Киви- саршор аз витамин

147

Витамини  E – яке аз витаминҳои  ҳалшуда  дар чарбӣ аст. Далели  аҳаммияти   ин витамин хосияти антиоксидантии  он мебошад, ки иборатест аз коҳиши  омилҳои  кимиёии  харобиоваре, ки дар асари   стресҳои  физологӣ   ва муҳити дар бадан ба вуҷуд  меоянд. Руғанҳои  гиёҳӣ, мағзҳо(донаҳо) ва ҷавонаи  гандум аз манобеъи  таъминкунандаи   витамини  E ба  шумор   мераванд.
Таҳқиқоти ахири  муҳаққиқони  фаронсавӣ нишон  медиҳад, ки ду меваи  авокадо  ва киви низ саршор аз витамини  E ҳастанд. Авокадо меваи   равғанӣ  аст, ки ба далели  доро  будани  бисёре  аз маводи  зарурӣ   ба  вежа  асидҳои  чарбии  муфид  метавонад ба  унвони  яке аз таркибҳои  хуриши  сабзиҷот   ба  режими ғизоӣ афзуда шавад.
Киви ба далели  доро  будани  миқдори  зиёд  аз  маводи  қавӣ ва зарурӣ  аз ҷумла витамини  C ва флавоноидҳои  мухталиф аҳаммияти бисёр зиёде  дар таъмини саломатӣ  ва пешгирӣ аз бемориҳои  мухталиф дорад. Бар асоси  мутолиъоти ахир    киви  ба  ҳайси  яке аз манбаъҳои  витамини  E низ ба  шумор  рафта  дар пешгирӣ аз навъҳои гуногуни  саратонҳо нақш дорад.
Нуктаи  муҳим ин аст, ки бахши  асосии  витамини  E  дар пусти  киви мавҷуд аст; банобарин  тавсия   мешавад, ки  ин меваро ба хубӣ шуста  ва  бо пуст истеъмол  намоед.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.