Нақши ақл дар таълим ва тарбият

229

Яке аз беҳтарин роҳҳое, ки падарон ва модарон ва муаллимон, дар таълим ва тарбияти фарзандон ва шогирдони худ метавонанд аз он истифода кунанд, парвариш ва тақвияти нерӯи ақл аст, зеро ақл дар назорат ва муътадилсозии тамоюлоти шаҳвонӣ ва ҳайвонӣ ва низ даъват ба корҳои нек ва пазириши макорими ахлоқ, нақши бузургеро ифо мекунад. Ақл барои инсон беҳтарин роҳнамост. Мушкилоти ахлоқӣ ва иҷтимоии инсонҳо ғолибан бар асари ҷаҳолат ва заъфи нерӯи ақлии онҳост. Агар ақл неруманд бошад, подшоҳи нафси аммора шуда ва онро бар тибқи масолеҳи воқеӣ идора мекунад ва чунин фарде саодатманд хоҳад шуд.
Бинобар ин волидайн ва муаллимон, вазифа доранд парвариши ақлро ҷузъи барномаҳои тарбиятии худ қарор диҳанд ва аз ин тариқ кӯдакро дар роҳи рост ҳидоят карда ва аз бероҳагӣ ва инҳирофот ҷилавгирӣ намоянд.  Аз ин рӯ парвариши ақлро метавон ба унвони як равиши тарбиятӣ муаррифӣ намуд. Ба ҳамин сабаб ислом нисбат ба ақл ва парвариши он инояти хоссе дорад, ки дар ин мақола ба чанд мавзӯи муфид дар ин бора ишора хоҳем кард.
Ҷойгоҳи ақл дар таодули ғаризаҳо
Инсон, бо ин ки ғариза ва хостаҳои ҳайвонӣ дорад, ки ӯро ба ин сӯву он сӯ мекашонад, бо доштани ақл, аз дигар ҳайвонот  ҷудо шуда ва номи ҳайвони нотиқро гирифтааст. Ақл мавҷуди шариф ва гаронбаҳое аст, ки инсонро бар соири ҳайвонот бартарӣ додааст. Инсон ба василаи ақл метавонад тафаккур ва оқибатандешӣ кунад, масолеҳ ва мафосид ва фоида ва зарари корҳоро хуб бисанҷад ва ташхис диҳад ва баъд бо огоҳии комил тасмим гирифта ва бар тибқи маслиҳат иқдом намояд. Ҳайвонот, чун ақл надоранд, дар баробари ғароиз ва хостаҳои ҳайвонӣ тоқати муқовимат надоранд ва бе тафаккур ва оқибатандешӣ иқдом ба анҷоми кор мекунанд, лекин инсон метавонад дар баробари хостаҳои нафсонӣ ва шаҳвонӣ муқовимат намуда ва онҳоро таъдил ва назорат кунад. Дар ин хостаҳо ва ғароиз, таодул барқарор созад ва аз ифрот ва тафритҳо ҷилавгирӣ намояд.
Агар ақл дар бадан ҳоким шуд, нафси ҳайвонӣ ва хостаҳои онро маҳор карда ва ба инсон озодӣ медиҳад. Ба ҳамин ҷиҳат аз ақл дар аҳодис таъриф ва тамҷид шудааст, ки дар ин ҷо чанд намуна аз аҳодис зикр мешавад:
Расули Худо(с) фармуданд:
                                        إنّ العقل عقال من الجهل، و النفس مثل اخبث ألدوابّ، فإن لم تُعقَل حارت.
Яъне ақл нисбат ба нафс монанди ресмоне аст, ки ба василаи он пои шутурро мебанданд. Нафси аммора монанди ҳайвоноти палид мебошад, ки агар ба василаи ақл маҳор нашавад саргардон мешавад ва ба бероҳа меравад .
Дар ҳадиси дигаре имом Ҷаъфари Содиқ (а) аз ҳазрати Алӣ (а) нақл мекунанд, ки он ҳазрат фармуданд:

إنّ الله عزّوجلّ ركّب في الملائكة عقلا بلا شهوة، و ركّب في البهائم شهوةً بلا عقل، و ركّب في بني آدم كليهما، فمن غَلَب عقلُه شهوتَه فهو خيرٌ من الملائكة، و من غَلَبت شهوتُه عقلَه فهو شَرٌّ من البهائم

“Худованди Мутаол дар фариштагон ақлро бе шаҳват ва дар ҳайвонот шаҳватро бе ақл қарор дод, аммо дар одамизодагон ақл ва шаҳватро бо ҳам таркиб намуд. Пас ҳар кас, ки ақлашро бар шаҳваташ ғалаба диҳад аз малоика беҳтар ва бартар аст ва ҳар кас, ки шаҳваташро бар ақл ғалаба диҳад аз ҳайвонот бадтар ва пасттар хоҳад буд”.
Расули Худо(с) фармуданд: «استرشِدوا العقلَ تُرشَدوا، و لا تَعصوه فَتندِموا»
“Аз ақл роҳнамоӣ бихоҳед, то ҳидоят шавед ва бо ақл мухолифат накунед, ки пушаймон мешавед”.
Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

“ما قَسّم اللهُ لا بَعثَ الله نبيّاً و لا رسولا حتى يستكمل العقل و يكون عقله أفضل من جميع عقول أمّته، و ما يُضمِر النبي في نفسه أفضل للعباد شيئاً أفضلَ من العقل، فنومُ العاقل أفضلُ من سهر الجاهل. و اقامة العاقل أفضل من شخوص الجاهل، و من اجتهاد المجتهدين، و ما أدّى العبد فرائض الله حتى عقل عنه، و لا بلغ جميع العادين فـي فضل عبادتهم مـا بلغ العاقل، و العقلاء هـم أولوالألباب الذين قال الله تعالى: و ما يتذكّر إلاّ ألوالألباب”

Яъне Худои Мутаол чизеро дар байни бандагонаш тақсим накарда, ки беҳтар аз ақл бошад. Пас хоби оқил беҳтар аз шабзиндадории ҷоҳил мебошад ва зиндагӣ дар ватан барои оқил аз ҳиҷрати ҷоҳил афзал аст. Худои Субҳон паёмбар ва расулеро нафиристод, магар вақте ки ақлаш ба ҳадди камол расид ва аз уқули умматаш бартар буд. Ончи дар ботини нафси паёмбар вуҷуд дорад, аз иҷтиҳод ва кушиши ҷиҳодгарон афзал аст. Ҳеҷ бандае наметавонад фароизи Худоро ба хубӣ адо кунад, ҷуз ин ки онҳоро тааққул кунад ва ҳамаи ибодаткунандагон дар фазилати ибодат ба мартабаи ибодати оқил намерасанд. Уқало соҳибони албоб ҳастанд, ки дар Қуръон мефармояд:
                                                                           “و ما يتذكر الاّ اولوالالباب ”
Ҳазрати Имом Ризо(а) мефармоянд:
                                                                      “صديق كلّ امرئ عقلُه و عدوّه جهلُه”
Яъне ақли ҳар инсоне дӯсти ӯ ва ҷаҳл, душманаш мебошад.

Нишонаҳои шахси оқил
Дар аҳодис барои шахси оқил нишонаҳо ва осоре зикр шуда, ки ба василаи онҳо метавон ақли инсонҳо ва миқдори онро ба даст овард, барои намуна чанд ҳадис зикр хоҳад шуд:
Ҳазрати Ҳасан(а) фармуданд:
                                                          «من كان عاقلا كان له دين، و من كان له دين دخل الجنة»
Яъне ҳар касе, ки оқил бошад дин дорад ва ҳар кас дин дошта бошад, дохили биҳишт хоҳад шуд.
Ва дар ҳадиси дигар омада, ки аз ҳазрати Содиқ(а) суол шуд: Ақл чист? Ҳазрат фармуданд:
                                            «ماعُبِدَ به الرحمانُ وأكتُسِبَ به الجنانُ»
Яъне ақл чизе аст, ки ба василаи он Худо ибодат мешавад ва инсон ба биҳишт меравад.
Аз ин ду ҳадиси боло ба даст меояд, ки мусулмони воқеӣ касе аст, ки оқил бошад ва ақли худро дар хидмати ёд ва зикри Худо қарор диҳад. Аз ин рӯ мусулмонон набояд аз ибодати Худо  дар муқобили камхирадони ба гуони худ “пешрафта”, хиҷолат бикашанд ва худро ақибмонда пиндоранд. Мо мусулмонон ба Ислом ва мусулмонии худ бояд ифтихор кунем, зеро қабули Ислом нишонаи оқил будан аст.
Ҳазрати Алӣ(а) дар мавриди инсони оқил чунин мефармоянд: «إذا تمّ العقل نَقص الكلامُ»
Яъне ҳангоме ки ақли инсон комил шуд каломаш камтар хоҳад шуд.
Аз суханони ҳазрати Алӣ(а) фаҳмида мешавад, ки инсони оқил, кам сухан мегӯяд ва бештар сокит ва дар тафаккур аст. Бо таваҷҷӯҳ ба суханони ҳазрат, оё мо дар барномаҳои тарбиятии фарзандонамон чизе ба номи барномаи сукут дорем, то ба фарзандонамон сукутро ёд диҳем? Чаро ба ҳамон андоза, ки дар фикри сухангӯии фарзанди ширхор ва гаҳвораии худ ҳастем, ба ҳамон андоза дар фикри ин набошем, ки чӣ кор кунем, фарзандонамон аз хӯрдсолӣ ва сини булуғи фикрӣ, сукут ва тафаккурро ёд гиранд?
Ва низ он ҳазрат(а) фармуданд:
                                            «لسانُ العاقل وراءَ قلبِه، وقلبُ الأحمق وراءَ لسانِه»
Яъне забони оқил баъд аз қалбаш ва қалби аҳмақ баъд аз забонаш мебошад.
Шояд сухани машҳуре, ки »аввал андеша баъд гуфтор«  баргирифта аз ҳадиси шариф аст. Ҳазрат ба мо тавсия мекунад, ки дар гуфтори худ диққат кунем ва ҳар чи дар забонамон омад нагӯем, балки муддате дар бораи он андеша кунем ва бубинем, оё гуфтани он сухан ба салоҳ аст ё нест? Инсоне, ки бе андеша ҳар он чи дар забонаш омад ва гуфт, аҳмақ аст.
Ҳазрати Имом Содиқ(а) дар бораи инсони оқил фармуданд:

العاقل من كان ذلولا عند إجابة الحقّ، منصفاً بقوله، جموحاً عند الباطل، خصماً بقوله، يترك دنياه و لايترك دينه، و دليل العقل شيئان: صدقُ القولِ، و صوابُ الفعلِ

Яъне оқил касе аст, ки дар пазириши ҳақ таслим ва дар сухан, боинсоф бошад. Дар баробари ботил сарсахт ва бо забонаш бо он душманӣ кунад. Дунёи худро тарк кунад, вале дини худро аз даст надиҳад,  далели ақл ду чиз аст: Ростгӯӣ ва дурусткорӣ.
Инсони муваффақ дар дунё ва охират касе аст, ки дурусткор бошад ва вақте сухани ҳақро мешунавад, онро қабул кунад, мисли асҳоби Паёмбари Ислом(с), ки дар баробари суханони ҳаққи он ҳазрат таслим шуданд. Фиръавн бо он ҳама мол, сарват ва ҳукумате, ки дошт, чун дар баробари ҳақ (ҳазрати Мусо) таслим нашуд, шикаст ва хор гардид. Албатта қавли ҳақ танҳо дар қалб ва забон нест, балки ҳамроҳ бо амал аст, яъне ҳар куҷо ҳақ буд дар муқобили он ботиле ҳам вуҷуд дорад ва дар ҷое гуфта мешавад, инсон ҳақро қабул карда, ки дар муқобили он (ботил ва зулм) бархезад ва бо забон ва амал душмании худро нишон диҳад.
Ва ҳамчунин он ҳазрат фармуданд: أكمل الناس عقلا أحسنهم خُلقاً
Комилтарини мардум аз ҷиҳати ақл касе аст, ки ахлоқаш аз ҳама беҳтар бошад.
Дар ин ҷо ба баъзе аз нишонаҳои инсони оқил, ки дар аҳодис омада баён шуд ва намунаҳои фаровони дигаре низ дар аҳодиси дигар вуҷуд дорад, ки аз зикри онҳо худдорӣ мешавад.
Ҳамаи инсонҳо ақл доранд, лекин ҳамаи онҳо аз ақли худ хуб истифода намекунанд. Кори ақл ин аст, ки воқеиётро хуб ва саҳеҳ дарк мекунад, мафосид ва масолеҳро ташхис дода ва роҳи саодат ва камолро ба инсон нишон медиҳад. Тафаккур ва оқибатандешӣ ва воқеънигарӣ, кори ақл аст, лекин дар сурате ки ба кор гирифта шавад ва дар роҳи дуруст қарор гирад.
Ақл бо тафаккури саҳеҳ метавонад воқеиётро кашф кунад ва саодат ва камоли воқеии инсонро таъмин намояд. Мабдаи офариниши ҷаҳонро метавонад бишносад ва аз дастурҳо ва барномаҳояш пайравӣ кунад, фазоил ва макорими ахлоқро шинохта ва худро бо онҳо такмил кунад, разоили ахлоқиро низ ташхис дода ва аз онҳо бипарҳезад.
Бинобар ин, агар дидем фарде ба Худо, маод ва паёмбарон имон ва ақида дошта ва аз дастурҳои паёмбарон итоат мекунад, ба фазоил ва макорими ахлоқ ороста буда ва аз ахлоқи нописанд пироста аст, пай мебарем, ки нерӯи тааққули худро хуб ба кор гирифта ва дар натиҷа аз ақли комиле бархурдор аст, баръакс, агар аз Худо рӯй гардонда ва ба мабдаъ ва маод имон надорад ва шефта ва дилбохтаи корҳои дунявӣ аст ва ба ахлоқи неки инсонӣ ҳам пойбанд нест, маълум мешавад, ки аз нерӯи ақли хеш хуб истифода накарда ва ақлаш заиф аст.
Роҳҳои тақвияти ақл
Ҳар инсоне метавонад ақли худро тақвият ва комилтар гардонад, зеро ақл қобили тарбият, тақвият ва такомул аст. Ба ҳамин ҷиҳат Ислом ба инсонҳо тавсия мекунад, ки дар такмили ақли хеш бикӯшанд. Барои тақвияти ақл, дар Қуръон ва аҳодис роҳҳое муаррифӣ шудааст, ки волидайн ва мураббиён дар тарбияти фарзандон ва шогирдони худ, метавонанд аз ин роҳҳо истифода кунанд. Умдатарини ин роҳҳо иборатанд аз:
1-Тафаккур
Ба василаи тафаккур метавон ба тақвияти ақл пардохт ва аз ин роҳ метавон ақлро ба фитрати илоҳӣ муттасил нигоҳ дошт. Худованд дар Қуръон дар оёти зиёде ба тафаккур ташвиқ карда ва наҳваи чигунагии тафаккурро дар оёт ва хилқат ёдоварӣ мекунад; онҷо ки мефармояд:

«وهو الذی مد الأرض وجعل فیها رواسی وأنهاراً ومن کل الثمرات جعل فیها زوجین اثنین یغشی اللیل النهار إن فی ذلک لآیات لقوم یتفکرون »

Яъне Ӯст, ки заминро бигустаронд ва дар он кӯҳҳои устувор ва рӯдҳо падид овард ва дар он аз ҳар гуна мевае ҷуфт-ҷуфт офарид. Ва шабро бар рӯз мепӯшонад. Қатъан дар инҳо оёт ва нишонаҳое аст барои мардуме, ки тафаккур мекунанд.
Далоили ошкоре дар ин оят бар ягонагии Худованд вуҷуд дорад, то мутафаккирон барои исботи сонеъ, ба онҳо истидлол кунанд. Тафаккури дуруст, калиди ҳидояти инсон ва абзори касби улум ва маорифи динӣ ва расидан ба мақоми қурби илоҳӣ аст. Аҳамияти тафаккур аз манзари ҳазрати Алӣ(а) то андозае аст, ки ба фарзандаш Имом Ҳасани Муҷтабо(а) мефармояд:
                                                          «لا عبادة کالتفکر فی صنع الله عز و جل»
Яъне ҳеҷ ибодате ҳамонанди тафаккур ва мутолиа дар маснуоти илоҳӣ нест. Зеро тафаккур ва андеша инсонро ба ҳақиқат роҳнамоӣ мекунад ва бо тафаккур аст, ки инсон вуҷуди Худоро дар ҳама ҷо мебинад.
2-Оқибатандешӣ
Оқибатандешӣ, ки тадаббур низ гӯянд, дар тарбияти динӣ ба ин маъност, ки инсон дар завоҳири умур таваққуф накунад ва дар фарҷом ва оқибати он бияндешад ва поёни корро бингарад, зеро яке аз роҳҳое, ки метавон бо он неруи ақлро тақвият кард, ин аст, ки  инсон дар мавриди поёни ҳар коре, атроф ва ҷавониби онро хуб баррасӣ карда ва дар осор ва натоиҷи хуб ё бади он, андеша ва тааммул кунад. Ғафлат аз оқибат ва наандешидан дар фарҷом ва поёни корҳо, боиси боздоштани инсон аз сайр ва ҳаракат ба сӯи камол мешавад.
Ҳазрати Алӣ(а) тарбиятёфтаи мактаби Расули Худо(с) беш аз ҳар кас ба оқибатандешӣ аҳамият медоданд ва ҳатто дар дастурамалҳои мудириятӣ ба коргузорони худ дастур медоданд, ки аз ҷумла меъёрҳои аслияшон дар интихоби коргарон ва зердастон, оянданигарӣ ва оқибатандешии ашхос бошад. Дар аҳдномаи Молики Аштар ба вай чунин менависад:  “وتوخ منهم … أبلغ فی عواقب الأمور
Яъне аз миёни мардум касонеро барои коргузорӣ интихоб кун, ки дорои назари расотар дар авоқиби корҳо бошанд.
3-Кунҷковӣ ва суол  кардан
Яке аз неъматҳои фитрие, ки Худои Мутаол ба инсон дода, ҳисси кунҷковӣ  аст, ки ин ҳис боиси шинохти ҳақоиқ, маориф ва мабдаи ҳастӣ ва Худованд шудааст. Кунҷковӣ  ва суол кардан яке аз муҳимтарин омилҳои тақвияти неруи ақл аст. Инсоне, ки дар шинохти умур кунҷковӣ  менамояд, агар ба воқеъ нарасид, боз ҳам набояд онро раҳо кунад,  балки бояд аз донишмандон ва аҳли он суол кунад ва он қадар ба кори хеш идома диҳад, то ба матлуб бирасад. Чунин инсоне кам-кам ақли хешро тақвият карда ва барои фаҳм ва дарки умури бисёр муҳим ва душвор омода мешавад.
Имоми Ҳусейн(а) дар ин бора мефармоянд:
                                                       “إن هذا العلم علیه قفل ومفتاحه السؤال ”
Яъне бар илм қуфле ниҳода шуда ва калиди он суол кардан аст.
Инсон ҳар чи қадар олим ва оқил бошад, боз ҳам аз улум ва иттилооти дигарон бениёз нест ва набояд ба дараҷа ва мартабае аз илм қонеъ бошад, балки ҳамвора ва ҳамеша дар садади таҳсили илму дониш бошад.
4-Муошират ва дарки маҳзари олимон ва ҳакимон
Тавфиқи дарки маҳзари инсонҳои олим ва хирадманд, сабаби рушди ақл дар одамӣ мешавад. Ончи аз инсони оқил сар мезанад, барои бинанда қобили фаҳм ва пазириш ва асаргузор аст. Муошират бо донишмандон ва ҳакимон ба улум ва иттилооти инсон меафзояд ва ақли ӯро комилтар мегардонад, зеро суханони донишмандон ва хирадмандон ғолибан илмӣ, мантиқӣ ва оқилона хоҳад буд ва ахлоқ ва рафтори оқилонаи онҳо бидуни шак дар ҳамнишинонашон таъсири хуб хоҳад гузошт. Баръакс, муошират ва гуфтугӯ бо афроди ҷоҳил ва камақл, на танҳо ба ақли инсон намеафзояд, балки рафта-рафта инсонро ба бехирадӣ хоҳад кашид; ба тавре ки мумкин аст, чароғи ақл хомӯш гардад. Имом Алӣ(а) мефармояд:
                                    «من استبد برأیه هلک ومن شاور الرجال شارکها فی عقولها»
Яъне ҳар кас, ки худраъйиро интихоб кард, ҳалок гашт ва ҳар кас, ки бо мардум машварат кард, бо уқули онон шарик шуд. Махсусан агар ин ҳамандешӣ бо соҳибони хиради барҷаста анҷом гирад судмандтар аст. Бинобар ин муошират ва ҳамнишинӣ бо уқало ва уламо боис мешавад, ки инсон бо машварат гирифтан аз онон сабаби тақвияти ақли хеш гардад ва камтар дучори иштибоҳ шавад.
5-Истифода аз таҷрибаҳои дигарон
Яке дигар аз мавориди тақвияти ақл, истифода ва баҳрагирӣ аз таҷрибиёти дигарон аст, ки мураббӣ дар тарбияти динӣ метавонад шогирдро ба баҳрагирӣ аз таҷрибиёти дигарон ташвиқ кунад, чунки истифода аз таҷриба яке аз муқаввимоти тааққул аст; чунон ки ҳазрати Алӣ(а) мефармояд:  «العقل حفظ التجارب وخیر ما جربت ما وعظک»
Ақл ҳифзи таҷрибаҳост ва беҳтарин таҷриба чизе аст, ки ба ту панд бидиҳад.
Ва ҳамчунин Имом Алӣ(а) дар ҷои дигар дар баёни сифоти фарди оқил мефармояд:

                                             «فإن العاقل یتعظ بالآداب»
Хирадманд бо таълим ва тарбиятҳои созанда панд мегирад.
Инсон барои тааққули саҳеҳ бояд пандпазир бошад ва аз моҷароҳои гуногуне, ки мебинад ва мешунавад панд гирад, зеро истифода аз таҷоруби дигарон сабаб мешавад, то инсон дар бархурд бо масоил тааммул ва диққати бештаре аз худ нишон диҳад, аммо бо вуҷуди ин ҳама таҷрибаҳо дар давоми таърих, то ба ҳол мутаассифона инсонҳои пандгир кам ҳастанд. Ҳазрати Алӣ(а) мефармоянд: ما أكثَرَ العِبَرَ وَ أقَلَّ الاِعتِبارَ  “Чи бисёранд ибратҳо ва чи андак аст, ибрат гирифтан”.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.