву бартарӣ қарор дорад ва аз офаридагонаш мастур аст” .
Дар ин баёни нуронӣ Расули Худо(с) мефармоянд, ки Худо аввал аст, аммо на аввале, ки дуввум дошта бошад. Яъне Худои Мутаол дар тамоми камолоти хеш ягона аст ва касе монанди ӯ нест. Аз ҷумла аввалият, ҳар аввале дуввуме дорад, аммо Худо аввалест, ки дуввум надорад ва ин вижагӣ (ягонагӣ дар тамоми сифот ва камолот) хосси Худои Субҳон аст.
Тавҳид дар сифот
Ягонагӣ дар сифот ба ин маъност, ки ҳар камол ва сифате монанди илм, қудрат, ҳаёт ва ғ. дар ҳақиқат ва асолатан аз Худост ва ҳар махлуқи дигар, ки ин сифатҳоро дошта бошад Худо ба ӯ додааст.  Қуръони Карим мефармояд:
“Эй мардум! Шумо (ҳамагӣ) ниёзманди Худоед, танҳо Худованд аст, ки бениёз ва шоистаи ҳар гуна ҳамду ситоиш аст” .
Бинобар ин, инсон дар ҳамаи ҷиҳатҳо ва шууноти худ, аз ҷумла сифоташ ба Худо ниёзманд аст ва камолоту сифатҳои шоиста ҳамагӣ дар асл моли Худост, ба ҳамин хотир, Ӯ шоистаи ҳар гуна ҳамду сано мебошад.
Ҳазрати Алӣ(а) дар ин бора мефармояд:
“Худованде, ки сифоташ ниҳояте надорад… . Ихлоси комил дар бораи Ӯ ин аст, ки сифотро бар зоти Ӯ ориз надониста, балки онҳоро айни зот донанд; зеро ҳар сифате бар ин ки ғайри мавсуф аст гувоҳ ва ҳар мавсуфе бар ин, ки ғайри сифат аст шаҳодат медиҳад” .
Тавҳид дар афъол (корҳо)
Ягонагӣ  дар афъол ба ду маъно ба кор меравад:
1.  Худои Мутаол дар анҷоми корҳои худ аз ҳеҷ кас кӯмак намегирад;
2. Танҳо таъсиргузори ҳақиқӣ дар ҳастӣ, Худост.
Дар Қуръон низ дар ин маврид мехонем
1). »Бигӯ Худо офаринандаи ҳама чиз аст ва Ӯ ягона ва қаҳҳор аст« .
2). »Худо офаринандаи ҳама чиз аст ва Ӯ бар ҳама чиз вакил аст« .
Расули Худо(с) дар хутбае, фоилияти Худоро ин гуна тавсиф мекунанд:
“Он чиро офарид ва падид овард, бенамунаи пешин будааст. Парвардигори қадими мо (, ки пешинаи нестӣ надорад), бо лутфи рубубият ва илми огоҳонааш, адамро шикофт ва хилқатро оғоз кард ва бо устувории қудраташ ҳама чизро офарид” .
Бинобар ин, танҳо таъсиргузор дар ҳастӣ, Худост ва соири мавҷудот бо изн ва иҷоза ва хости Ӯ корҳои худро анҷом медиҳанд. Албатта ин маъно бо ихтиёри инсон зиддият надорад ва инсон, дар айни ин ки дар анҷоми корҳояш вобаста ба Худо аст, дар анҷом додан ё надодани кор, ихтиёр дорад ва Худо қудрати интихобро дар вуҷуди ӯ қарор додааст.
Ягонагӣ дар ибодат
Ягонагӣ дар ибодат ба ин маъно аст, ки танҳо мавҷуде, ки шоистагии парастишро дорад Худои Мутаол мебошад.
Дар сураи Ҳамд мехонем: “(Парвардигоро!) танҳо туро мепарастем ва танҳо аз ту ёрӣ меҷӯем.”
Тибқи он чи дар адабиёти араб гуфта мешавад, ҳангоме ки мафъул бар фоил муқаддам шавад, маънои ҳаср аз он истифода мешавад ва дар ин ҷо муқаддам шудани калимаи “اياك – иёка” бар “ نعبد – наъбуду ” далел бар ин аст, ки фақат Худо бояд парастида шавад ва натиҷаи он ҳамон тавҳид дар ибодат аст.
а) Нубувват
Нубувват ва паёмбарӣ, яке дигар аз усули эътиқодӣ дар дини Ислом аст. Эътиқод ба нубувват, яъне эътиқод ба паёмбарони илоҳӣ ва ин ки Худо барои ҳидояти башар афродеро, ки аз навъи худи инсонҳо ҳастанд, барои ҳидояти ҷомеа мефиристад. Ин баҳс дар ду бахш табйин мегардад:
1. Нубуввати омма. Дар ин бахш умуман дар бораи паёмбарон ва  ниёзи ҷомеаи башарӣ ба набӣ ва паёмбар ва исботи нубуввати анбиё ва вижагиҳо ва хусусиёти паёмбарони илоҳӣ баҳс мегардад.
2. Нубуввати хосса. Дар ин бахш нубуввати Набии Мукаррами Ислом, ҳазрати Муҳаммад(с) мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад.
Зарурати беъсат
Расули Худо(с) дар хутбае зарурат ва ҳикмати беъсатро ин гуна баён мефармояд:
“(Худованд) расулон ва паёмоваронро барангехт, то ҳуҷҷати расо бар халқи худ дошта ва онҳо гувоҳе бар халқ буда бошанд. Дар миёни халқ паёмбаронро ба унвони муждадиҳанда ва бимрасонандагон барангехт, то ҳар кӣ (бихоҳад) роҳи ҳалок пӯяд ё (ба имон) зинда гардад, аз рӯи далели рӯшан бошад ва низ бандагон, он чиро ки аз Парвардигорашон намедонистанд, боз ёбанд ва дар натиҷа, пас аз инкор, Худои худро ба рубубият бишиносанд ва баъд аз инод ва саркашӣ Худовандиро танҳо аз они Ӯ донанд” .
Пайғамбари Акрам(с) чанд нуктаро дар бораи ҳикмат ва зарурати беъсат зикр мекунанд.
1. Худо паёмбаронро мефиристад, барои ин ки ҳуҷҷати худро бар онҳо тамом кунад, ки дар рӯзи қиёмат баҳона наёваранд, ки мо намедонистем, нафаҳмидем, ки агар ин гуна баҳона биёваранд ба онҳо гуфта хоҳад шуд: “Оё бимдиҳандагон (паёмбарон) ба сӯи шумо наёмаданд?!” .
2. Худо паёмбаронро мефиристад, то онҳо, ки мехоҳанд ба камол ва растгорӣ бирасанд бе муаллим ва роҳнамо набошанд ва бо истифода аз паёмбарон ва мураббиёни илоҳӣ, дар кори тарбияти хештан ланг намонанд.
3. Низ то паёмбарон наоянд, инсонҳо ба далели камбуди илм ва нотамом будани маорифе, ки аз роҳи ҳиссу ақл ба даст меоянд, наметавонанд Худои худ ва Офаридгори хешро бишиносанд ва чӣ басо вуҷуди чунин офаридгореро инкор мекунанд. Бинобар ин, паёмбарон меоянд, то инсонҳоро бо худояшон ошно кунанд ва роҳу равиши парастиши Ӯро, он гуна ки шоистаи Ӯст ба онҳо нишон диҳанд.
Охирин паёмбар
Охирин сафири Худои Мутаол пайғамбари мо мусалмонон, ҳазрати Муҳаммад(с) мебошад. Худо бо омадани ӯ ва истимрори ин ҳаракат дар сираи Аҳли байташ(а) динашро комил ва неъматашро тамом намуд ва ҳифзи китоби ӯро аз таҳриф ва дигаргунӣ ваъда дод, ки Худо ин ваъдаро дар бораи ҳеҷ як аз китобҳои осмонӣ, ки пеш аз Қуръон омада буд, надод. Бинобар ин, дигар инсонҳо ба дини ҷадид эҳтиёҷе нахоҳанд дошт ва он чиро ки дар роҳи растгорӣ ба он ниёз доранд дар китоби Худо ва суханони охирин паёмбар хоҳанд ёфт.
Далели хотамият
Мо мусулмонон ба ду далел пайғамбарамонро охирин паёмбар медонем:
1. Худованди Мутаол дини худро ба тадриҷ комил кард, чун инсонҳо заминаи пазириши дини комилро якбора надоштанд ва низ ба далели ин ки ба камоли лозим нарасида буданд, наметавонистанд аз дин муҳофизат кунанд ва зуд баъди паёмбаронашон, мунҳариф мешуданд ва дину китоби осмониеро, ки Худо барои онҳо мефиристод, таҳриф ва дигаргун мекарданд.
Худои Мутаол боз ҳам паёмбарони худро мефиристод, то бо тарбият кардани онҳо, ононро барои пазириши дини комил ва паёмбари комил, омода созад, то ин ки он замон фаро расид ва Худои Мутаол охирин паёмбари худро бо охирин китоби осмонӣ фиристод. Уммати паёмбари охир ҳам, дар ҳифзи дини Худо кӯшиданд. Илова бар он, Худо ваъдаи ҳифзи китоби худ ва ба табаи он дини худро дода буд, бинобар ин, дигар эҳтиёҷе ба фиристодани паёмбари ҷадид набуд.
2. Нусуси динии мо сароҳат дар ин дорад, ки паёмбари охир, ҳазрати Муҳамад(с) аст ва дигар баъди ӯ паёмбаре нахоҳад омад. Қуръони Карим мефармояд: “Муҳаммад падари ҳеҷ як аз мардони шумо набуда ва нест, вале фиристодаи Худо ва хатмкунанда ва охирини паёмбарон аст” .
Расули Худо(с) борҳо ба Алӣ(а) фармуданд: “Манзилати ту нисбат ба ман, монанди манзилати Ҳорун(а) нисбат ба Мусо(а) аст, ҷуз ин ки баъди ман паёмбаре нахоҳад буд” .
Чунон ки мушоҳида кардед, Пайғамбар(с) ба Алӣ(а) мефармояд: Ту мисли Ҳорун(а), ки ҷонишин ва вазири Мусо(а) буд, вазир ва ҷонишини манӣ, бо ин тафовут, ки Ҳорун(а) паёмбар ҳам буд, вале чун ман охирин паёмбарам, ту мақоми паёмбариро надорӣ.
Маод
Яке дигар аз муҳимтарин усули эътиқодӣ, ки дар мутуни динӣ аҳамияти хоссе нисбат ба он вуҷуд дорад, масъалаи ҳаёти пас аз марг ва зиндагии ухравист, ки истилоҳан ба номи маод шинохта мешавад. Як назари кӯтоҳ ба оятҳои Қуръони Карим нишон медиҳад, ки дар миёни масоили ақидатӣ, ҳеҷ масъалае дар Ислом баъди тавҳид, ба аҳамияти масъалаи маод ва эътиқод ба ҳаёти баъд аз марг ва ҳисобрасии аъмоли бандагон ва подошу кайфар ва иҷрои адолат нест. Дар Қуръон ҳудуди 1200 оят дар бораи маод вуҷуд дорад.
Маънои маод
Маод исми макон буда, ба маънои бозгашти касе ба ҷоест, ки аз он ҷо омада бошад. Бинобар ин, бозгашт инсон ба сӯи Худо баъд аз марг, маод номида мешавад, зеро оғози офариниши инсон аз он ҷо буда ва пас аз марг ба ҳамон ҷо боз хоҳад гашт.
Мумкин будани маод
Имкон доштани маод назди Қуръон ва ақл
Кофирон маодро қабул надоштанд, вале ҳаргиз барои ин эътиқоди худ далеле наёварданд, балки нидои фитрат ва виҷдонро фаромӯш карданд.
Дар муқобили ин эътиқоди бедалели кофирон, Қуръон мумкин будани маодро дар оятҳои фаровон собит кардааст. Ин оятҳо чанд даста аст ва ҳар инсони боақлро қонеъ ва ба роҳи рост роҳнамоӣ мекунад.
Дастаи аввал оятҳое аст, ки мегӯянд, инсон бори аввал ба фармони Худо халқ шуда аст ва пеш аз халқ шудан, ҳеҷ, ё оби бадбӯ, ё хок, сияҳлой ва монанди он будааст; монанди оятҳои зер:
1. «Бигӯ он Худое, ки бори аввал шуморо ба вуҷуд овард (баъд аз марг), зинда мекунад».
2. «Ва ӯ Худое аст, ки бори аввал мардумро меофарад ва он гоҳ (пас аз марг) бозгардонад ва ин бозгардондан (зинда кардан пас аз марг) барои ӯ осон аст».
3. «Оё бори аввал, ки (инсонҳоро аз нестӣ) офаридем, хаста ва монда шудем, (ки дубора натавонем зинда кунем), балки ин мункирон дар дубора офаридани инсонҳо шак доранд».
4. «Оё (мардум) надиданд, ки Худо халқро ба вуҷуд меоварад ва боз ба асли худ  бармегардонад (мемиронад ва ба олами охират бармегардонад), ки ин кор бар Худо бисёр осон аст».
5. «Ҳамон тавре, ки шуморо бори аввал биёфарид (ҳамон гуна ба сӯи ӯ) боз мегардед».
Осори тарбиятии маод
Ёди маод беҳтарин сабаби созандаи инсон
Худованди бузург, дунёро роҳ ва қиёматро манзил ва хонаи поёнӣ медонад ва барои ин ки ҳарчи беҳтару бештар ба ёди хона бошем, пайғамбаронеро, ки хонаи поёнии ҳамаро медонанд, мефиристад ва онҳо ҳарчи дар бораи роҳ ва хона мегӯянд аз рӯи гуфтаҳои Худо аст. Он пайғамбарон нисбат ба мардум меҳрубон ва нисбат ба каҷравон дилсӯзанд. Аз ин рӯ, Пайғамбари Ислом ҳазрати  Муҳаммад(с) аз рӯи дилсӯзӣ ва меҳрубонӣ ба онон, ки бероҳа мераванд мегӯяд: «Куҷо меравед?»
Худои бузург ба Пайғамбар(с) бо як ҷаҳонбинии фарогир ва дар пайғоми ҷаҳонгир мефармояд:
«Ин Қуръон чизе ғайр аз панд ва насиҳати оламиён нест, барои касе аз шумо,ки бихоҳад роҳи рост дар пеш гирад».
Бинобар ин, Қуръон, саросар роҳи рост, роҳнамо, нур ва аз байн барандаи торикӣ аст:
«Ин Қуръон китобест,ки мо ба сӯи ту фиристодем, то мардумро бо хости Худо аз торикиҳо (ҷоҳилӣ ва кофирӣ) берун оварӣ ва ба рӯшноӣ бирасонӣ ва ба роҳи Худои муқтадири сутуда роҳнамоӣ кунӣ».
Аз ин рӯ, вақте инсон бо ёди қиёмат парвариш ёбад ва бузург шавад ва ёди охират, дар назараш бошад, боиси иҷро кардани корҳои нек мешавад ва боис мешавад, ки инсон ҳамаи ақоид ва ахлоқ ва рафтори худро бар асоси ин хусусият поярезӣ кунад. Агар инсон ёди қиёматро фаромӯш кунад, метавонад ба ҳар ҷинояте даст бизанад, чун дар фикри ин нест, ки рӯзе ҳаст, ки ӯро дар бораи корҳои хубу бадаш мепурсанд, ва ба фармудаи Қуръон: «Шайтон бар онҳо мусаллат шуда ва ёди Худоро аз хотирашон бурдааст».
Чизҳое, ки инсонро аз ёди маод (охират) боз медорад
Чизҳое, ки сабаб мешаванд инсон аз охират ғафлат варзад ва нисбат ба он, бепарвоӣ кунад ба ғайр аз шакку шубҳаҳои эътиқодӣ ва пиндорҳои ботили фикрӣ иборат аст аз:
1. Осоишталабӣ ва исрофу бебандуборӣ;
2. Дил бастан ба хушӣ ва хушгузарониҳои тезгузар, саргармиҳо, айшу нуш ва ҳавасронӣ;
3. Пулу сарватҷамъкуниҳои аз ҳад зиёд;
4. Душвории роҳи расидан ба хубиҳо ва хастагӣ ва танбалии инсон ғ.
Ба таври умумӣ метавонем бигӯем, ки ҳам сахтӣ ва ҳам хушии саргамкунанда, дунёталабӣ ва сарватҷамъкунии аз ҳад зиёд, инсонро гумроҳ ва ӯро аз ёди қиёмат боз медорад. Бинобар ин, Худованд инсонро ба миёнаравӣ фармон дода ва фармудааст:
«Ва дар он чи Худо ба ту додааст, сарои охиратро биталаб (ба ёди қиёмат бош), ва баҳраатро аз дунё фаромӯш макун (дунёи худро низ аз роҳи дуруст обод кун)».
Роҳу равиши Пайғамбар(с) дар ёди маод
Аз он ҷо ки ҳеҷ инсоне монанди Пайғамбар(с) бовари мустаҳкам ба Худо ва бозгашт ба сӯи ӯ надошт ва надорад, ҳеҷ роҳу равише монанди роҳу равиши он Ҳазрат(с) омӯзанда ва тарбиявӣ нахоҳад буд. Дар роҳу равиши Пайғамбар(с) ҳар рухдод ва ҳодисаи калон ё хӯрде рух медод ва нишонаи аз байн рафтан буд, Пайғамбар(с) ин ояти муборакро мехонд: «Мо аз они Худоем ва ба сӯи Ӯ бозмегардем».
Пайғамбар(с) дар суханҳо, истидлолҳо ва бархӯрдҳо, чӣ дар ҷанг ва чӣ дар сулҳ, дар масҷид ва ғайри он, ҳамвора дар бораи қиёмат сухан мегуфт ва мардумро ба ёди маод ва қиёмат роҳнамоӣ мекард.
Роҳу равиши соҳибони хирад нисбат ба маод
Қуръони Карим дар бораи соҳибони ақли солим мефармояд: «Қатъан дар офариниши осмонҳо ва замин ва рафту омади шабу рӯз барои хирадмондон нишонаҳое аст онон, ки дар ҳолати истода ва нишаста ва дар ҳоли хоб Худоро ёд мекунанд ва доим дар фикри офариниши осмонҳо ва замин ҳастанд, ва мегӯянд: Парвардигоро! Ин дунёро беҳуда наофаридаӣ! Пок ва муназзаҳӣ: Моро ба лутфи худ аз азоби оташи дӯзах нигоҳдор. Эй Парвардигори мо, ҳаркиро ту дар оташ афканӣ, ӯро сахт хор кардаӣ, ӯ ситамкор буда ва ситамкоронро ҳеч кас ёри нахоҳад кард… Парвардигоро рӯзи қиёмат моро хор магардон!».
 Чаро баъзеҳо ба маод ва қиёмат бовар надоранд?
Аз назари Қуръон ин беэътиқодӣ ба хотири чанд чиз аст:
1.    Шакку шубҳаи илмӣ;
2.    Шаҳвати амалӣ.
Шакку шубҳаи илмӣ он аст, ки чӣ гуна вақте ки мо мемирем ва хоку устухон мешавем, Худованд моро зинда мекунад? Худованд дар ҷавоби чунин шакку шубҳае мефармояд:
«Мо ин корро метавонем, на танҳо устухонҳоро, балки хатҳои нозуки сари ангуштҳои шуморо низ ба ҳолати аввалаш боз мегардонем».
Низ мефармояд:
«Ҳамон гуна ки дар оғоз шуморо офарид (бори дигар пас аз марг) бозмегардонад».  Аҷабо! инсон, дар ин ки аслан вуҷуд надошт ва Худо ӯро ба сурати шигифтангез бавуҷуд овард намеандешад, вале дар зинда шудан пас аз марг,  ки дар ҳақиқат интиқол аз ҷое ба ҷои дигар аст, на бавуҷуд овардан аз нестӣ – ва ин кор бисёр осонтар аз бавуҷуд омадан аз нестӣ аст – тардид мекунад. Оё Худое, ки Омону Замин бо ин азатро офарид, наметавона инсони кӯчакро пас аз марг зинда кунад?! «Қатъан офариниши Осмонҳо ва Замин, аз офариниши инсонҳо (кори басо) бузургтар аст».
Шаҳвати амалӣ он аст, ки инсон, бо вуҷуди ин ки медонад маод ва қиёмат ҳаст, вале дар амал ба шаҳватронӣ ва ҳаваспарастӣ даст мезанад. Худованд дар бораи чунин касоне мефармояд:
«Оё дидӣ он касеро, ки ҳавои нафсашро маъбуд ва худои худ карда ва Худованд ӯро бо огоҳӣ гумроҳ сохтааст».”
Хулоса ин ки Шайтон, ки душмани асосии инсон аст, нахуст дар бораи маод шакку шубҳаи илмӣ дар зеҳни инсон эҷод мекунад, баъд онро мустаҳкам карда ва оҳиста – оҳиста инсонро ба шаҳватҳои амалӣ мекашонад. Вай барномаи гумроҳкунандаи худро чунин эълон кардааст:
«Шайтон ба Худо гуфт: Ман баъзе аз бандагони туро зери бори тоати худ кашида сахт гумроҳ мекунам. Онҳоро ба орзуҳои дуру дароз водор мекунам ва ба онҳо фармон медиҳам, то гӯши ҳайвонотро бибурранд ва амр мекунам, то хилқати Худоро тағйир диҳанд. Ва ҳар кас, ки Шайтонро ба ҷои Худо дӯст дорад ва ӯро сарпараст ва пешвои худ қарор диҳад, сахт зиён кардааст. Шайтон инсонро бисёр ваъда медиҳад ва умедвор мекунад, вале ваъдаи Шайтон, ҷуз ғурур ва фиреби мардум (чизи дигаре) нест. Дӯзах ҷойгоҳи Шайтон ва пайравони ӯст ва аз он гурезгоҳе нахоҳанд ёфт».
Пас, дар ҳақиқат шубҳаи илмӣ дар бораи маод, ки дар зеҳни бархе афрод вуҷуд дорад, илм нест, балки васвасаи шайтон аст. Ин шубаҳа, агар бартараф нашавад, дар рафтор ва тарбияти инсон асар гузошта ва мумкин аст хатароти ҷуброннопазиреро мутаваҷҷеҳи соҳиби худ созад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.