Муҳаббату меҳрварзӣ ба зану фарзандон

90

Паёмбари Худо (с) фармудаанд: “Ҳаргоҳ банда ба чеҳраи ҳамсараш ва ҳамсараш ба чеҳраи ӯ нигоҳ кунад, Худованд ба он ду бо нигоҳи меҳромез менигарад ва ҳаргоҳ дасти якдигарро бигиранд, гуноҳони он ду аз хилоли ангуштонашон фурӯ мерезад.

Аз он ҷо ки ҷомеаи солим бархоста аз хонаводаҳои солим дар он аст, ва саломати хонаводаҳоро низ дар навбати аввал навъи таомул ва бархӯрди зану шавҳар ба бор меоварад, аз ин рӯ, дини мубини ислом, ба чигунагии муомилаи зану шавҳар таваҷҷӯҳи фаровоне кардааст. Дар ин навиштор порае аз тавсияҳои Паёмбари Акрам (с) ва бузургони ислом дар ин заминаро пешкаши хонандагони азиз мекунем.

1. Муҳаббати дуҷониба миёни зану шавҳар:

1. Қуръони Карим: “Яке аз нишонаҳои Худованд он аст, ки аз худатон барои шумо ҷуфтҳое офарид, то ба онҳо ором гиред ва миёни шумо муҳаббату меҳрубонӣ қарор дод. Ҳамоно дар ин амр барои мардуме, ки меандешанд, нишонаҳое аз вуҷуд ва қудрати Худованд аст.” (Рум/21)

2. Паёмбари Худо (с): “Ҳар андоза бар имони банда афзуда шавад, муҳаббаташ ба занон афзунтар мешавад.”

3. Дар ривоят аст, ки: “Аз ахлоқи паёмбарон алайҳимус салом, яке ҳамсардӯстӣ аст.”

4. Паёмбари Худо (с): “Ин сухани мард ба занаш, ки: “Ман туро дӯст дорам”, ҳаргиз аз дили зан берун намеравад.”

5. Паёмбари Худо (с): “Беҳтарин занони шумо, занони зоё ва меҳрубонанд.”

6. Паёмбари Худо (с): “Ҳаргоҳ банда ба чеҳраи ҳамсараш ва ҳамсараш ба чеҳраи ӯ нигоҳ кунад, Худованд ба он ду бо нигоҳи меҳромез менигарад ва ҳаргоҳ дасти якдигарро бигиранд, гуноҳони он ду аз хилоли ангуштонашон фурӯ мерезад.”

2. Меҳрварзӣ ба оила:

1. Паёмбари Худо (с): “Дар рӯзи қиёмат марде аз уммати маро меоваранд, дар ҳоле ки ҳеҷ кори неке надорад, ки ба сабаби он умеди ба биҳишт рафтан дошта бошад, аммо Худои Мутаол мефармояд: “Ӯро ба биҳишт бибаред, зеро ба оилааш меҳр меварзид.”

2. Муснади Таёлюсӣ ба нақл аз Анас: “Паёмбари Худо (с) бо хонавода меҳрубон буд.”

3. Таърихи Димишқ ба нақл аз Анас: “Паёмбари Худо (с) меҳрубонтарини мардум нисбат ба кӯдакону хонавода буд.”

3. Дӯст доштани фарзандон:

1. Паёмбари Худо (с): “Дӯст доштани фарзандон, пардае дар баробари оташ аст ва таом хӯрдан бо онон, бароти озодӣ аз оташ аст ва гиромӣ доштани онҳо, мӯҷиби гузашт аз сирот аст.”

2. Дар ривоят аст, ки: “Шафқати ту ба фарзандат, бояд бештар аз шафқати ӯ ба ту бошад.”

3. Хамчунин ворид шудааст: “Ҳамоно Худованд ба банда ба хотири муҳаббати зиёдаш ба фарзандаш, раҳм мекунад.”

4. Бӯсидани фарзандон:

1. Паёмбари Худо (с): “Мӯъмин дӯсти Худост ва фарзандони ӯ ҳадяи Худоянд. Пас, ба ҳар кас Худованд дар ислом фарзанде рӯзӣ кунад, бояд ӯро зиёд бибӯсад.”

2. Дар ривоят аст, ки: “Марде назди Паёмбар (с) омад ва гуфт: “Ман ҳаргиз кӯдакеро набӯсидаам. Вақте он мард рафт, Паёмбар (с) фармуд: “Ин мард назди ман аз дӯзахиён аст.”

3. Саҳеҳи Бухорӣ: “Паёмбари Худо (с) Ҳасан ибни Алӣ (р)-ро бӯсид. Ақраъ ибни Ҳобиси Тамимӣ, ки назди эшон нишаста буд, гуфт: “Ман даҳ фарзанд дорам, аммо то ба ҳол ҳатто яке аз онҳоро набӯсидаам!” Паёмбари Худо (с) нигоҳе ба ӯ кард ва фармуд: “Касе ки раҳм накунад, ба ӯ раҳм намешавад.”

4. Маноқиби Ибни Шаҳрошӯб: “Паёмбари Худо (с) Ҳасан ва Ҳусайн (а)-ро мебӯсид, Уяйна (ва дар ривояти дигаре Ақраъ ибни Ҳобис) гуфт: “Ман даҳ фарзанд дорам, вале то ба ҳол ҳаргиз яке аз онҳоро набӯсидаам!” Паёмбар (с) фармуд: “Касе ки раҳм накунад, ба ӯ раҳм намешавад.”

Ва дар ривояти Ҳафси Фарроъ омадааст: “Паёмбари Худо (с) чунон хашмгин шуд, ки рангаш баргашт ва ба он мард фармуд: “Агар Худо меҳрубониро аз дили ту гирифта бошад, ман бо ту чӣ кунам? Касе ки бо хурдсолони мо меҳрубон набошад ва ба бузургсолони мо эҳтиром нагузорад, аз мо нест.”

5. Андозаи муҳаббату шафқат ба хонавода:

1. Қуръони Карим: “Эй мӯъминон! Зинҳор амволу фарзандони шумо, шуморо аз ёди Худо ғофил нагардонад ва ҳар кас чунин кунад, онон худ аз зиёнкоронанд.” (Мунофиқун/9)

2. Паёмбари Худо (с): “Эй писари Масъуд! Мабодо дилсӯзӣ барои хонаводаат сабаб шавад, ки тоати Худоро вониҳӣ ва нофармонияшро дар пеш гирӣ! Зеро Худои Мутаол мефармояд: “Эй мардум! Аз Парвардигоратон парво бидоред ва битарсед аз рӯзе, ки ҳеҷ падаре ба кори фарзандаш намеояд ва ҳеҷ фарзанде низ ба кори падараш нахоҳад омад.” (Луқмон/33)

3. Муснади Ибни Ҳанбал ба нақл аз Абдуллоҳ: “Паёмбар (с) моро аз зиёдахоҳӣ дар зану сарват наҳй фармуд.”

4. Дар ривоят аст, ки: “Бадтарини падарон он падаре аст, ки муҳаббат ӯро ба зиёдаравӣ бикашонад ва бадтарини фарзандон фарзанде аст, ки кӯтоҳӣ кардан дар баробари падар, ӯро ба нофармонӣ бикашонад.”

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.