Гуфтани азон ва қомат дар гӯши фарзандон

206

Аввалин коре, ки Расули Худо(с)  ва пешвоёни уммат ба он хеле супориш намудаанд ин аст, ки падару модар пас аз таваллуди навзодашон, дар гӯши рости ӯ азон ва дар гӯши чапаш қомат бигӯянд. Ин амал осори бисёр муфиди рӯҳӣ дар вуҷуди навзод хоҳад дошт, зеро бешак гуфтани ҷумлаҳои:«اللهُ أَكْبَرُ»، «أَشْهَدُ أَنْ لاَ اِلَهَ إِلاَّ اللهُ»، «أَشْهَدُ أَنَّ مُحَمّداً رَسُوْلُ اللهِ»  аз аввалин лаҳзаҳои зиндагӣ, гӯши тифлро бо нидои тавҳид ва рисолати тавҳидӣ ошно хоҳад кард ва саҳифаи пок ва нуронии рӯҳи кӯдак, ин паёмҳоро дар худ мунъакис хоҳад намуд.
Оре, паёмҳои тавҳидӣ ҳамчун оби ҳаёт фитрати илоҳиашро сероб карда ӯро барои ҳаракат дар шоҳроҳи саодат омодатар мекунад ва ҳамчунон ки илми равоншиносии имрӯзӣ собит кардааст. “Рӯҳи кӯдак дар шаш соли аввали зиндагӣ бисёр қабулкунанда, ҳассостар ва нақшпазиртар аз давраҳои дигари зиндагиаш аст ва он чиро, ки дар худ ҷазб мекунад, ба сахтӣ метавонад осори мусбат ё манфии онҳоро дар бузургсолӣ аз хештан бизудояд”. Дар ҳоле ки бар асоси тасаввури омиёнаи бисёре аз мардум, кӯдак дар ин син чизе намефаҳмад.
Олимони динӣ дар баҳси тарбиятпазирии кӯдак гуфтаанд:
Инсоне, ки ба дунё омадааст «حديث العهد بالربّ»; яъне тоза аз ҳузури зоти поки Худованд поин омада ва ба Худо аҳди тавҳидии рубубӣ баста ва ба ёди Ӯст. Худоро хуб мешиносад ва ба маводе, ки бар асоси он ба Худо аҳди тавҳиди рубубӣ бастааст, огоҳ аст ва бо сармояи илҳом ва огоҳӣ  <فَأَلْهَمَها فُجُورَها وَ تَقْواها> “Ва бадкорӣ ва порсоиашро ба ӯ илҳом кард”    ба дунё омада ва ҳанӯз ранги тираи табиат, ӯро рангин накардааст ва қобили тараққӣ ва рушд аст.
Агар дастури дин ин аст, ки аввалин сухане, ки кӯдак мешунавад азон дар гӯши рост ва қомат дар гӯши чапи ӯ бошад, барои он аст, ки кӯдак воқеан ин суханҳоро мефаҳмад. Ҳамон тавр ки  <أَلَسْتُ بِرَبِّكُمْ> “Оё Парвардигори шумо нестам?”  -ро шуниду фаҳмид ва посухи дурусте дод, ҷумлаи,
«أَشْهَدُ أَنْ لاَ اِلَهَ إِلاَّ اللهُ وَ اَشهَدُ أَنَّ مُحَمَّداً رَسُولُ الله»-ро ҳам ба хубӣ мефаҳмад ва ба тавҳиду рисолат шаҳодат медиҳад ва намоз, растгорӣ, амали хайр ва такбирро ба хубӣ мефаҳмад ва мепазирад.

Фоидаҳои азон ва қомат:
А  Сабаби дурии шайтон аз навзод
Дар ривояте имом Саҷод(а) аз қавли Паёмбар(с) фармуданд:

مَنْ وُلِدَ لَهُ مَوْلُودٌ فَلْيُؤَذِّنْ فِي أُذُنِهِ الْيُمْنَى بِأَذَانِ الصَّلَاةِ وَ لْيُقِمْ فِي أُذُنِهِ الْيُسْرَى فَإِنَّهَا عِصْمَةٌ مِنَ الشَّيْطَانِ الرَّجِيْمِ

“Касе, ки соҳиби фарзанд шавад, дар гӯши росташ азон бигӯяд ва дар гӯши чапаш қомат, зеро ин амал фарзандро аз (васвасаҳои) шайтони рондашуда, муҳофизат мекунад.”
Дар ривояте имом Алӣ(к) ин суннатро аз Паёмбари Акрам(с) нақл мекунад, ки он ҳазрат фармуданд: [فَإِنَّ ذَلِكَ عِصْمَةٌ مِنَ الشَّيْطَانِ الرَّجِيمِ وَ الْإِفْزَاعُ لَهُ] “Ин амал (гуфтани азон ва қомат дар гӯши навзод) сабаб мешавад, то кӯдак аз бадиҳои шайтон дар амон монад ва дар хоб натарсад”.
Ҳамчунин Паёмбари Акрам(с) ба ҳазрати Алӣ(к) чунин супориш мефармоянд:

يا عَلِىُّ اِذا وُلِدَ لَكَ غُلامٌ اَو جارِيَۀٌ فَاَذِّنْ فِى اُذُنِهِ اْليُمْنى وَ اَقِمْ فِى اْليُسْرى فَاِنَّهُ لايَضُرُّهُ الشَّيْطانُ اَبَدا

“Эй Алӣ! Вақте соҳиби писар ё духтар шудӣ, дар гӯши росташ азон ва дар гӯши чапаш қомат бигӯ, ки барои ҳамеша аз газанд ва зарари шайтон дар амон хоҳад буд”.

Б- Гирифтор нашудан ба бемории уммуссибён
Имом Ҳусайн(а) аз Паёмбари Аъзам(с) нақл мекунад, ки ҳазрат фармуданд:

[مَن وُلِدَ لَهُ وَلَدٌ فَاَذّنَ فِى اُذُنِهِ اْليُمْنى و اَقامَ فِى اُذُنُهِ اْليُسْرى لَم تَضُرّهُ اُمُ الصِّبْيانِ]

“Ҳар касе, ки соҳиби фарзанд шавад ва дар гӯши росташ азон ва дар гӯши чапаш қомат бигӯяд, ҳаргиз ба бемории “уммуссибён” гирифтор нахоҳад шуд”.
Азони Паёмбари Худо(с) дар гӯши имом Ҳасан ва имом  Ҳусейн(а)
Нақл шудааст, ки “Паёмбар(с) дар гӯши имом Ҳасан(а) ва имом Ҳусейн(а) азон гуфт ва ба чунин коре супориш фармуд”.

[إِنَّ اْلنَّبِيَّ أَذَّنَ فِيْ أُذُنِ اْلحَسَنِ وَ اْلحُسَيْنِ حِيْنَ وُلِدَا وَ أَمَرَ بِهِ]

Аз ҳазрати Алӣ(к) нақл шудааст, ки Паёмбар(с) фармуданд:

أَمَرَ أَنْ يُفْعَلَ ذَلِكَ بِالْحَسَنِ وَ الْحُسَيْنِ وَ أَنْ يُقْرَأَ مَعَ الْأَذَانِ فِي أُذُنِهِمَا فَاتِحَةُ الْكِتَابِ وَ آيَةُ الْكُرْسِيِّ وَ آخِرُ سُورَةِ الْحَشْرِ وَ سُورَةُ الْإِخْلَاصِ وَ الْمُعَوِّذَتَانِ

“Дар гӯши Ҳасан ва Ҳусайн(а) азон ва қомат гуфта шавад ва илова бар он, сураи Ҳамд, Оятулкурсӣ, ояти охири сураи Ҳашр, сураҳои Ихлос, Нос ва Фалақ ба ҳамроҳи азон хонда шавад”.
2) Бардоштани коми навзод
Дуввумин суннате, ки бояд падарон ва модарони азиз ҳангоми таваллуди фарзанди худ риоят кунанд, бардоштани коми навзод аст, ки аз суннатҳои исломӣ ва равиши пешвоёни дин ва аз суфоришоти онон аст. Он бузургворон, коми фарзандони худро бо чизҳое мисли хурмо мебардоштанд. Бардоштани коми навзод бо ин маворид осори хубе рӯи фарзанд мегузорад.  Масалан Абубасир аз имом Содиқ(а) ва эшон аз ҳазрати Алӣ(к) чунин нақл мекунанд, ки он ҳазрат фармуданд:

[بِالْحَسَنِ وَ الْحُسَيْنِ 3 حَنِّكُوا أَوْلَادَكُمْ بِالتَّمْرِ فَكَذَا فَعَلَ رَسُولُ اللَّهِ]

“Коми фарзандони худро бо хурмо бардоред, зеро Паёмбари Акрам(с) коми Ҳасан ва Ҳусайнро бо хурмо бардоштанд”.
3- Хатна кардани писарон
Сеюмин суннате, ки бояд дар ҳафтаи аввали таваллуди навзоди писар риоят кард, хатна кардани ӯст, ки пешвоёни дин супориши зиёде доштаанд ва рӯзи ҳафтуми таваллудро барои он муайян карда ва ҳикматҳое низ барои он баён фармудаанд, ки ба ду ривоят ишора мешавад:
Имом Алӣ(к) аз Паёмбари Акрам(с) нақл мекунад, ки фармуд:

[اخْتِنُوا أَوْلَادَكُمْ يَوْمَ السَّابِعِ فَإِنَّهُ أَطْهَرُ وَ أَسْرَعُ لِنَبَاتِ اللَّحْمِ و اَرُوحُ لِلْقَلْبِ]

“Фарзандони худро дар рӯзи ҳафтум хатна кунед, зеро ин амал барои навзод покизатар ва дар суръати рушд ва нумувви ҷисмонии ӯ муассиртар ва мояи таровати бештари рӯҳ аст”.
Ҳамчунин ҳазрати Алӣ(к) фармуд:

[وَ لابَرْدٌ فَاِنَّهُ طُهْرٌ لِلْجَسَدِ اِخْتِنُوا أَوْلَادَكُمْ يَوْمَ السَّابِعِ وَ لايَمْنَعُكُمْ حَرٌّ]

“Фарзандони худро рӯзи ҳафтуми таваллуд, хатна кунед ва ҳеҷ гоҳ гармо ё сармо шуморо аз ин амал боз надорад, зеро хатна мояи таҳорат ва покии ҷисм аст”.
4- Тарошидани сари навзод
Чаҳорумин суннате, ки дар ибтидои таваллуд бояд анҷом шавад ва мавриди инояти падару модар бошад, тарошидани мӯи сари навзод аст, ки мустаҳаб аст дар рӯзи ҳафтум анҷом шавад. Имом Содиқ(а) аз падаронаш чунин ривоят мекунад:

[ أَمَرَ بِحَلْقِ شَعْرِ الصَّبِيِّ الَّذِي يُولَدُ بِهِ الْمَوْلُودُ عَنْ رَأْسِهِ يَوْمَ سَابِعِهِ3أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ]

“Паёмбари Акрам(с) дастур дод то сари навзод дар рӯзи ҳафтуми таваллуд, тарошида шавад”.
Садақа ҳамвазни мӯи сари навзод
Имом Содиқ(а) мефармояд:

وَ حَلَقَتْ فَاطِمَةُ رُءُوسَهُمَا- الحَسَنِ وَ اْلحُسَيْن  وَ تَصَدَّقَتْ بِوَزْنِ شَعْرِهِمَا فِضَّةً

“Фотима(а) сари ду фарзанди худ (имом Ҳасан ва имом Ҳусайн(а)-ро тарошид ва ҳамвазни мӯи сари онон нуқра садақа дод”.

 وَزَنَتْ فَاطِمَةُ بِنْتُ رَسُولِ اللَّهِ3 شَعْرَ حَسَنٍ وَحُسَيْنٍ وَزَيْنَبَ وَأُمِّ كُلْثُومٍ فَتَصَدَّقَتْ بِزِنَةِ ذَلِكَ فِضَّةً  

“Ҳазрати Фотима(а) духтари Расули Худо(с) мӯи Ҳасан ва Ҳусайн ва Зайнаб ва Уммикулсумро вазн кард ва ба андозаи он нуқра садақа намуд”.
5-  Интихоби ном
Панҷумин суннат аз суннатҳое, ки дар оғози таваллуди навзод мавриди таваҷҷӯҳи падару модар қарор мегирад, интихоби ном аст.
Интихоби ном масъалаи бисёр боаҳамият аст. Падару модар бояд фикр кунанд, ки ин навзод дар оянда ба таври ҳамеша бо ин ном сару кор хоҳад дошт ва ҳама ӯро бо ин ном садо хоҳанд кард ва ном сабабе барои таваҷҷӯҳ ба шахсияти тифл хоҳад буд. Агар номи нописанд ва мояи танаффури мардум бошад, бешак мавриди тамасхур қарор гирифта ва сабаби ранҷи рӯҳӣ ва озурдагии хотири кӯдак хоҳад шуд. Табиист, ки кӯдак сабаби ин нороҳатиҳоро интихоби нодурусти падар ва модар медонад.
Аз ин рӯ бояд диққат кард, то аз номҳои хуб истифода шавад. Ҳамчунон ки дар ривоёт ворид шуда барои фарзандони худ аз беҳтарин номҳо истифода кунед ва беҳтарин номҳо он аст, ки нишонаи бандагии Парвардигор ва ёдовари фазоил ва макорими ахлоқӣ бошад . Инак назари шуморо ба намунаҳое аз ривоёт дар ин бора ҷалб менамоем.
Суннати номгузорӣ
Имом Содиқ(а) фармуд:

لاَ يُولَدُ لَنَا مَوْلُودٌ إِلَّا سَمَّيْنَاهُ مُحَمَّداً فَإِذَا مَضَى سَبْعَةُ أَيَّامِ فَإِذَا شِئْنَا غَيَّرْنَا وَ إِلَّا تَرَكْنَا

“Ҳеҷ навзоде таваллуд намешавад, магар ин ки нахуст ӯро Муҳаммад меномем ва пас аз ҳафт рӯз, агар хостем номашро тағйир медиҳем, вагарна ҳамон номро бар ӯ мегузорем” .
Номи хуб ҳаққи фарзанд
Ибни Аббос аз Паёмбар(с) нақл мекунад, ки ҳазрат фармуданд:
[مِنْ حَقِّ الْوَلَدِ عَلَى الْوَالِدَيْنِ يُحَسِّنُ اسْمَهُ وَ يُحَسِّنُ أَدَبَهُ] “Ҳаққи фарзанд бар падару модар он аст, ки номи неке бар ӯ биниҳанд ва ба беҳтарин шакл ӯро тарбият намоянд”.
1)    Беҳтарин ҳадя ба фарзанд
Ҳазрати Алӣ(к) аз Паёмбар(с) нақл мекунад, ки он ҳазрат фармуданд:
[إِنَّ أَوَّلَ مَا يَنْحَلُ أَحَدُكُمْ وَلَدَهُ الِاسْمُ الْحَسَنُ فَلْيُحْسِنْ أَحَدُكُمْ اسْمَ وَلَدِهِ] “Аввалин ҳадяе, ки ҳар яке аз шумо ба фарзандаш мебахшад номи хуб аст, пас беҳтарин номро барои фарзанди худ интихоб кунед”.
Мӯсо ибни Бакр аз ҳазрати Абулҳасан(а) нақл мекунад:
[أَوَّلُ مَا يَبَرُّ الرَّجُلُ وَلَدَهُ أَنْ يُسَمِّيَهُ بِاسْمٍ حَسَنٍ فَلْيُحْسِنْ أَحَدُكُمُ اسْمَ وَلَدِهِ] “Аввалин некӣ ва эҳсони мард ба фарзандаш он аст, ки номи хуб барои ӯ интихоб кунад, пас барои фарзандони худ, аз беҳтарин номҳо истифода кунед”.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.