Ёдоварии чанд нукта ба падару модарон

74

Чанд ёдоварӣ ба падару модарон

Чанд ёдоварӣ ба падару модарон дар мавзӯи тарбияти фарзанд

Волидайни мӯҳтарам бояд бидонанд, ки беҳтарин роҳ барои рӯбарӯ шудан бо густохии навҷавонон, гуфтугӯ дар фазои ором аст. Рафтори таҳоҷумӣ ба густохии навҷавон бештар доман мезанад.

Танҳо гузоштани кӯдакони зери дувоздаҳсола тарсовар ва барои онон зараровар аст. Волидайн ҳаддалимкон аз танҳо гузоштани кӯдакон худдорӣ кунанд.

Падару модарон моликияти кӯдаконро (дар мавриди васоили шахсии онон) мӯҳтарам бишморанд ва ҳуқуқи моддии онҳоро зоеъ накунанд, то уқдаҳои даврони кӯдакӣ дар калонсолӣ ононро водор ба таҷовуз ба ҳуқуқи дигарон накунад.

Беҳтар аст, падару модарон дар баробари каҷрафтории кӯдакон хатту нишон накашанд, зеро хатту нишон кашидан, боиси изтиробу нигаронии бештари кӯдак мешавад.

Падару модарон аз дашному бадзабонӣ ва гуфтани суханони зишт нисбат ба кӯдакон парҳез кунанд, зеро дашном тири заҳролуд аст, метавонанд алайҳи душманон аз он истифода кунанд, на алайҳи кӯдакон.

Волидайн кӯдаконро нисбат ба масоили ҳассос ба тадриҷ ҳассосиятзудоӣ кунанд. Монанди тарс аз баландӣ, ки бо бурдани тадриҷии кӯдакон ба иртифои баландтар, ба тадриҷ, тарс аз байн меравад.

Падару модарон пас аз ҳар шикаст ба бачаҳо маҷол диҳанд, ки онро бипазиранд ва бо ҳам дар бораи иллатҳои он баҳсу гуфтугӯ кунанд. Ин кор беҳтар аст, аз он ки барои пешгирӣ аз шикасти руҳияи кӯдакон, онро пинҳон кунанд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.