Муаллим ва мураббӣ аз дидгоҳи Ислом

1 155

Қуръони Карим ба  унвони чароғи пурфуруғ ва сироҷи ваҳҳоҷ, ки комилтарин барнома ва  қавонинро барои  саодати  башар дорад,  дар  оёти нурониаш мактаби  таълим ва  тарбияти исломиро ба  зебоии ҳарчи тамом тарсим намудааст ва Худовандро ба унвони аввалин  муаллими  башар муаррифӣ  намуда, ки ба пайғамбараш  дар оғози биъсат фармуд: “Бихон ба номи Парвардигорат” (ояти 1-2, сураи Алақ )  ва  инчунин мактаби таълим ва тарбияти исломӣ ба унвони мактаби мумтоз, мустақил ва бо мабонӣ ва усули мушаххас  падидор гардид, ки дар  ин мактаб илму дониш, муаллиму мутааллим (шогирд ва мураббӣ) ва мадраса ва мактабхона аз ҷойгоҳи бисёр  арзишманд ва рафие бархурдоранд. Мо дар ин мақола илова бар  нигариши куллӣ ба мактаби таълиму тарбияти исломӣ ба ҷойгоҳи муаллим ва рисолати муаллим ва вижагиҳои як муаллим аз манзари оёти ваҳёнии Қуръони Карим  ва  ривоёти нуронии ҳазароти Маъсумин(алайҳимуссалом) пардохтаем ва рисолати як муаллими қуръониро  ҳамон рисолати Худованд ва рисолати расулони илоҳӣ дар ҳидоят, сарпарастӣ ва хуруҷ аз зулумот ба сӯи нур ва рушду камолбахшии инсон ба қурби ҳазрати Ҳақ донистаем.
Калимоти раб, раббано, раббакум, раббука, раббуҳу, раббуҳо, раббуҳум, раббӣ,   раббуҳумо ва раббукумо, ки дар Қуръон омадааст баёнгари рубубияти зоти муқаддаси Аҳадият мебошад. Асли раб тарбият аст ва он иборат аз эҷоди чизе аст то ба тадриҷ ӯро ба мақсади камол ва тамом раҳнамуд созад. Бо таваҷҷӯҳ ба ҳамин ҷойгоҳи таълим ва тарбият аст, ки ҳадаф аз биъсати пайғамбарон(а), таълими китобу ҳикмат, парваришу тасфияи руҳ аз нохолисиҳо муаррифӣ шудааст ва дар калимоти Расулуллоҳ(с) омадааст, ки  ин ҷумалот баёнгари он аст, ки Ислом дар заминаи таълим ва тарбият дорои мактаби мумтоз, мустақил бо мабонӣ ва усули мушаххас ва илоҳӣ аст. Аз ҷумла мабонии матраҳ дар мактаби таълим ва тарбияти Ислом асли худомеҳварӣ ё ихлос, асли тақаддуми ислоҳи худ бар ислоҳи дигарон,  асли таваккул ва эътимод ба нафс, асли  оят будан ва нишона шудан ба сӯи камоли мутлақ, асли мудоро ва дурӣ аз сахтгирӣ ва такаллуф, асли ақлонӣ будани низоми таълим ва тарбият ва асли ҳокимият додан ба таълиму тарбияти илоҳӣ мебошад. Дар мактаби таълим ва тарбияти исломӣ  фароҳгири  илму дониш ҳамроҳ бо таҳзиб ва тарбияти динӣ  ҳадафи рисолати Паёмбар(с) шумурда шуда ва барои таҳсили илм  на маҳдудияти замонӣ дорад ва на маконӣ ва аз назари муаллим  марз намешиносад чаро, ки илм ва ҳикматро гумшудаи  муъмин  медонад, ки назди ҳар кас биёбад онро мегирад. Дар мактаби  Ислом  тамоми  афродаш  бояд  муаллим бошанд ва тамоми афродаш мутааллим, ҳама бояд ҳам таҳсил кунанд ва ҳам тадрис намоянд ва инсонҳоро илоҳӣ тарбият кунанд.

Ҷойгоҳи муаллим дар мактаби  таълим ва тарбияти исломӣ
Ислом муаллимро ба унвони падари рӯҳонӣ  муаррифӣ  мекунад ва мегӯяд: яке аз падарони сегонаи ту, муалиме аст, ки ба ту дониш меомӯзад ва бинобарин тамомии ҳуқуқе, ки  дар бораи падар ва модар риоят мешавад бояд дар ҳаққи муаллим ба сурати комилтар риоят гардад. Номи муаллим чунон бо азамат аст, ки дар ҷой – ҷойи мутуни  исломӣ аз ӯ  таҷлил ба амал омада то ба он ҳад, ки Худованди Алим худро муаллим хонда ва Имом Хумайнӣ(рҳ) фармудаанд: Муаллими аввал, Худои Таборак ва Таоло аст, ки  ихроҷ мекунад мардумро аз зулумот ба сӯи нӯр ва ба василаи анбиё(с) ва оёти ваҳёнӣ мардумро даъват мекунад ба нуроният, даъват мекунад ба камол, даъват мекунад ба ишқ, даъват мекунад ба муҳаббат, даъват мекунад ба маротиби камоле, ки аз барои инсон аст. Ба дунболи  ӯ анбиё(с) ҳастанд, ки  ҳамон  мактаби  илоҳиро нашр медиҳанд ва онҳо ҳам шуғлашон  таълим аст, муаллиманд, муаллими башаранд, онҳо ҳадди шуғлашон ин аст, ки мардумро  тарбият кунанд ва инсонро тарбият кунанд, аз мақоми ҳайвоният боло равад ва ба мақоми инсоният бирасад.
Мақоми  муаллим мақоми болое аст, мақоми болотар аз мақоми муаллим нест ва чунин аст, ки ворисони анбиё(с) шумурда мешаванд. Чунончи Имом Содиқ(а) фармудаанд: Донишмандон  ворисони пайғамбаронанд. Муаллим шамъи  сӯзон ва фурӯзони ҳидоят аст, ки нурашро аз манбаъи аслии нур яъне Худо дарёфт шуда ва ба нурафшонии  қулуб  мепадозад.
Ҷойгоҳ ва шаъни муаллим ва устод то бадон ҷо аст, ки Расулуллоҳ(с) дар каломе ба Имом Алӣ(а) фармудаанд: Ё Алӣ агар ба василаи ту ва (ба мадади илоҳӣ) як нафар тариқи ҳидоятро боз ёбад ва ба ҳақ раҳнамун гардад, пурарзиштар ва беҳтар аз он аст, ки молики шӯтурони сӯрхмӯи фаровон бошӣ. Муаллимҳо мояи ҳаракат ва баракати ҷомеъа ҳастанд ва Имом Алӣ(а) фармудааст: донишмандон то поёни ҷаҳон зиндаанд, шахси онҳо дар миён нест  аммо  осорашон дар қалбҳо  мавҷуд аст ва уламо  ба мақоми шафоият мерасанд.
Расулуллоҳ(с)  фармудаанд: Рӯзи қиёмат  нахуст анбиё(а) шафоат мекунанд, сипас  уламо ва баъд аз онҳо шаҳидон. Донишмандонанд, ки аз Худо метарсанд ва хашият яъне  тарс аз масъулият  ҳамроҳ бо  дарки  азамати  мақоми Парвардигор ва ин  ҳолати тарс  зодаи  сайр дар  оёти офоқӣ ва анфусӣ ва  огоҳӣ аз илм ва  қудрати Парвардигор ва ҳадафи офариниш аст. Дар  низоми таълим ва тарбияти исломӣ  муаллим масъули тамомии муқаррарот аст, ки як кишвар ё ҷомеа пеш меояд ва масъули тамомии муқаррароте аст, ки барои як кишвар ё ҷомеа  пеш меояд ва масъули тамоми  инсонҳое аст, ки зери дасти ӯ бояд тарбият бишаванд. Муаллим  агар худсозӣ кунад ва таҳзиби нафс намояд ва ҳоким бар худ бошад,  афроди як ҷомеа,  солеҳ ва солиҳа  хоҳанд буд ва  агар муаллим тарбияти динӣ надошта бошад  сабаби инҳирофи наслҳо ва асрҳо мегардад ва  ҷомеаро ба харобӣ мекашонад ва ҳама саодатҳо ва ҳама шақоватҳо аз  мадрасаҳост ва  калидаш ба дасти муаллим аст ва ин мавзуъ, ҳикоятгари ҷойгоҳи хатир ва бисёр муҳими муаллим ва мураббӣ аст.

Рисолати муаллимон ва мураббиён
Пас аз ниҳоди хона ва хонавода, ки конуни пурмеҳр ва  муҳаббати падару модар аст, мадраса ва мактаб муҳимтарин макон барои таълим ва тарбият аст. Ҷое, ки маҳалли буруз ва зуҳури рисолати  хатири муаллиме аст, ки агар ӯ муаллимӣ кунад, роҳи инҳироф баста мешавад ва дари зиндонҳо баста мегардад. Мактаби таълим ва тарбияти исломӣ рисолатҳои муҳимеро барои муаллим ва мураббӣ тарсим кардааст, ки ба тартиб ба тарҳи онҳо мепардозем.
1.    Даъват ба сӯи Худо ва тарбияти илоҳӣ
Яке аз аҳдофи олия дар анбиё, ки сарлавҳаи кори онҳо маҳсуб мешавад даъват ба Худо ва тарбияти мардум барои ҳаракат дар масири камоли  Маъбуд аст. Муаллим боисти ҳама чизаш барои Худо бошад. Омӯзишаш барои Худо, тарбияташ барои Худо, аъмолаш барои Худо, нишастанаш барои Худо, сукуташ барои Худо  ва бо таваҷҷӯҳ ба Худо аст, ки мешавад тарбияти илоҳӣ намуд.
2.    Даъват ба сӯи нур ва тарбияти нуронӣ
Дар Қуръони Карим яке аз аҳдофи олия дар даъвати анбиё ихроҷи мардум аз зулумот ба  сӯи нур будааст, ки бо тиловати оёти илоҳӣ онҳоро аз зулматҳои куфр, ҷаҳл, гуноҳ ва фасоди ахлоқӣ берун оварда ба сӯи нури имону тақво ва саодат ҳидоят менамояд. Рисолати муаллим дар ҷомеа ҳамон рисолати Худованд аст. Нақши  сарпарастӣ, дилсузӣ ва хуруҷи огоҳонаи афрод аз зуллумот ба сӯи нур ба  уҳдаи муаллим гузошта шудааст, муаллим ҳамонанди  анбиёе, ки  муаллими башарият  ҳастанд, башариятро муаллимӣ мекунад ва чи басо бо  тарбияти нуронии як нафар  ҷаҳонеро мутаҳаввил кунад.
3.    Даъват ба сӯи ислоҳи  ҷомеа ва тарбияти солеҳ
Дар Қуръони Карим омадааст: (оя) Ман ҷуз ислоҳ  то онҷо, ки тавон дорам ва  тавфиқи ман ҷуз ба Худо нест. Ин шиори тарбиятии ҳамаи анбиёи илоҳӣ(а) буда, ки ҳамроҳи таваҳҳум бо амали тарбиятии онҳо асбоби ислоҳ дар куфр, андеша, ахлоқ ва низомоти фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеаро дар ҳамаи абъод падид овардааст.Ва рисолати муаллим низ чунин аст, ки бо касби тавфиқи илоҳӣ ба  ислоҳи фарҳанг ва тарбияти фикр ва мағзҳои мутафаккир  мепардозад то  тамоми арсаҳои  ҷомеа ба самти ислоҳ ҳаракат намояд.

4.    Даъват ба поксозӣ ва тарбияти ахлоқӣ
Рисолати анбиё(а) поксозии инсонҳо ва бозгардондани таҳорати фитрии  нахустин ба онҳо аст. Нахустин  дастури Қуръон, бархурди мулоим ва ҳамроҳ бо меҳр ва утуфати инсонӣ аст. Ҳадаф он аст, ки мардум ҷазб шаванд, мутазаккир шаванд, роҳ пайдо кунанд. Таваққуи ислоҳи ҷомеа бидуни ислоҳи мурабиён ва муаллимони он ҷомеа таваққуъи беҷо ва нораво аст. Лизо поксозӣ ва худсозиро ҳар кас худаш шуруъ кунад ва ақоиду ахлоқ ва аъмолашро татбиқ бо Ислом бидиҳад он вақт ба ислоҳи дигарон бипардозад. Тарбияти ахлоқӣ кунад  ва  эҳсоси  масъулияти ахлоқиро дар ҳамаи арсаҳо дар шогирдон рушд диҳад ва онҳоро уҳдадор ба ҷомеаи исломӣ таҳвил диҳад.
5.    Даъват ба сӯи илму дониш ва тарбияти қуръонӣ
Дар Қуръони Карим омадааст: Бигӯ оё касоне, ки медонанд бо касоне, ки намедонанд яксонанд. Муҳимтарин даъвати анбиё ба сӯӣ илму дониш буда ба тавре, ки Расулуллоҳ(с) фармудаанд: Ман барои таълим фиристода шудаам ва бояд донист илм дар оёти Қуръон ба маънои доштани миқдоре истилоҳот ва алфоз нест балки манзур аз илм он маърифат ва огоҳии хоссе аст, ки инсонро ба итоати парвардигор ва тарсу умед аз Худо даъват мекунад. Агар дар як қалби тарбиятшуда ин илм ворид шавад атраш оламро мегирад ва ҳама истеъдодҳо дар партави он шукуфо мешавад ва ҷомеа ба сӯӣ  ислоҳ ва камол ҳаракат менамояд. Ва чунин илме дар партави тарбияти қуръонӣ  муяссар мегардад тарбияте, ки нури илмро дар вуҷуди инсон ҷилвагар месозад.
Бароянди тарбияти қуръонӣ ин аст, ки:
1.    Тарбиятёфтагон бо тақво ва худотарс бошанд.
2.    Тарбиятёфтагон ходими Ислому Қуръон ва мардум бошанд.
3.    Тарбиятёфтагон барномадор ва ҳадафманд ба сӯи саодати ҷомеа ҳаракат кунанд.
4.     Тарбиятёфтагон сабабҳои рушт ва болобарии мақоми инсониро барои мардум фароҳам кунанд.
5.    Тарбиятёфтагон на худ ва на дигаронро бандаи тоғут накунанд.
6.     Тарбиятёфтагон ниёзҳои замона ва улуми марбут ба онро барои Худо фаро гиранд ва ба кор банданд.

Вижагиҳои як муаллими хуб
Бо баррасии оёт ва ривоёт ва калимоти бузургони дин вижагиҳое, ки метавон арзишмандӣ ва хубии як муаллимро намоён созад ҷамъовари намудаем, ки ба тартиб иборатанд аз:
1.    Ихлос дар ният ва амал:Решаи асоси ихлос ва амал, ҳамон  тасфияву тазкия ва полоиш дар ботин  аз ҳамаи олудагиҳост.
2.    Таъкид ба амали солеҳ: Имом Содиқ(а) мефармояд:  Асари таълими муаллим бидуни амали солеҳро ба бороне ташбеҳ мекунад, ки руи харсанг мерезад ва бар рӯӣ он мелағзад ва таъсире надорад.
3.    Ахлоқи неку, ҳусни хулқ ва фурутанӣ: Имом Содиқ(а) фармудаанд: رأس العلم التواضع
4. Ҳиммати баланд ва иффати нафс: Расулуллоҳ(с) фармудаанд:  الفقها امناء الرسل
5. Олим ба талаботи замон: фарзандони мо дар  ҳар замоне мувофиқи он замон бояд  тарбият шаванд.
6. Таваҷҷӯҳ ба масулияти муаллим ва эҳсоси масъулият(эҳсоси биъсат) дар ҳама  ҳолот ва замонҳо.
7. Иҷоди замина барои шукуфоӣ ва рушди тафаккур ва тааққул дар шогирдон.

                                                                                                                                                        

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.