Масҷид маҳалли таълиму тарбият

196

“Касе, ки субҳгоҳон равонаи масҷид шавад, танҳо ба ин хотир, ки хайреро фаро гирад (ёд гирад) ё омӯзиш диҳад, подоши касеро дорад, ки умраи комиле анҷом додааст”.
Масҷид, маҳалли ибодат ва бандагӣ ва макони таҷаммӯи мӯъминон аст. Масҷид қалби ҷомеаи исломӣ ва муҳимтарин маркази тамаддун ва фарҳанги исломӣ, маркази илму дониш ва таълимгоҳи фарзанди мусулмон ва мактаби инсонсоз ва маҳалли тарбияти мӯъминин аст.
Дар ривоёти исломӣ аз масҷид ба хонаи Худо, нишастгоҳи паёмбарон, сарои тақвопешагон, беҳтарин маконҳо ва боғи биҳиштӣ таъбир шуда ва пайваста бо ташвиқоти фаровон мусулмонон ба сӯи масоҷид ва ҳузури фаъол дар ин макони муқаддас фаро хонда шудаанд, то ба василаи унс гирифтан бо масҷид, бо Худои хеш унс бигиранд, ба Худои хеш наздикӣ ҷӯянд ва маорифи динии инсонсоз ва ҷомеапарварро, ки танҳо аз манбаи ваҳй метавон ба даст оварду бас, биомӯзанд.
Албатта инсон ҳама ҷо метавонад дар баробари азамати илоҳӣ сар фуруд оварад ва аз ин тариқ бо Худои худ робита барқарор намояд ва ба розу ниёз бо парвардигори хеш бипардозад, аммо масҷид ба ҷиҳати фазилатҳо ва ҳикматҳое, ки дорад, макони бартар барои ибодат ва бандагӣ ва маҳалли ниёишу розу ниёзи банда бо мавлои хеш шуморида шудааст.
Барои густариши ҳарчӣ бештари ҳузури мардум дар масҷид, дар ривоёти исломӣ, бо таъбирҳои гуногун ва ваъда ба подошҳои фаровон, назири ончӣ дар зер ба онҳо ишора мешавад, мусулмонон барои омадан ба хонаи Худо мавриди ташвиқ қарор гирифтаанд:
– Барои бардоштани ҳар қадам ба сӯи масҷид, даҳ ҳасана дар номаи аъмол сабт мешавад ва даҳ гуноҳ пок мегардад ва даҳ дараҷа дода мешавад.
– Рафтан ба сӯи масҷид дар торикии шаб нуронияти хоссе барои аҳли масҷид падид меоварад.
– Ҳарчӣ масҷид дуртар бошад, савоби касе, ки ба масҷид меравад афзунтар мегардад.
– Пешқадамӣ дар рафтан ба масҷид пешқадамӣ дар наздикӣ ба Худо ва биҳишти ҷовид аст.
– Нишастан дар масҷид ибодат аст.
– Унс гирифтан бо масҷид дар воқеъ унс гирифтан бо Худо аст.
– Рафтан ба масҷид барои омӯзиш ё фарогирии маориф, подоши ҳаҷ дорад.
Ҳамчунин барои ташвиқи мусулмонон ба намоз хондан дар масҷид, аз як сӯ ва баҳрагирӣ аз бофазилаттарин ва пурҷамъияттарин масоҷид, аз сӯи дигар, подоши намоз хондан дар Масҷидулҳаром баробар бо сад ҳазор намоз, дар Масҷиди Паёмбар муодили даҳ ҳазор намоз ва дар Масҷид-ул-ақсо баробар бо ҳазор намоз ва дар масҷидҳои ҷомеъ муодили сад намоз ва дар масҷиди маҳалли сукунат, баробар бо бисту панҷ намоз ва дар масҷиди бозор баробар бо дувоздаҳ намоз эълом шудааст, дар ҳоле ки намоз хондан дар хона он ҳам дар ҳолате ки аз сари беэътиноӣ ба масҷид ва ҷамъият набошад, танҳо подоши ҳамон як намозро дорад. Дар муқобил, тарки масҷид бидуни узри муваҷҷаҳ нишонаи ғафлат, балки нифоқ шуморида шудааст ва таъкид шудааст, ки ҳамсояи масҷид ҷуз дар масҷид набояд намоз бигзорад ва масоҷиде, ки ҳамсояҳояш дар он ҳозир намешаванд, аз онҳо ба Худованди Мутаол шикоят мебаранд. Худованд низ ба онҳо чунин посух медиҳад: “Ба иззату ҷалолам савганд, ҳеҷ намозеро аз онҳо намепазирам ва ҳеҷ гоҳ адолатеро аз эшон дар байни мардум ошкор намесозам ва раҳматам шомили ҳолашон намешавад. Ва онҳо дар биҳиштам ҳамсояи ман намегарданд”.
Одобу аҳком ва фазилати масҷид дар оинаи ривоёт
1-Масҷид хонаи Худо
Пайғамбари Худо(с): Худованди Таборак ва Таоло фармуд: “Огоҳ бошед, ки хонаҳои ман дар замин, масоҷиданд, ки монанди дурахшиши ситорагон барои аҳли замин, бар осмониён, нурафшонӣ мекунанд”.
Пайғамбари Худо(с): Хонаҳои Худо дар замин, масоҷиданд. Бар Худост то касеро, ки дар он хонаҳо дидораш кунанд, гиромӣ бидорад.
Имом Алӣ(а): Нишастан дар масҷид аз нишастан дар биҳишт, барои ман, некӯтар аст, зеро дар биҳишт хушнудии ман фароҳам аст ва дар масҷид хушнудии Парвардигори ман.
2-Нури Худо
Пайғамбари Худо(с): Масҷидҳо нурҳои Худоянд.
3-Нишастгоҳи паёмбарон(а)
Имом Алӣ(а): Масҷидҳо нишастгоҳи паёмбарон ва муҳофизаткунанда аз шайтонанд.
4-Маҳалли шаҳодати авлиёи Худо
Имом Содиқ(р): Ҳеҷ масҷиде нест, ҷуз ин ки бар қабри паёмбаре ё ҷонишини ӯ, ки ба қатл расида ва қатрае аз хунаш дар он ҷо бар замин рехта, сохта шудааст ва Худованд, дӯст дорад, ки дар он макон, ёд шавад. Аз ин рӯ, дар масоҷид, ҳам намози воҷиб ва мустаҳаб бихон ва ҳам намози қазошудаатро баҷо овар.
5-Сарои тақвопешагон
Пайғамбари Худо(с): Масҷид сарои ҳар тақвопешае аст.
Пайғамбари Худо(с): Масҷид хонаи ҳар мӯъмине аст.
6-Беҳтарин маконҳо
Пайғамбари Худо(с), (ба нақл аз Ҷабраил, аз Худованд): Беҳтарини маконҳо, масҷидҳо ҳастанд.
Пайғамбари Худо(с): Дӯстдоштатарин сарзаминҳо назди Худованд масоҷиданд.
7-Боғи биҳиштӣ
Пайғамбари Худо(с): Боғҳои биҳишт масоҷиданд.
Сунани Тирмизӣ, аз Абуҳурайра(р): Паёмбари Худо(с) фармуд: Ҳар гоҳ аз боғҳои биҳишт гузар кардед, дар он гардиш кунед.
Гуфтам: Эй Паёмбари Худо, боғҳои биҳишт чистанд?
Фармуд: Масҷидҳо.
Гуфтам: Эй Паёмбари Худо. Гардиш кардан чист?
Фармуд: Гуфтани “Субҳоналлоҳи валҳамдулиллоҳ ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу Акбар; – пок аст Худо. Ситоиш махсуси Худост. Маъбуде ҷуз Худо нест. Худо бузургтарин аст”.
8-Баракатҳои масҷид
Пайғамбари Худо(с): Омаду рафт ба масоҷид мояи раҳмат ва парҳез аз он нифоқ аст.
Пайғамбари Худо(с): Ҳар гоҳ осебҳо ва офатҳо фуруд оянд, масҷидиён дар амонанд.
Пайғамбари Худо(с): Ҳар гоҳ Худованд бихоҳад ба мардуме осеб бирасонад, чун ба масҷидиён бингарад, осебро аз онҳо дур мекунад.
Пайғамбари Худо(с): Ҳар гоҳ Худованд мардуми диёреро ғарқ дар нофармонӣ бинад, дар ҳоле ки дар он диёр, се мӯъмин низ ҳузур дорад, ӯ онҳоро чунин нидо медиҳад: Эй нофармонон! Агар набуданд дар байни шумо имоноварандагоне, ки ба ёди ҷалолату шукӯҳи ман бо якдигар дӯстӣ меварзанд, онҳое, ки бо намозашон замину масоҷиди маро обод мекунанд ва дар саҳаргоҳон ба хотири тарс аз ман, омурзиш металабанд, бетардид, азобамро бе он ки парво кунам, бар шумо фурӯ мефиристодам.
9-Фазилати масҷид сохтан ва обод кардани он
Пайғамбари Худо(с): Ҳар кас барои Худо масҷиде барпо кунад, Худованд монанди онро барояш дар биҳишт барпо хоҳад кард.
Пайғамбари Худо(с): Ҳар кас барои Худо масҷиде бисозад, Худованд хонае фарохтар аз он дар биҳишт барои вай месозад.
Пайғамбари Худо(с): Панҷ нафар дар гӯри хеш меораманд ва подошашон ҳамчунон ба корномаи онҳо сарозер аст: …касе, ки барои Худо масҷиде бисозад.
Пайғамбари Худо(с): Худо дар рӯзи растохез мефармояд: “Ҳамсоягони ман куҷоянд?”
Фариштагон мегӯянд: “Чӣ касонеанд, ки шоистагии ҳамсоягии туро доранд?”
Мефармояд: “Ободгарони масҷидам”.
10-Масҷидсозӣ дар роҳҳо
Ал-мӯъҷам-ул-кабир, аз Абуқарсофа: Паёмбари Худо(с) фармуд: Ҳар кӣ барои Худо масҷиде бисозад, Худованд дар биҳишт барои ӯ хонае хоҳад сохт.
Марде гуфт: Эй Паёмбар(с)! Ҳамин масҷидҳои сохташуда дар роҳ низ аз ин қабиланд?
Фармуд: Оре!
Ал-кофӣ, аз Ҳишом ибни Ҳакам, аз Абуубайдаи Хаззоъ: Аз Имом Содиқ(а) шунидам, ки фармуд: “Ҳар кас масҷиде барпо кунад, Худованд дар биҳишт барояш хонае барпо хоҳад кард”. Имом Содиқ(а) дар масири Макка бар ман гузашт дар ҳоле ки бо сангҳое масҷидеро бино карда будам. Гуфтам: “Фидоят шавам! Умедвор бошем, ки ин аз он ҷумла аст?”
Фармуд: “Оре”.
11-Сохтани Масҷиди Пайғамбар(с) тавассути эшон
Сунани Ибни Моҷа, аз Анас ибни Молик(р): Макони Масҷиди Паёмбар(с) ба Банӣ Наҷҷор тааллуқ дошт. Дар он, дарахти хурмо ва қабрҳои мушрикон буд. Паёмбар(с) ба онҳо фармуд: Баҳои онро таъйин кунед.
Гуфтанд: Ҳаргиз бобати он маблағе нахоҳем гирифт.
…Паёмбар(с) онро месохт ва онҳо низ (сангу масолеҳ) мерасонданд. Паёмбар(с) мефармуд: Зиндагӣ ҳамоно зиндагии ухравӣ аст. Худовандо, ансору муҳоҷиронро бибахшо.
Паёмбар(с) қабл аз ин ки масҷидеро бино кунад, дар ҳар ҷо ки вақти намоз фаро мерасид, намоз мехонд.
12-Ончӣ дар сохтани масҷид сазовор аст
Лисон-ул-кубро, аз Абуқутода(р): Паёмбари Худо(с) бар гурӯҳе аз ансор, ки барои худ масҷиде месохтанд, ворид шуд ва фармуд: Васеъ ва ҷойдор бинояш кунед, ки дар оянда онро пур хоҳед кард.
Паёмбари Худо(с): Вузӯхонаҳоро канори дарҳои даромади масҷид қарор диҳед.
13-Ончӣ дар сохтани масҷид нописанд аст
Паёмбари Худо(с): Мебинам шуморо, ки масҷидҳоятонро кунгурадор месозед, ҳамон гуна ки яҳудиён канисаҳои худ ва масеҳиён, калисоҳояшонро кунгурадор месозанд.
Паёмбари Худо(с): Ба сохтани масҷидҳои бекунгура фармон ёфтаам.
Пайғамбари Худо(с): Масҷидҳоро бисозед ва онҳоро бекунгура қарор диҳед.
Пайғамбари Худо(с): Ҳеҷ гоҳ кирдори мардуме ношоиста нагардид, магар он ки масоҷидашонро ба зевар оростанд.
Пайғамбари Худо(с): Ҳаргоҳ дидед, ки Қуръонҳо, ҷомаи зебое бар тан кардаанд ва масоҷид зинат ёфтаанд ва манораҳо қад барафроштаанд ва Қуръон бо созу овоз хонда мешавад ва масҷидҳо гузаргоҳ қарор гирифтаанд, мӯъмин дар он рӯзгор аз гӯгирди сурх камёбтар хоҳад буд. Оре масҷидашон озинбандӣ ва чашмашон покиза, лекин дилҳояшон аз мурдор бадбӯйтар аст.
14-Таъкид бар бузургдошти масҷид
Имом Алӣ(а): Мусулмон, “мардча” ва Қуръон “Қуръонча” ва масҷид “масҷидча” номида намешавад.
Подоши касе, ки масҷидро бузург бидорад: Имом Алӣ(а): Ҳар кас масҷидеро ҳурмат ниҳад, дар рӯзи мулоқот бо Худо, ӯро хандону шодон дидор мекунад, дар ҳоле ки номаи аъмолашро ба дасти рости ӯ додаанд.
15-Ободонии маънавии масҷид
Обод кардани масҷид, бо ҳузур дар он аст: Қуръони Карим: “Танҳо касе, ки ба Худо ва рӯзи растохез имон овардааст, масоҷиди Худоро обод мекунад ва намоз барпо медорад ва закот мепардозад ва ҷуз аз Худо наметарсад. Умед аст, ки чунин гурӯҳе аз ҳидоятёфтагон бошанд”. (Сураи Тавба, ояти 18).
Пайғамбари Худо(с): Ҳаргоҳ дидед, ки марде пайваста ба масҷиде меравад, ба имони ӯ гувоҳӣ диҳед. Худованди Мутаол фармуд: “Танҳо касе, ки ба Худо ва рӯзи растохез имон овардааст масоҷиди Худоро обод мекунад”.
16-Подоши бисёр қадам бардоштан ба сӯи масҷид
Паёмбари Худо(с) фармуд: Оё шуморо ба ончӣ ки Худо бо он хатоҳоро пок мекунад ва гуноҳонро мезудояд, раҳ нанамоям?
Пас фармуд: Комил баҷо овардани вузӯ дар мавқеиятҳои сахт ва бисёр қадам бардоштан ба сӯи масоҷид ва баъд аз намоз интизор кашидан барои намози дигар.
17-Подоши шабона ба масҷид рафтан
Пайғамбари Худо(с): Ҳар кӣ дар торикии шаб, ба сӯи масҷидҳо равона шавад, Худованд дар рӯзи растохез, нуре ба вай арзонӣ мекунад.
Пайғамбари Худо(с): Онҳое, ки ҳамвора дар торикиҳо ба сӯи масҷидҳо раҳсипоранд, фурӯрафта дар қаъри раҳмати Худованданд.
Пайғамбари Худо(с): Раҳсипорон дар торикӣ ба сӯи масҷидҳоро ба нури комил дар рӯзи растохез башорат деҳ.
18-Фазилати намоз хондан дар масҷид
Пайғамбари Худо(с): Ҳар кас намози шому хуфтан ва намози бомдодро дар масҷид, ба ҷамоат бихонад, гӯё тамоми он шабро зинда доштааст.
Пайғамбари Худо(с): Намози одамӣ дар хонааш, баробари як намоз аст ва дар масҷиди маҳалла баробар бо бисту панҷ намоз аст ва дар масҷиди ҷомеъ баробар бо панҷсад намоз аст ва дар Масҷид-ул-ақсо барбар бо панҷоҳ ҳазор намоз ва дар масҷиди ман (Масҷид-ун-набӣ) баробар бо панҷоҳ ҳазор намоз аст ва дар Масҷид-ул-ҳаром баробар бо сад ҳазор намоз аст.
19-Фазилати зикр ва дуо дар масҷид, хусусан барои ҳоҷатхоҳӣ
Дар Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал(р), аз Абусаиди Худрӣ ин ривоят омадааст, ки Паёмбари Худо(с) фармуд: Парвардигор мефармояд: Ба зудӣ, аҳли маҳшар дармеёбанд, ки кадом кас шоистаи бузургворӣ аст.
Саҳобагон пурсиданд: Кадом касе шоистаи бузургворӣ аст, эй Паёмбари Худо(с)?
Фармуд: Зикргӯяндагон дар масоҷид.
Сунани Насоӣ, аз Ибни Аббос, аз Ҷурайрия бинти Ҳорис: Паёмбари Худо(с) Ҷурайрияро, ки дар масҷид дар ҳоли дуо буд, дид. Сипас дубора дар нисфи рӯз, ӯро дар он ҳол дида фармуд: Ҳанӯз ҳам дар ҳамон ҳол ҳастӣ?
Он зан гуфт: Бале.
Паёмбар(с) фармуд: Оё ҷумалотеро, ки онҳоро бояд дар ин ҳол ба забон оварӣ, наёмӯзам?
Сипас Расули Акрам (с) фармуд: Бигӯй, муназзаҳ аст Худованд, ба шумори офаридаҳояш! Муназзаҳ аст Худованд, ба шумори офаридаҳояш! Муназзаҳ аст Худованд, ба шумори офаридаҳояш! Муназзаҳ аст Худованд, он андоза, ки худ меписандад! Муназзаҳ аст Худованд, он андоза, ки худ меписандад! Муназзаҳ аст Худованд, он андоза, ки худ меписандад! Муназзаҳ аст Худованд, ба вазнинии аршаш! Муназзаҳ аст Худованд, ба вазнинии аршаш! Муназзаҳ аст Худованд, ба вазнинии аршаш! Муназзаҳ аст Худованд, ба густардагии калимоташ! Муназзаҳ аст Худованд, ба густардагии калимоташ! Муназзаҳ аст Худованд, ба густардагии калимоташ!
Имом Содиқ(р): Марде назди Паёмбар(с) омад ва гуфт: Беҳтарини аҳли масҷид кист?
Фармуд: Касе, ки бештар Худоро  ёд кунад.
20-Фазилати омӯхтан ва омӯзиш додан дар масҷид
Паёмбари Худо(с): Касе, ки субҳгоҳон равонаи масҷид шавад, танҳо ба ин хотир, ки хайреро фаро гирад (ёд гирад) ё омӯзиш диҳад, подоши касеро дорад, ки умраи комиле анҷом додааст ва касе, ки шабонгоҳ равонаи масҷид шавад,танҳо бо ин ҳадаф, ки хайреро фаро гирад ё омӯзиш диҳад, аҷри касеро дорад, ки ҳаҷҷи комилеро баҷо овардааст.
Паёмбари Худо(с): Ҳар кас ба ин масҷиди ман дарояд, танҳо ба ин хотир, ки хайреро биомӯзад ё омӯзаш диҳад, ҳамчун муҷоҳиди роҳи Худост ва ҳар кӣ ба қасди дигаре биёяд, монанди касе аст, ки ба моли шахси дигаре чашм дӯхтааст.
Паёмбари Худо(с): Ҳар гурӯҳе, ки дар хонае аз хонаҳои Худо, гирди ҳам оянд ва Қуръон тиловат кунанд ва онро ба якдигар биомӯзанд, оромиш бар онҳо фуруд меояд ва раҳмати Худо бар онҳо соя меафканад ва фариштагон онҳоро дарбар мегиранд ва Худованд дар байни касоне, ки назди ӯянд, аз онҳо ёд мекунад.
21-Ҳузури занон дар масҷид
Намоз хондани занон бо Паёмбар(с) дар масҷид: Имом Алӣ(а): Занон бо Паёмбар(с) намоз мехонданд. Ба онҳо дастур дода шуда буд, ки ба далели тангӣ ва кӯтоҳии ҷомаҳои мардон, пеш аз онҳо сар аз саҷда набардоранд.
22-Ношоиста будани мамнӯияти ҳузури занон дар масҷид
Паёмбари Худо(с): Ҳаргоҳ занон барои рафтан ба масҷид аз шумо иҷозат талабиданд, онҳоро аз баҳрае, ки аз масҷид доранд, маҳрум насозед!
Паёмбари Худо(с): Ҳаргоҳ ҳамсари яке аз шумо барои рафтан ба масҷид иҷозат хост, вайро бознадорад.
Паёмбари Худо(с): Занони худро аз рафтан ба масҷидҳо бознадоред, ҳарчанд хонаҳои онҳо барояшон некӯтар аст.
Сунани Абудовуд, аз Муҷоҳид: Абдуллоҳ ибни Умар(р) гуфт: Паёмбар(с) фармуд: Ба занони худ, шабҳангом барои рафтан ба масҷид рухсат диҳед.
Яке аз писарони Абдуллоҳ ибни Умар гуфт: Ба Худо савганд, рухсат намедиҳем, онро дастмояи фиребкорӣ қарор диҳанд! Ба Худо савганд, рухсат намедиҳем!
Абудуллоҳ ибни Умар(р) ӯро дашном дод ва хашмгинона гуфт: Мегӯям, ки Пайғамбари Худо фармуд, ба занони худ иҷозат диҳед – ва ту мегӯӣ иҷозат намедиҳем?!
Паёмбари Худо(с): Канизони Худо (занон)-ро аз масҷидҳои Худо бознадоред! Албатта бояд бидуни истеъмоли бӯи хуш, аз хона хориҷ шаванд.
Паёмбари Худо(с) ба яке аз занон: Ҳаргоҳ яке аз шумо бихоҳад барои намози хуфтан аз хона хориҷ шавад, набояд худро хушбӯй созад.
Сунани Абудовуд, аз Ҳамза ибни Абиусаиди Ансорӣ(р), аз падараш, вай аз Паёмбари Худо(с), замоне, ки хориҷ аз масҷид буд ва мардону занон, дар тӯли роҳ, дарҳам омехта буданд, шунид, ки Паёмбар(с) ба занон мегӯяд: Сабр намоед! Сазовор нест, ки аз васати роҳ ҳаракат намоед, балки канораҳои роҳро баргузинед.
23-Фазилати хидмат ба масҷид
Қуръони Карим: “Ва ба Иброҳим ва Исмоил супурдем: Хонаи маро барои касоне, ки барои тавоф ва эътикоф ва намоз меоянд, покиза созед”.
Ҳадис: Паёмбари Худо(с): Ҳамоно Худо ҳаргоҳ бандаеро дӯст дорад ӯро бароварандаи ниёзҳои масҷиде қарор медиҳад.
Паёмбари Худо(с): Ҳар кӣ дар масҷиде аз масҷидҳои Худо чароғе биафрӯзад,то замоне, ки нуре аз он чароғ дар масҷид ҳаст, пайваста фариштагон ва ҳомилони Арш барои ӯ омӯрзиш металабанд.
Паёмбари Худо(с) дар баёни ончӣ дар шаби Меъроҷ, бар бархе аз дарҳои биҳишт навишта дид, фармуд: Ҳар кас дӯст дорад хӯроки кирмҳои зери хок нашавад, масҷидҳоро тозаву покиза намояд.
Паёмбари Худо(с) ба Алӣ (а): Эй Алӣ, маҳрияи ҳуриёни биҳиштиро бипардоз: бартараф кардани монеъ аз сари роҳ ва берун бурдани хокрӯба аз масҷид, маҳрияи ҳуриёни биҳиштӣ аст.
Паёмбари Худо(с): Масҷидҳоро бисозед ва хокрӯбаро аз он хориҷ намоед, ки рӯфтани хокрӯба аз онҳо, маҳрияи ҳуриёни биҳишт аст.
Имом Алӣ(а): Паёмбари Худо(с) фармон дод то масҷидҳо сохта шаванд ва хушбӯю покиза гарданд ва дар канори ҳар як дар, вузӯхона қарор дода шавад.
24-Мустаҳабботи масҷид
Ихлос:
Паёмбари Худо(с): Ҳар кӣ барои чизе ба масҷид биравад. Ҳамон баҳраи ӯ мешавад.
Покизагӣ:
Паёмбари Худо(с): Худованди Таборак ва Таоло фармуд: “Хушо бар бандае, ки дар хонааш вузӯ созад, сипас маро дар хонаам дидор кунад”.
Паёмбари Худо(с): Ҷуз покиза, вориди масҷидҳо машав, ки ҳар кас нопок ба масҷиде дарояд, масҷид бо ӯ дар ситез аст.
Баррасӣ кардани кафш:
Паёмбари Худо(с): Наздики дарҳои масҷид кафшҳои худро баррасӣ кунед.
Паёмбари Худо(с): Касе, ки мехоҳад вориди масҷид шавад, агар зери пойафзоли худро баррасӣ кунад, фариштагон мегӯянд: Некӯ шудӣ. Биҳишт гуворои ту бод! Ба саломат ворид шав!
Ба Худо паноҳ бурдан ҳангоми вуруду хуруҷ:
Паёмбари Худо(с): Ҳаргоҳ банда дохили масҷид шавад ва бигӯяд «Ба Худо паноҳ мебарам аз шайтони рондашуда; (Аузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим)», – шайтони рондашуда мегӯяд: Камарам шикаст!
Худованд ба хотири ин кор барои он гӯянда, ибодати як солро менависад ва ҳаргоҳ аз масҷид хориҷ шавад ва монанди онро бар забон оварад, Худованд барояш дар баробари ҳар мӯе, ки дар бадани ӯст, сад некӣ менависад ва сад дараҷа боло мебарад.
Дуо кардан ҳангоми вуруду хуруҷ:
Паёмбари Худо(с): Ҳар як аз шумо, ки вориди масҷид мешавад, бар Паёмбар салом кунад ва низ бигӯяд: “Худовандо, дарҳои раҳмататро ба рӯям бикушо” ва замоне, ки берун меравад, бигӯяд: “Худовандо, аз ту аз фазлат дархост мекунам”.
Пеш ниҳодани пои рост ҳангоми вуруд ва пои чап ҳангоми хуруҷ:
“Ал-мӯъҷам-ул-кабир”, аз Ибни Аббос (р): Паёмбари Худо (с) ҳаргоҳ вориди масҷид мешуд, нахуст пои рости худро дохил мекард.
Хондани намози таҳийят:
“Алхисол”, аз Абузар(р): Ҳузури Паёмбари Худо(с) расидам, дар ҳоле ки танҳо дар масҷид нишаста буд. Танҳоии ӯро ғанимат шуморидам. Ба ман фармуд: Эй Абузар, барои масҷид саломе аст!
Гуфтам: Саломи ӯ чист?
Фармуд: Ду ракъат намоз, ки онро баҷо оварӣ.
Рӯй ба сӯи қибла нишастан:
Имом Алӣ(а): Аз ҷумлаи суннатҳо ин аст, ки нишастанат дар масҷид рӯй ба қибла бошад.
Бо шитоб берун нарафтан:
Паёмбари Худо(с): Бист вижагӣ, мояи фақр аст: …ва шитоб дар берун рафтан аз масҷид.
Намоз хондан дар наздиктарин масҷидҳо:
Паёмбари Худо(с): Ҳар як аз шумо дар масҷиди маҳалли сукунати худ намоз бигузорад ва масоҷидро гузиниш накунад.
25-Он чӣ макруҳ аст
а) Гузаргоҳ кардани масҷид:
Паёмбари Худо(с): Масҷидҳоро гузаргоҳ қарор надиҳед, ҷуз барои зикре ё намозе.
Мустадрак-ул-васоил: Ривоят шудааст, ки аз ҷумлаи ҷафокорӣ ин аст, ки аз масҷид бигзарӣ ва дар он намозе наугзорӣ.
б) Баланд кардани садо дар масҷид:
Имом Алӣ(а): Паёмбар(с) фармуд: Ҳар гоҳ уммати ман ба понздаҳ хусусият амал кунад, бало бар ӯ фуруд меояд.
Гуфтанд: Эй Паёмбари Худо(с), онҳо чист?
Фармуд: Ҳангоме ки… садоҳо дар масҷид баланд шаванд.
в) Сухан гуфтан аз дунё дар масҷид:
Паёмбари Худо(с): Рӯзгоре бар мардум фаро хоҳад расид, ки дар масҷидҳояшон гирди ҳам меоянд, дар ҳоле ки ҷуз дунё ғаме надоранд. Худоро ба ин афрод ниёзе нест, бинобар ин, бо онҳо ҳамнишин нашавед.
г) Бидуни зарурат дар масҷид хобидан:
Паёмбари Худо(с): Бархезед ва дар масҷид нахобед.
д) Оби даҳон андохтан дар масҷид:
Имом Алӣ(а): Паёмбари Худо(с) аз оби даҳон андохтан дар масҷид наҳй фармуд.
е) Ба масҷид рафтани шахси хӯроки озордиҳанда хӯрда:
Саҳеҳи Муслим, аз  Ҷобир(р): Паёмбари Худо(с) аз хӯрдани пиёз ва тара наҳй фармуд, аммо замоне ниёзмандӣ ногузирамон сохт ва мо аз онҳо хӯрдем. Пас фармуд: Ҳар кас аз ин гиёҳи бадбӯй хӯрад, ҳеҷ гоҳ ба масҷиди мо наздик нашавад, зеро фариштагон аз чизе, ки инсонҳо аз он озурда шаванд, озурда мегарданд.
26- Маҳдудиятҳо дар масоҷид
Паёмбари Худо(с): Дар масоҷид шамшерҳо аз ғилоф кашида намешаванд ва тир партоб намешавад. Дар масҷид ба Худо қасам ёд намешавад ва аз истироҳати нимрӯзии касе, ки муқим ё меҳмон аст, мамониат ба амал намеояд ва биноҳои нақшдор ва оинакорӣ сохта намешавад. Аслан масҷидҳо бар пояи амният бино шуда ва бо каромат шарофат ёфтаанд.
27-Он чӣ ҳаром аст
а) Наҷас кардани масҷид:
Паёмбари Худо(с): Масҷидҳоятонро аз олудагӣ дур бидоред!
б) Таваққуфи ҷунуб ва ҳоиз дар масҷид:
Қуръон: «Эй касоне, ки имон овардаед! Дар ҳоли мастӣ гирди намоз нагардед то бидонед, ки чӣ мегӯед ва низ дар ҳоли ҷанобат, то ғусл кунед, магар он ки раҳгузар бошед».
Ҳадис: Паёмбари Худо(с): Масҷид барои ҳеҷ ҷунуб ва ҳоизе раво нест.
28-Вайрон кардани масҷид
Қуръон: “Ва агар дафъи шарри баъзе аз мардумро бар бархеи дигар накунад, ҳамоно савмааҳо ва дайрҳо ва намозхонаҳо ва масоҷиде, ки дар он зикри Худо бисёр мешавад, ҳама вайрон мегардад”.
“Аз он кас, ки нагузорад дар масҷидҳои Худо номи ӯро ёд кунанд ва дар вайронии онҳо бикӯшад, кӣ аз  ӯ ситамкортар аст? Раво набошад, ки инҳо ҷуз дар ҳоли тарс ба масҷидҳо ворид шаванд. Дар дунё хорӣ ва дар охират азоби бузурге гиребонгири онҳост”.
Ҳадис: Паёмбари Худо(с) дар тафсири маънои вилоят фармуданд: Ҳамоно дар ҳокимият ёфтани зимомдори ситампеша …вайронии масҷидҳо ва дигаргунии суннати Худо ва муқаррароти дини ӯст.
29-Бартарин масҷидҳо
а) Масҷидулҳаром:
Қуръон: “Нахустин хонае, ки барои мардум бино шудааст, ҳамон аст, ки дар Макка аст; хонае, ки барои ҷаҳониён мояи баракат ва ҳидоят аст. Дар онҷост оёти рӯшан ва мақоми Иброҳим ва ҳар кӣ вориди он шавад, эмин аст. Барои Худо ҳаҷҷи он хона, барои касоне, ки қудрати рафтан ба онро дошта бошанд, воҷиб аст. Ва ҳар кӣ роҳи куфр дар пеш гирад, (бидонад, ки) Худо аз ҷаҳониён бениёз аст”.
Ҳадис: Паёмбари Худо(с): Боҳурматтарин масҷидҳо ва дӯстдоштатарини онҳо назди Худо ва гиромитаринашон дар пешгоҳи Худои Мутаол Масҷидулҳаром аст.
Саҳеҳи Бухорӣ, аз Абузар(р): Гуфтам: Эй Паёмбари Худо(с)! Нахустин масҷид рӯи замин кадом аст?
Фармуд: Масҷидулҳаром.
Гуфтам: Сипас кадом?
Фармуд: Масҷид-ул-Ақсо.
Гуфтам: Фосилаи замонӣ байни сохтани он ду чӣ қадар аст?
Фармуд: Чиҳил сол.
б) Масҷиди Паёмбар(с):
Паёмбари Худо(с): Як намоз дар масҷиди ман, ҳамчун ҳазор намоз дар дигар масҷидҳост, ҷуз Масҷидулҳаром; зеро намоз дар он, аз ҳазор намоз низ бартар аст.
в)  Масҷид-ул-Ақсо:
Қуръон: “Пок аст он Худое, ки бандаи худро шабона аз Масҷидулҳаром ба Масҷидулақсо, ки гирдогирдашро баракат додаем, сайр дод, то баъзе аз оёти худро ба ӯ бинамоем. Ҳароина, ӯ шунаво ва биност”.
Ҳадис: Паёмбари Худо(с): Чун Сулаймон ибни Довуд(а) аз сохтани Байтулмуқаддас фориғ шуд, се чиз аз Худо дархост кард: қудрати қазовате, ки бо ҳукми илоҳӣ ҳамоҳанг бошад, салтанате, ки пас аз вай сазовори касе набошад ва низ пок шудан аз гуноҳ монанди замони таваллуд аз модар барои касе, ки танҳо ба хотири намоз ба ин масҷид биёяд.
г)  Масҷиди Қубо:
Қуръон: “Ҳаргиз дар он масҷид (зирор) ба ибодат наист, (чаро, ки)  он масҷиде (масҷид Қубо), ки аз рӯзи нахуст бар пояи парҳезгорӣ бино шуд, шоистатар, ки дар он ба ибодат биистӣ. Дар он мардоне ҳастанд, ки дӯст доранд покиза бошанд ва Худованд покизагонро дӯст медорад”.
Ҳадис: Алкофӣ, аз Ҳалабӣ: Аз Имом Содиқ(а) дар бораи масҷиде, ки бар парҳезгорӣ бунён ниҳода шуд, пурсидам, фармуд: Он масҷиди Қубост.
д) Масҷиди Кӯфа:
Паёмбари Худо(с): Ҳангоме ки дар шаби Меъроҷ маро ба осмони дунё бурданд, масҷид Кӯфаро нишонам доданд. Гуфтам: Эй Ҷабраил ин чист?
Гуфт: Масҷиди бисёр муборак ва пурхайру баракат аст, ки Худованд онро барои аҳли худ баргузидааст. Ва он масҷид дар рӯзи растохез барои онҳо шафоат хоҳад кард.
Паёмбари Худо(с): Ҳангоме ки савори буроқ ба Меъроҷ бурда шудам, аз маҳалли масҷиди Кӯфа гузар кардам. Ҷабраил(а), ки ҳамроҳам буд, ба ман гуфт: Эй Муҳаммад, дар ин макон фуруд ой ва намоз бигзор. (Шаҳри Кӯфа дар замони халифаи бузургвори Расулуллоҳ, ҳазрати Умар (р) сохта шудааст, бинобар ин, дар ин ҳадис, гуфта шудааст, ки аз маҳалли масҷиди Кӯфа гузар кардам, чун дар он замон ҳанӯз масҷид бино нашуда, вале маҳалли он ва торихаш барои Расули Худо (с) маълум будааст).
Ман низ фуруд омадам ва намоз хондам ва гуфтам: Эй Ҷабраил, ин макон куҷост?
Гуфт: Эй Муҳаммад, инҷо Кӯфа аст ва ин ҳам (макони) масҷиди он аст. Лекин ман онро бист маротиба харобу бист маротиба обод дидам, ки байни ҳар бор харобӣ ва ободӣ панҷсад сол фосила будааст.
е) Масҷиди Саҳла:
Таҳзиб-ул-аҳком, аз Абубакри Ҳазрамӣ: Ба Имом Боқир(а) гуфтам: Пас аз ҳарами Худо ва ҳарами Паёмбар(с) кадом макон бофазилаттар аст?
Фармуд: Эй Абубакр, Кӯфа, ки поку покиза аст ва дар он қабри паёмбарони мурсал ва ғайримурсал ва ҷонишинони ростин қарор дорад ва низ масҷиди Саҳла, ки ҳар паёмбареро, ки Худо барангехт, дар он намоз гузорид ва дар он адли илоҳӣ падидор мешавад ва дар он қиёмкунандаи илоҳӣ ва бапохостаҳое аз паи ӯ ба сар мебаранд ва манзили паёмбарон ва ҷонишинон ва солеҳон ҳам дар он ҷост.
30-Масҷидҳои накӯҳишшуда
Қуръон: “Онон, ки масҷид сохтанд барои зиёни мусулмонон ва тақвияти куфр ва тафриқаафкании байни мӯъминон ва то барои касоне, ки мехоҳанд бо Худо ва паёмбараш биҷанганд, камингоҳе бошад, он гоҳ савганд мехӯранд, ки қасде ҷуз некӯкорӣ надоштаем, Худо шаҳодат медиҳад, ки онҳо дурӯғ мегӯянд”. (Сураи Тавба, 107).
Ҳадис: Тафсири Қумӣ: Далели нозил шудани ин сухани Худои Мутаол “Онҳое, ки масҷиде сохтанд барои зиёни (мусулмонон) ва (тақвияти) куфр”, ин буд, ки гурӯҳе аз мунофиқон назди Паёмбари Худо омаданд ва гуфтанд: Эй Паёмбари Худо. Рухсат медиҳӣ то дар байни қабилаи Банӣ Солим, масҷиде барои беморон ва шабҳои боронӣ ва куҳансолон бино кунем?
Паёмбари Худо(с) дар ҳоле ки ба сӯи Табук равона буд, иҷозат дод. Гуфтанд: Эй Паёмбари Худо, эй кош меомадӣ ва дар он намоз мехондӣ.
Фармуд: Ман ба сафар меравам. Ҳар гоҳ ба хости Худо баргаштам, меоям ва дар он намоз мегузорам.
Ҳангоме ки Паёмбари Худо аз Табук баргашт, ин оят нозил шуд, дар ҳоле ки барои Паёмбари Худо савганд ёд карда буданд, ки масҷидро ба қасди дурусткорӣ ва некӯкорӣ месозанд. Пас Худованд ин оятро нозил фармуд: “Ононе, ки масҷиде сохтанд барои зиёни (мусулмонон) ва (тақвияти) куфр ва тафриқаафкании байни мӯъминон…”, – пас Паёмбари Худо(с) Молик ибни Даҷшами (ё Даҳшам) Хазоӣ ва Омир ибни Удай, бародари Банӣ Амр ибни Авфро фиристод то онро вайрон кунанд ва бисӯзонанд. Молик ба Омир Гуфт: Мунтазирам бош, то аз хонаам оташ биёварам.
Он гоҳ, вориди хона шуд ва оташе овард ва шохаҳои хурморо бо он оташ зад ва бо он масҷидро ба оташ кашонданд ва Зайд ибни Ҳориса, онҷо  нишаст то сохтмон бисӯзад. Сипас фармон дод деворашро фурӯ резанд.
Ад-дурр-ул-мансур, аз Ибни Аббос(р): Ҳангоме ки Паёмбари Худо(с) масҷиди Қуборо сохт, мардоне аз ансор, аз ҷумла Яхдаҷ, бобои Абдуллоҳ ибни Ҳунайф, ба ҳамроҳи Диа ибни Ҳизом ва Маҷмаъ ибни Ҷорияи Ансорӣ масҷиди нифоқро бино карданд. Паёмбари Худо(с) ба Яхдаҷ гуфт: Чӣ фикре дар сар дорӣ?
Гуфт: Эй Паёмбари Худо, ҷуз некӯтарин қасд, чизе дар сар надорам.
Вай дурӯғгӯ буд, лекин Паёмбари Худо(с) (дар зоҳир) ӯро тасдиқ кард ва мехост иддаояшро бипазирад. Пас Худованд ин оятро нозил намуд: “Ононе, ки масҷиде сохтанд барои зиёни (мусулмонон) ва (тақвияти) куфр ва тафриқаафкании байни мӯъминон ва то барои касоне, ки мехоҳанд бо Худо ва паёмбараш биситезанд, камингоҳе бошад”.
Манзури оят, марде ба номи Абуомир аст, ки бо Паёмбари Худо(с) ситезаҷӯӣ мекард ва ба сӯи Ҳирақл – подшоҳи Рум, рафта буд. Созандагони масҷиди зирор дар интизори омадани вай буданд, то дар он масҷид намоз бихонад, ҳол он ки ӯро дар ситез бо Худо ва паёмбараш аз  Мадина хориҷ шуда буд.
Хотима:
Дар поён фақат бояд ба ин нукта таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки баёни ин ҳама фазоил ва одоб барои масҷид барои ин аст, ки масҷид маҳалли тарбияти инсони комил, маҳалли ибодату бандагӣ ва дар натиҷа ба Худо наздик гардидан, инсон шудан ва низ маҳалли таълиму тарбият ва фаро гирифтани одобу ахлоқ аст. Масҷид ҷоест, ки дар он ҷо аҳкоми Худо иҷро мешавад, илму дониш ва Қуръони Карим ба фарзандони мусулмонон таълим дода мешавад ва одобу ахлоқи нисонӣ дар он макон ба бандагони Худо омӯзиш дода мешавад, ҳамон гуна ки дар ин ҳадиси муборак аз Паёмбари Худо(с) нақо шуд, ки: «Касе, ки субҳгоҳон равонаи масҷид шавад, танҳо ба ин хотир, ки хайреро фаро гирад (ёд гирад) ё омӯзиш диҳад, подоши касеро дорад, ки умраи комиле анҷом додааст ва касе, ки шабонгоҳ равонаи масҷид шавад,танҳо бо ин ҳадаф, ки хайреро фаро гирад ё омӯзиш диҳад, аҷри касеро дорад, ки ҳаҷҷи комилеро баҷо овардааст».

                                                                                                             Акрамхони Зиёдуллоҳ

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.