Хонавода конуни тарбияи фарзанд

145

Хонавода нахустин муҳити тарбияӣ аст. Муҳите, ки тифл ночор дар он чашм мекушояд ва рушд мекунад. Кӯдак аз ҳангоми таваллуд, то солёни чанд фақат бо хонавода дар тамос аст ва ин тамоси наздик ва доимӣ бо хонавода нақши бисёр муъассире дар созандагии шахсият ва рафтори вай дорад. Аз ин рӯ вазифаи волидайн аст, ки ин фазоро бо тарбияи солим мудирият намоянд, ки ба ду намунаи он ишора мекунем:

 А Шурӯи даъвати Паёмбари Аъзам(с) бо инзори бастагон

Сесол пас аз беъсат, Паёмбари Акрам(с) маъмур мешаванд, ки даъвати умумии худро бо инзори хонаводаи хеш оғоз намояд. Дар сураи Шуаро дастури Худованд чунин аст:

«وَ أَنْذِرْ عَشيرَتَكَ الْأَقْرَبينَ»“Ва хонадони наздикатро ҳушдор деҳ”[1], дар тафсири ин оя гуфта шудааст, ки ҳангоме ки ояи болонозил шуд, Паёбари Гиромӣ(с) гирист ва хонаводаи худро ҷамъ кард, сипас фармуд: Эй бани Абдуманоф! Худро аз оташ наҷот диҳед. Эй бани Абдулмуталлиб! Худро аз оташ наҷот диҳед. Эй бани Ҳошим! Худро аз оташ наҷот диҳед…[2].

 Б- Амр ба нигаҳдории худ ва хонаводаи худ аз оташи дузах

Дар таълим ва тарбияти исломӣ на танҳо Паёмбар, ки мӯъминон низ масъул мешаванд илова бар пардохтан ба нафси хеш, ислоҳи дигаронро низ дар назар дошта бошанд ва албатта ин масъулият дар робита бо хонавода, ки бахше аз вуҷуд ва ҳастии инсон аст сангинтар мешавад, ба гунае ки Худованд дар Қуръони Маҷид ба афроди бо имон фармон медаҳад, ки:«يا أَيُّهَا الَّذينَ آمَنُوا قُوا أَنْفُسَكُمْ وَ أَهْليكُمْ ناراً وَقُودُهَا النَّاسُ وَ الْحِجارَةُ»“Эй касоне, ки имон овардаед! Худатон ва хонаводаҳоятонро аз оташе ҳифз кунед, ки ҳезуми он мардум ва сангҳост.”[3]

Паёмбари Акрам(с) дар посухи яке аз ёрон, ки аз эшон дар бораи чигунагии ҳифзи хонаводаи хеш аз оташ суол мекунад, мефармоянд:

«تَأْمُرُهُمْ بِمَا أَمَرَ اللَّهُ وَ تَنْهَاهُمْ عَمَّا نَهَاهُمُ اللَّهُ فَإِنْ أَطَاعُوكَ كُنْتَ قَدْ وَقَيْتَهُمْ وَ إِنْ عَصَوْكَ كُنْتَ قَدْ قَضَيْتَ مَا عَلَيْكَ»

“Онҳоро амри ба маъруф ва наҳйӣ аз мункар мекунӣ. Агар аз ту пазируфтанд, онҳоро аз оташи дӯзах ҳифз кардаӣ ва агар напазируфтанд вазифаи худро анҷом додаӣ.”[4]

Дар заминаи даъвати хонавода ба имон, яке аз пайравони имоми Содиқ(а) мегӯяд:

أَهْلَ بَيْتٍ وَ هُمْ يَسْمَعُونَ مِنِّي أَ فَأَدْعُوهُمْ إِلَى هَذَا الْأَمْرِ فَقَالَ نَعَمْ إِنَّ اللَّهَ عَزَّ وَ جَلَّ يَقُولُ فِي كِتَابِهِ يا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا قُوا أَنْفُسَكُمْ وَ أَهْلِيكُمْ ناراً وَقُودُهَا النَّاسُ وَ الْحِجارَةُ

“Ба имоми Содиқ(а) арз кардам: ман хонаводае дорам, ки аз ман шунавоӣ доранд, онҳоро ба амри имомат даъват кунам? Фармуд: Оре, Худои Азза ва Ҷалл дар китобаш мефармояд: Эй касоне ки имон овардаед! Худ ва хонадони худро аз оташе ки оташгираи он мардум ва санг аст, барканор доред.”[5]

Бинобар ин ҳаққи хонавода танҳо таъмини ҳазинаи зиндагии онҳо нест, балки муҳимтар аз он тағзияи рӯҳ ва ҷони онҳо, ба кор гирифтани усули таълим ва тарбияти саҳеҳ ва омӯзиши усул ва мабонии мазҳаб ба онҳост; ва дар ин рӯзгор, ки амвоҷи кубандаи фасод дар берун аз хонавода ва оташҳои дунё аз дарун инсонро иҳота кардааст, ҳар кас муваззаф аст бо фароҳам сохтани шароити муносиб, худ ва хонаводаи худро аз оташи дунё ва охират ҳифз кунад.

Аҳаммияити ин даврон ва муҳит аз нигоҳи донишмандони исломӣ

Донишмандони мусалмон ҳам бо илҳом аз маорифи динӣ ба арзиши конуни хонавода таваҷҷӯҳ дошта ва аҳаммияти нақшеро, ки хонавода дар саъодати кӯдак дорад, баён кардаанд, ки ба намунае аз он иктифо мекунем.

Ғаззолӣ, кӯдакро амонате дар дасти падар ва модар медонад, ки монанди мум аз ҳамаи нақшҳо холист ва падару модаранд, ки ӯро ба шақоват ё саъодат мерасонанд ва ҳар базреро, ки бихоҳанд, дар замини поки дили вай мерӯёнанд.[6] Кӯдак оинаи тамом намои хонаводаи хешаст, ки ҳар хубӣ, бадӣ ва ҳар он чиро, ки аз онҳо мебинад ва мешунавад, дар худ мунъакис месозад. Аз инрӯ, кушиши модарон ва падарон дар тарбият ва парвариши фарзандон аз бузургтарин корҳост.

Абу Алӣ Сино бо ишора ба зарӯрати таъсиси хонавода менависад: Инсон ба маконе ниёзмандаст, ки он чиро ба даст овардааст дар он ҷо ҷамъ ва захира кунад ва барои ҳангоми ҳоҷаташ нигаҳ дорад. Бинобар ин инсон муҳтоҷ аст ба ин ки барои худ манзил ва маскане иттихоз кунад. Он марде, ки ин хонаводаро ташкил додааст, мудир ва раиси афрод ва касони ин хонавода гашта ва онҳо низ раият ва пайрави ирода ва идораи вай мешаванд.[7]

Ғаззолӣ афзун бар мавориде, ки Абу Алӣ Сино баён кардааст, самараи ташкили хонаводаро иқтидо ба суннати Паёмбари Акрам(с), тарбияти фарзандони солеҳ, созандагии ахлоқӣ ва рушди маънавӣ медонад.[8]

[1]. Сураи Шуаро, ояти 214.

[2]. Ҷалолидини Суютӣ, Аддуррул мансур фитафсирил маъсур, ҷ.5, саҳ. 95.

[3]. Сураи Таҳрим, ояти 6.

[4]. Алӣ ибни Ҷумъаи Ҳувайзӣ, тафсири Нуруссақалайн, ҷ.5, саҳ. 372.

[5]. Муҳамад ибни Яъқуби Кулайнӣ, Усули кофӣ, ҷ.2, саҳ. 211.

[6]. Имом Муҳаммади Ғаззолӣ, Кимёи саодат, ҷ.2, саҳ. 27.

[7]. Ибни Сино, Тадбири манзил, тарҷума ва нигориш: Муҳаммади Наҷми занҷонӣ, саҳ. 11‑13.

[8]. Кимёи саодат, ҷ.1, саҳ. 302-306.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.