Чаро бояд намоз бихонем?

110

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
Алҳамдулиллоҳи раббилоламин ва саллаллоҳу ало сайидино ва набийино ва мавлоно Абилқосимил Мустафо Муҳаммад(с) ва ало Аҳли байтиҳи аттайибинат тоҳирин ва ало саҳбиҳил мухлисинал муҷоҳидин.
Намоз иҷозае аст, ки Худованд ба инсон барои гуфтугу бо худаш додааст. Ва ин болотарин каромат ба инсон аст, ки аз тариқи ваҳй, бедуни ташрифот, дар ҳар замон, дар ҳар макон, истодан ва агар нашуд нишастан, агар нашуд хобида, барои зану мард, сода ва равон, дар ҳамаҷо, барои ҳама ва ҳамеша, бо ҳар шароите, хоҳ танҳо бихонад  ва хоҳ бо ҷамоъат. Шайтон аз ду роҳ бештарин зарбаро ба инсон мезанад: Роҳи ғафлат ва роҳи шаҳват. Намоз доварии ғафлат ва издивоҷ доварии шаҳват аст. Намоз як сайр ва ҳаракати бе таваққуф аст. Яъне субҳ зуҳр, аср, шом ва хуфтан коре мекунем, ки Худованд ёди вижае аз мо кунад. Қуръони Карим мефармояд:  «اذکروني أذکرکم» шумо ёди ман кунед то ман ҳам ёди шумо кунам. Дар намоз ҳам қалб, мағз ва рӯҳ бояд бо таваҷуҳ бошад, ҳам даст ва по дар кор аст, ҳам иборот бояд саҳеҳ хонда шавад. Ҷои каме таассуф аст, ки афроде дар ҳарф задан бо махлуқ бо нишот ҳастанд вале дар ҳарф задан бо Холиқ бе нишот.
Дар ҳар гуфтугуе равон ҳастанд, вале намоз барои онҳо сангини мекунад.
«و إنّها لکبيرۀ إلّا علي الخاشعين».
Ростӣ мешавад гуфт, ки мо Худоро дӯст дорем ва ҳоли гуфтугу бо ӯро надорем? Магар мешавад касе ҳоли гуфтугу бо дӯсти худро надошта бошад? Ҷои басӣ тааҷҷуб аст, ки агар зарае аз неъматҳои Худоро дигарон ба мо арзони медоштанд барои ҳамеша аз онон ситоеш мекардем. Масалан агар касе, як дурбини аккоси ба мо ҳадя кунад ҳаргиз ӯро фаромуш намекунем, вале Худованд ду чашми бино дар тули умр ба мо додааст вале ӯро фаромуш мекунем.
Сазовор аст, ки намоз ошиқона, огоҳона, бо қасди қурбат, бо ҷамоат, ва ҳаттал мақдур дар масҷид бар по гардад.
Чанд ҳукм аз намоз:
Намоз се навъ шарт дорад:
1)    Шарти сиҳат, ки агар муроъот нашавад намоз саҳеҳ нест. Мисли қибла, таҳорат, поки бадан ва либос ва…..
2)    Шарти қабулӣ: Назири пазируфтани раҳбари Илоҳӣ, ки агар намозӣ бар по шавад ва раҳбари намозгузор, аз раҳбарони Илоҳӣ набошад намоз пазируфта нест. Ё намози касе, ки закот надиҳад қабул намешавад.
3)    Шарти камол назири онки мегуяд: «لا صلاة لجار المسجد إلّا في المسجد» яъне касе, ки ҳамсояӣ масҷид аст, агар ба масҷид наравад намозаш он камоли лозимро надорад.
Намоз такаббурро бар тараф мекунад ҳамонгуна, ки машварат, истибдод ва инфоқ, бухлро бар тараф мекуд. Қуръони Карим аз намозгузорон нишот ва шитоб мехоҳад на сангинӣ ва касолат. Дар азон мефармояд: «حي علي الصلاة» яъне бишитобед. Ва барои рафтан ба нмози ҷумъа мефармояд: «فاسعوا إلي ذکر الله» калимаи «حي» ва калимаи «فاسعوا» ба маънои нишот ва шитоб аст, вале рафтан ба суроғи моддиёт, рафтанро мегуяд ва мефармояд: «و ابتغوا من فضل الله» баъд аз намози ҷумъа ба суроғи кор ва тиҷорат биравед гарчӣ шитоб ва нишот дар кор набошад. Қуръони Карим дар мавриди муъминине, ки бо нишот намоз мехонанд мефармояд: «أقاموا الصلاة» вале дар бораи мунофиқон мефамояд: «و إذا قاموا إلي الصلاة قاموا کسالي» Қуръони карим мефармояд: Афроди шоиста ва солеҳ агар ба қудрат расиданд, аввалин барномаи худро иқомаи намоз қарор медиҳанд.
Мақоми намоз ба ҳадде буланд аст, ки шаробхор набояд наздики намоз шавад.
«لا تقربوا الصلاة و أنتم سکاري» Худованд аз мардум хостааст, ки замоне намоз бихонед, ки бидонед чӣ мегуед: «حتي تعلموا ما تقولون» дар рӯзи ҷумъа мавонеъро бар тараф кунед, касбу корро раҳо кунед: «ذروا البيع»
Бояд аз намоз посдорӣ кард: «حافظوا علي الصلوات» намоз то охири умр бар инсон воҷиб аст. «ما دمت حيا»
Намоз ба қадрӣ арзиш дорад, ки ҳазрати Иброҳим (а) ва ҳазрати Исмоъил (а) маъмур мешаванд масҷидул ҳаромро барои аҳли тавоф ва намоз татҳир кунанд:
«طهّرا بيتي للطائفين و العاکفين و الرکع السجود»
Намоз як ибодати махфӣ нест, балки ниёз ба фаръиёт ва таблиғот дорад. «ناديتم إلي الصلاة»
Намоз бояд аланӣ ва ошкор бар гузор шавад. «تراهم رکعا سجدا»
Намоз фармони Худо ба ҳамаи адёни осмонӣ аст. Дар Қуръони карим мехонем ҳазрати Исо(а) ва ҳазрати Яҳё(а) ба намоз супориш шуданд. Ҳазрати Иброҳим (а) зан ва фарзандӣ худро ба Макка бурд то иқомаи намоз кунад. Аввалин дастур ба ҳазрати Мусо (а) фармон ба намоз буд. “اقم الصلاة لذکری”
Таваҷҷуҳ ба намоз баъд аз таваллуд шудан супориш шудааст, ки дар гӯши рости навзод азон ва дар гӯши чапи ӯ иқома бегуем ва гӯши навзодро бо калимоти ҳайя ъалас салот ошно кунем, оғоз ва то ҳангомӣ марг, ки мурдаро дар қабр мегзорему бар ӯ намоз мехонем, идома меёбад.
Агар дар замин зилзила шуд намози оёт мехонем, агар аз осмон борон наборид намози борон мехонем. Барои ҳали мушкилот метавон аз намоз истимдод кард.
“و استعینوا بالصبر و الصلاة “
Намоз дар сафару Ватан бар зану мард, бемору солим, фақиру ғанӣ, гумном ва машҳур воҷиб ва аз заруриёти дин аст.
Намоз гуфтугуи бе ниҳоят кучак бо бе ниҳоят бузург аст.
Дар намоз, шинохти Худо, истимдод аз ӯ, муҳаббатӣ ӯ ва таваккул бар ӯ наҳуфта аст.
Агар ҳамаи мо намоз бихонем чизе бар Худо изофа намешавад ва агар ҳамаи мо нахонем чизе аз худо кам намешавад. Ҳамонгуна, ки агар ҳамаи мо рӯ бар хуршед хона бисозем суде барои хуршед надорад ва агар ҳамаи мо пушт бар хуршед хона бисозем чизе аз хуршед кам намешавад.
Қуръони Карми Мефармояд: “ان الله لغنی عن العالمین” Худованд на аз инсонҳо бе ниёз балки аз фариштагон ва дигар мавҷудот низ бе ниёз аст. Худованд бе ниёзи воқии аст на онки изҳори бе ниёзи кунад ва мефармояд: Фариштагоне, ки лашкариёни Худо ҳастанд бедуни хастагӣ доиман дар ҳоли ибодат ҳастанд балки кулли ҳастӣ доиман дар ҳоли тасбеҳ ҳастанд. “سبح الله…یسبح الله”
Қуръони Карим мефармояд: Ҳастӣ дар ҳоли қунут аст “کل له قانتون” ҳамаи ҳастӣ дар ҳоли тавозуъ ҳастанд.
Намоз ҳам ташакур аз Худост ва ҳам ёди Худо ва ёди Худо танҳо василае аст, ки дилҳо бо он ором мегирад “الا بذکرالله تطمئن القلوب” имрӯз ба хуби барои ҳама рӯшан шудааст, ки нафту текнелужӣ ва қудрату иртибототу сиёсатгузориҳо барои инсон ҳама чиз овард аммо оромиши рӯҳӣ наёвард.
Намоз инсонро аз фаҳшо ва мункар боз медорад “ان الصلاة تنهی عن الفحشاء و المنکر” ё аз аввал суроғи фаҳшо ва мункар намеравад ё агар муртакиби гуноҳе шуд намоз ба ӯ ҳушдор медиҳад, ки бояд баргардӣ ва тавба кунӣ.
Муҳандисии намоз ба гунае аст, ки дар он тамоми ниёзҳои инсонӣ наҳуфта шудааст. Ҳамонгуна, ки муҳандисии шири як модар ба гунае аст, ки тамоми ниёзҳои бадани навзод дар он наҳуфта шудааст. Шумо камолеро пайдо намекунед, магар инки дар ин намози чанд дақиқаӣ таъбия шудааст. Бо мо биоед то барраси кунем агар намоз камол аст, сафҳои ҷамоат бояд муназзам бошад.
Агар ҳифзи арзишҳо камол аст, дар сафи аввал бояд касоне қарор бигиранд, ки аз илм ва тақво ва камолоти бештаре бархурдор бошад.
Агар лаҳну савт камол аст, касе азон бигуяд ва имоми ҷамоъат шавад, ки аз лаҳну савти беҳтари бар хурдор бошад.
Агар ҳузур дар саҳна камол аст, таҷамуъи мардум бо садои азон ҳузур дар саҳна аст.
Агар озодӣ камол аст, мардум дар интихоби масҷид ва имоми ҷамоат ҳаққи интихоб доранд.
Агар муроъоти заъиф камол аст, пешнамоз дар иқомаи намоз бояд муроъоти заъифтарини мардумро намояд.
Агар иътимод бар як дигар камол аст, дар намози ҷамоат ҳангомӣ шакки ҳар як аз имом ва маъмум метавонанд бар як дигар иътимод кунанд ва шакки худро бар тараф кунанд.
Агар таваҷҷуҳ ба ҳуқуқи мардум камол аст, дар намоз ҳатто агар ришта ва тугмаи либос ғасбӣ бошад намозро мушкилдор мекунад.
Агар покӣ камол аст, бадан ва либоси намозгузор бояд пок бошад.
Агар мисвок задан камол аст, бояд бидонем, ки мисвок савоби як ракаъатро то ҳафтод ракаъат боло мебарад.
Агар зинат камол аст, супориш шудааст, ки занон ҳангомӣ намоз зинатҳое худро бо худ дошта бошанд ва мардон аз беҳтарин либос ва атрҳо истифо кунанд.
Агар тафаққуд аз фуқаро камол аст, дар беш аз бист ояти Қуръон намоз ва закот дар канори ҳам омадаанд ва дар ривоят омадааст, ки намози бе закот мавриди қабул нест ҳамонгуна ки занон бо як гушвора ба меҳмони ва ҷашни арӯси намераванд ва қатор бо як рел ҳаракат намекунад.
Агар ёди Худо камол аст, тамоми намоз ёди Худо аст “ اقم الصلاة لذکری”
Агр тамаркуз як камол аст, ҳузури қалб беҳтарин навъи тамаркуз аст.
Агар ёди маъод камод амт, калимаи “مالک یوم الدین “ ёди маъод аст.
Агар ёди Пайғамбари Акрам(с) камол аст, дар аввалин саломе, ки мегуем:”السلام علیک ایها النبی ёди ӯ мекунем.
Агар ҳамсардори камол аст, бояд бидонем, ки зан ва шавҳаре, ки ба ҳам неш ва таъна бизананд намози ҳичкадом қабул нест.
Агар дуъо камол аст, дар намоз калимаи “اهدنا الصراط المستقیم” аз Худованд роҳи рост ва мустақим дар хост мекунем.
Агар пайвастан бар хубон камол аст, мо роҳи касонеро мехоҳем, ки мавриди лутфи Худо қарор гирифтаанд “صراط الذین انعمت علیهم”
Агар бароат ва танаффур аз бадон камол аст “غیر المغضوب علیهم” аз Худованд мехоҳем, ки ҷузъи ғазаб шудагон ва мунҳарифин набошем.
Агар ихлос камол аст, саросари намози мо бояд бо қасди қурбат бошад.
Агар канор задани лаҳҷаҳо ва нажодҳо, қавмиятҳо ва иқлимҳо камол аст, мо дар калимаи ассалому алайно ва ъало ъибодуллоҳис солиҳин дуруди худро нисори бандагони солеҳи худо мекунем аз ҳар нажод ва синну ақли ва лаҳҷае, ки бошанд.
Агар варзиш камол аст, дар ҳаракоти рукуъу суҷуд ва дар хуне, ки ба мағз дар ҳоли саҷда мерасад баҳра мегирем.
Агар омӯзиш камол аст, барои иқомаи намоз бояд масъалаҳои мавриди ниёзро омӯзиш бубинем.
Агар иҷтимоъӣ будан барои инсон камол аст, бо ширкат дар масҷид ба ин ҳадаф мерасем. Нисбат ба якдигар раъфат ва таъовун дорем. Бо нигоҳи худ ҳамфикронро ҳузуру ғиёб мекунем. Бо ҳузури худ дар масҷид аз танҳоӣ ва ғурбат ва таҳдидҳо ва заъфҳо дур мешавем.
Ин аст гушае аз муҳандисии намоз. Шумо муқоиса кунед миёни чанд дақиқа намоз ва он ҳама баракот бо ҳар навъ ибодате аз ҳар мактаб.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.