Чанд роҳкор барои зиндагии хуб

103

Мавҷҳое, ки ба соҳил бархурд мекунанд, пас аз гузашти солҳо, ба оромӣ ва рафта рафта сахраҳои (сангҳои бузург) соҳилро фарсоиш медиҳанд ва дар ҷуғрофиёи минтақаҳои соҳили тағйироте нав ба вуҷуд меоваранд.
Зиндагии муштарак низ ҳамонанди соҳиле аст, ки бар асари рафторҳо, гуфторҳо ва гузашти замон тағйири шакл хоҳад дод. Мумкин аст чеҳраи зиндагии муштарак таҳсинбарангез бошад ва шояд ҳам бар асари зарбаҳо номулоимҳо ва суи рафторҳо, сурати комили он ба шакли нохушоянд ва тикка тикка шуда даромада бошад.
Робитаҳои инсон барои ҳаракат дар роҳҳои пурпечу хаме, ки дар пеши рӯ дорад ба миқдори ангеза ниёзманд аст. Ҳамкори дар зиндагии муштарак арзиши волое дорад. Ба он таваҷҷӯҳ кунем ва ҳисси мушорикат, ҳамдардӣ ва ҳамкориро парвариш диҳем.
Бибахшед ва фаромуш кунед
Аввалин қадам барои идома бахшидан ба зиндагии муштарак, бахшиш ва фарамуш кардани хатоҳост; метавон қазовати нодурустро нодида гирифт ҳатто агар нороҳакунанда бошад. Бо гузашт ва фаромуш кардани хатоҳо метавон ба ҳама чиз ранги тозае зад. Бе эътимодӣ ва озурдаги хотирро аз зиндагии муштарак дур кунед. Агар натавонед чоҳеро, ки дар ростои зиндагии муштаркатон ба вуҷуд омадаро пур кунед пас аз муддате ҳастаи он фуру хоҳад рехт. Ба хотир дошта бошем, ки гузашт бояд ҳамроҳ бо фаромуш кардани хатоҳо бошад. Дар ғайри ин сурат отше аст, ки зери хокистар пинҳон шуда ва саранҷом шуълавар хоҳад шуд.
Аз ҳадсу гумон пайрави накунем
Ҳадс ва гумон монанди муриёнае робитаи байни зан ва шавҳарро мехурад.
Бо якдигар сухан бигӯем ва қадри фурсатҳоро бидонем.
Лозим аст ки аз робитаи инсон нигаҳдорӣ ва муроқибат кард. Замонеро барои истироҳат кардан, замонеро ба ҳалли масъалаҳо ва мушкилот ва замонеро ба барномарези барои оянда ихтисос диҳед.
Ба таври мисол метавон чанд соате вазифаҳо ва тааҳҳудоти худро канор гузошт ва ба таомшои албомҳои суратҳои худ пардохт ва аз тамошои онҳо лаззат бурд.
Як шарики хуб ва фаол бошед
Мо ҳамеша бо саросемаги ба сӯи вазифаҳои иҷтимоӣ ва корҳои шахсии зуд ҳаракат мекунем ва аз баёни ҳисси қадрдонӣ ва сипосгузори боз мемонем …. дар ҳоле ки метавонем бо шарики зиндагии худ беҳтар рафтор кунем. Чаро ба роҳати нороҳатиҳо ва буҳронҳо кори худро ба сари ӯ бирезем?
Эҳтиром гузоштан ба шарики зиндаги, шеваи бисёр муассире барои идома бахшидан ба зиндагии муштарак аст аммо дар сурате ки фақат ба канори ҳам гузоштани калимаҳо маҳдуд нашавад? Барои ситоиш ва сипосгузорӣ далеле дошта бошем ва бо тамоми вуҷуд ӯро ситоиш кунем.  Метавонед аз тавоноиҳои ҳамсари худро дар як дафтар нависед. Мутмаин бошед, ки бисёре аз онҳоро фаромуш кардаед!
Гузашт бояд ҳамроҳ бо фаромуш кардани хатоҳо бошад. Дар ғайри ин сурат, оташе аст ки зери хокистар пинҳон шуда ва саранҷом шуълавар хоҳад шуд.
Таҷрибаҳои тозеиро ба зиндагии худ бияфзоед.
Роҳи ғайри қобили пешбини ва тозаеро дар пеш бигиред.
Ҳамроҳ бо ҳамсари худ барои дидани зебоиҳои шаҳр ва маконҳои дидани биравед.
Ҳангоме, ки дар бозор ва дигар маконҳо меравед дар канори ӯ қадам бизанед.
Ба ӯ нишон диҳед, ки аз будан бо вай лаззат мебаред. Бидуни ҳеҷ далеле либоси муносиб ва зебо бипушед ва худро биёроед.
Ба ӯ хотинишон кунед, ки барои шод кардаи ӯ худро оростаед.
Хулоса инки робитаи инсон барои ҳаракат дар роҳи пурпечу хаме, ки дар пеши ру дорад ба миқдоре ангеза ниёзманд аст. Ҳамкори дар зиндагии муштарак арзиши волое дорад. Ба он таваҷҷуҳ кунед ва ҳисси мушорикат, ҳамдарди ва ҳакориро парвариш диҳед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.