Беҳтарин ахлоқ

55
Беҳтарин ахлоқ
Расули Акрам(с) фармуданд:
“Оё шуморо ба беҳтарин ахлоқи дунё ва охират роҳнамоӣ кунам?
Он аст, ки бо ҳар кас, ки аз ту гусастааст, бипайвандӣ, ба ҳар кас, ки туро маҳрум карда, ато кунӣ ва ҳар касро, ки ба ту ситам кардааст, афв кунӣ”.
Усораи маорифи исломӣ, дар ин чанд ҷумла баён шудааст: Беҳтарин ва ахлоқитарин бархурд бо касе, ки аз мо бурида ва робитаашро бо мо қатъ кардааст, ин аст, ки мо худ пешқадам шавем ва бо ӯ иртиботи хубу дӯстонае барқарор кунем.
Ҳамчунин агар дӯсте, ҳамсояе моро аз чизе маҳрумамон кард, ба ҷои интиқомҷӯӣ, ба ӯ хубӣ кунем ва ба ҷои он ки мисли ӯ рафтор намоем, ба ӯ бибахшем. Ва дар ниҳоят касеро, ки моро нороҳат сохтааст, аз ӯ бигзарем.
Хонаводаи намуна
You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.