Модар – ҳам муаллим ва ҳам шогирд

80

Модарон – ҳам муаллим ва ҳам шогирд

Нақши модар дар тарбияти кӯдак

Дар баҳси тарбияти кӯдак, нақши тарбияткунандаи аслӣ, нақши МОДАР аст.

Дар як шароити матлуб, модар нақши мураббӣ ва омӯзишдиҳанда ва омӯзгорро анҷом медиҳад ва падар ба унвони ҳамроҳ, ба кӯмаки модар омада ва саъй мекунад, равишеро, ки бо ҳам тавофуқ кардаанд, анҷом диҳад.

Модар аз тамоми зарофатҳо ва нозукиҳои ахлоқии фарзандаш хабар дорад ва агар падар дар масоили муҳимми тарбиятӣ мисли арзишҳои ахлоқӣ, рафторӣ, таҳсилӣ, танҳо назари худро эъмол кунад, натиҷаи мусбате ҳосил нахоҳад шуд.

Беҳтар аст, падарон дар масоили варзишӣ, фикрӣ ва таҷрибаҳои хориҷ аз манзил бо кӯдак ҳамроҳ шаванд то модар битавонад роҳаттару осонтар омӯзишҳои лозимро ба кӯдакаш бидиҳад.

Модарон ҳамзамон бо ин ки муаллими фарзандашон ҳастанд, касоне ҳастанд, ки дар айни замон, бояд мисли як шогирд, канори духтар ва писарашон бинишинанд ва ҳатто аз идеяҳо ва назароти онҳо истифода карда ёд бигиранд.

Ин масъала кӯдаконро ташвиқ мекунад, ки истеъдодҳояшонро парвариш дода ва битавонанд фарди муфиде бошанд.

Ҳамчунин модар бояд фарзанди калонтарро барои омӯзиш додан ба фарзанди хурдтараш ташвиқ кунад ва маҳоратҳои муаллимиро дар фарзанди калонтари хонавода эҷод кунад.

Тамоми ин таъсироти мусбат аз шумо як модари хубу намуна месозад, ки ба беҳтарин шакл ба рушду пешрафти фарзанди худ аҳамият медиҳед.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.