Нақши дўст дар зиндагӣ

25

Нақши дўст дар зиндагӣ

Ҷавонон ва дӯстӣ

Дўсти одамӣ нишонаи хиради ўст

Паёмбар (с): Одамӣ бар дин дўсти худ аст. Пас ҳар як аз шумо бояд бингарад, ки киро ба дўстӣ мегузинад.

Имом Алӣ (а): Дурандеш касе аст, ки барои дўстияш гузиниш кунад, зеро одамӣ бо дўсташ санҷида мешавад.

Имом Алӣ (а): Барои дўстон пушаймонӣ аст, магар (дар дўстӣ бо) парҳезгорон.

Имом Алӣ (а): Дўсти одамӣ нишонаи хиради ўст.

Канз-ул-фавоид: Ривоят шудааст, ки Сулаймон (а) фармуд: «Нисбат ба касе доварӣ макунед, магар он ки ба ҳамнишинонаш бингаред, зеро одамӣ бо ҳамтоёну ҳаммонандҳояш шинохта мешавад ва ба ёрону дўстонаш нисбат дода мешавад».

Имом Алӣ (а): Итминон ба ҳар касе пеш аз озмуданаш нотавонӣ аст.

Имом Алӣ (а): Озмуданро пеш андоз ва дар интихоби дўст эҳтиёт кун, вагарна изтирор туро ба дўстии бадон вомедорад.

Имом Алӣ (а): Бо шаш чиз андеша ва хиради мардон озмуда мешавад: ҳамнишинӣ, доду ситад, риёсат, канорагирӣ, сарват ва тангдастӣ.

Имом Алӣ (а): Мардум ҷуз бо озмоиш шинохта намешаванд. Хонавода ва фарзандонро дар набуданат, дўстро дар гирифторият, хешовандонро дар тангдастият ва чоплусону дўстнамоёнро ҳангоми бекорият биёзмой, то ҷойгоҳи худатро назди онон бидонӣ.

Имом Алӣ (а): Касеро барои дўстии ҳақиқӣ нишон макун, магар ин ки ўро дар се ҷо биёзмоӣ: ўро ба хашм оварӣ ва бингарӣ, ки оё хашм ўро аз ҳақ ба ботил берун мебарад ё на; ва ҳангоми дастёбӣ ба молу манол; ва ҳангоме, ки бо ў ҳамсафар мешавӣ.

Имом Содиқ (а): Ҳаргоҳ дўсти ту бар курсии риёсат нишаст ва якдаҳуми рафтори пеш аз риёсатро бо ту дошт, дўсти баде нест.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.