Васиятномаи як подшоҳ

198

Подшоҳи Юнон Александр, пас аз тасхир кардани ҳукуматҳои подшоҳии бисёр, дар ҳоли бозгашт ба ватани худ буд. Дар байни роҳ, бемор шуд ва ба муддати чанд моҳ бистарӣ гардид. Бо наздик шудани марг, Александр дарёфт, ки чи қадар пирӯзиҳояш, сипоҳи бузургаш, шамшери тезаш ва ҳамаи сарваташ бе фоида будааст. Ӯ сардорони артишро фаро хонду гуфт: ман ин дунёро ба зуди тарк хоҳам кард. Аммо се хоста дорам. Лутфан хостаҳоямро ҳатман анҷом диҳед. Онон низ мувофиқат карданд, ки аз охирин хостаҳои подшоҳи худ итоат кунанд. Александер гуфт: Аввалин хостаам ин аст, ки пизишкони ман бояд тобутамро ба танҳоӣ ҳамл кунанд. Сониян вақте, ки тобутам ба самти қабристон ҳамл мегардад, роҳи мунтаҳи ба қабристон бояд бо тило, нуқра ва сангҳои қиматбаҳое, ки дар хазонадорӣ ҷамъовари кардаам пӯшонда шавад. Севвумин ва охирин хостаам ин аст, ки ҳар ду дастам бояд берун аз тобут овезон бошад.

Мардуме, ки онҷо гирд омада буданд аз хостаҳои аҷиби подшоҳ тааҷҷуб карданд. Аммо ҳечкас ҷуръати эътироз надошт. Фармондаҳи мавриди алоқаи Александр дасташро бусид ва руи қалби худ гузошту гуфт: Подшоҳо! Ба шумо итминон медиҳам, ки ҳамаи хостаҳоятонро иҷро хоҳад шуд. Аммо бигуед чаро чунин хостаҳои аҷибӣ доред? Дар посух ба ин пурсиш, Александр нафаси амиқе кашиду гуфт: Ман мехоҳам дунёро огоҳ созам аз се дарсе, ки ба тозагӣ ёд гирифтаам. Мехоҳам пизишкон тобутамро ҳамл кунанд чаро, ки мардум бифаҳманд, ки пизишкон наметавонанд инсонеро аз марги ҳатмӣ наҷот диҳанд. Бинобар ин нагузорид мардум фикр кунанд зиндагии абадӣ доранд. Дуввимин хоста дар мавриди рехтани тило, нуқра ва ҷавоҳирот дар масири роҳ ба қабристон, ин паёмро ба мардум мерасонад, ки ҳатто як зарра тилоҳам намитавонам бо худ бибарам. Бигзоред мардум бифаҳманд, ки дунболи сарват рафтан, беҳуда сарф кардани вақти маҳз аст. Севвумин хостаам яъне дастҳоям берун аз тобут бошад, мехоҳам мардум бидонанд, ки ман бо дастони холӣ ба ин дунё омадаам ва бо дастони холӣ ин дунёро тарк мекунам.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.