Нақши дўст дар зиндагӣ

46

Нақши дўст дар зиндагӣ

Паёмбари Акрам(с): Одамӣ бар дини дўсти худ аст. Пас ҳар як аз шумо бояд бингарад, ки киро ба дўстӣ бармегузинад.

Имом Алӣ (а): Дурандеш касест, ки барои дўстиаш гузиниш кунад, зеро одамӣ бо дўсташ санҷида мешавад.

Имом Алӣ (а): Барои дўстон пушаймонӣ аст, магар (дар дўстӣ бо) парҳезгорон.

Имом Алӣ (а): Дўсти одамӣ нишонаи хиради ўст.

Канз-ул-фавоид: Ривоят шудааст, ки Сулаймон (а) фармуд: «Нисбат ба касе доварӣ макунед, магар он ки ба ҳамнишинонаш бингаред, зеро одамӣ бо ҳамтоёну ҳаммонандҳояш шинохта мешавад ва ба ёрону дўстонаш нисбат дода мешавад».

Имом Алӣ (а): Мардум ҷуз бо озмоиш шинохта намешаванд. Хонавода ва фарзандонро дар набуданат, дўстро дар гирифториат, хешовандонро дар тангдастиат ва чоплусону дўстнамоёнро ҳангоми бекориат биёзмой, то ҷойгоҳи худатро назди онон бидонӣ.

Имом Алӣ (а): Касеро барои дўстии ҳақиқӣ нишон макун, магар ин ки ўро дар се ҷо биозмоӣ: ўро ба хашм оварӣ ва бингарӣ, ки оё хашм ўро аз ҳақ ба ботил берун мебарад ё на; ва ҳангоми дастёбӣ ба молу манол; ва ҳангоме ки бо ў ҳамсафар мешавӣ.

Имом Содиқ (а): Ҳар гоҳ дўсти ту бар курсии риёсат нишаст ва якдаҳуми рафтори пеш аз риёсатро бо ту дошт, бидон, ки дўсти баде нест.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.