Ҳикматҳое дар мавзӯи тарбияти кӯдак

42

Ҳикматҳое дар мавзӯи тарбияти кӯдак

Ҳикматҳое аз бузургон дар мавзӯи тарбияти кӯдак

“Тухмӣ на себ аст ва на хурмо, вале бо тарбият қобилияти онро ба даст меоварад, то бо парвариш, дарахти себ ва хурмо шавад. Истеъдоди кӯакон хеле бештар аз як дарахти себу хурмост”. (Имом Ғаззолӣ)

“Агар танбеҳе сурат гирифт, бояд дар ниҳояти дурандешӣ бошад, барои ин ки танбеҳ муассир афтад, набояд ҳангоми иҷро бо хашм ҳамроҳ бошад, то кӯдакон дарёбанд ҳадаф ислоҳи онон аст, на эъмоли назар”. (Конт)

“Роҳи тазкияи нафс, одат кардан ба афъолест, ки аз нафс содир мешавад, такрори фазоил дар замоне ҳарчанд кӯтоҳ, дар шахсияти инсон муассир аст”. (Имом Ғаззолӣ)

“Ҳамнишинӣ бо бузургон ва маҷолиси онон, дар шахсияти иҷтимоӣ ва равонии кӯдак асари мустақим дорад”. (Имом Ғаззолӣ)

“Фарзанди худро ба анҷоми корҳои хайр одат диҳед, чун кори хайр бар асари одат варзидан ба он ҳосил мешавад”. (Абдулло ибни Масъуд)

“Илми бидуни адаб монанди оташи бидуни ҳезум аст. Ва адаб бидуни илм, монанди руҳ бидуни ҷисм аст. Волидайн бояд заминаи ҳар дуро фароҳам кунанд”. (Имом Ғаззолӣ).

“Бархурди мусбат бо навҷавонон, баршумурдани нуқоти мусбати онон аст, зеро сабаби ташвиқашонро фароҳам мекунад. Волидайн аз бармало кардани айбу эроди навҷавонон парҳез намоянд”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.