Панҷ нукта дар бораи зинати тило

109

Ҳурмати тило

Ҳеч ҳукме дар ислом вуҷуд надорад магар ин ки дорои ҳикматҳои зиёде аст. Ба унвони мисол: Ҳукми истифода аз тило барои мардон, ҳикматҳои зиёде дорад. Монанди ин ки бархе гуфтаанд: гулбулҳои сафед дар хуни мард беш аз зан аст. Аз тарафи дигар, тило дар афзоиши ин гулбулҳо муассир аст. Аз ин рӯ, вуҷуди он барои зан муфид аст; вале барои мардон чандон муносиб нест ва мумкин аст муҷиби бар ҳам задани таодули гулболҳои сурх ва сафед гардад. Албата ин масала гӯё бо таҳқиқоти илми низ собит шуда аст. Аз дигар ҳикматҳое ки барои ҳурмати тило барои мардон гуфта шуда аст, шабеҳ шудани мард дар хусусиёти ахлоқӣ ба зан аст. Баъд аз баёни ин муқаддима, ба баёни панҷ нукта дар бораи зинати тило мепардозем:

Зинат кардан ба тило барои зан, дар намоз мубоҳ аст, магар дар баробари номаҳрамон. Вале барои мардон ҳаром аст, чи ба қасти зинат бошад ё набошад ва намоз хондан бо он ботил аст.

Фарқе нест дар ин ки тило сафед бошад ё зард, он филизе ки бар асоси фатовои мароҷеъ барои мардон ҳалол аст, пилотин аст, ки филизе ғайр аз тило аст.

Хариду фуруш ва сохти тилои мардона ҳаром ва муомила ботил аст.

Истифода аз чизе ки машкук аст ва мушахас нест ки тило аст ё чизе дигар, барои мардон истифода аз он монеъе надорад. Истифода аз тило барои кӯтоҳ муддат низ барои мардон ҳаром аст, монанди лаҳзае никоҳ.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.