Чӣ гуна падари хубе бошем?

58

Чӣ гуна падари хубе бошем?

Чӣ гуна барои фарзандам падари хубе бошам?

Падари хуб будан чӣ тавр мешавад? Ҳамагӣ хуб медонем, ки имрӯза бо тағйироти сабки зиндагӣ, баҳси муҳоҷирати кории падарон ва ғайра, нақши падарон дар тарбияти фарзандон низ тағйир кардааст ва ба як мавзӯи муҳим табдил шудааст.

Лозим аст ҳар падаре ба нақшҳои худ ва вазоифи худ дар тарбияти фарзандон огоҳ бошад ва бо ҳамкории ҳамсари худ, онҳоро дар масири рушду пешрафт ёрӣ диҳад.

Нақши падар бо таваҷҷӯҳ ба ҷинси фарзанди писар ва духтар ва низ бо таваҷҷӯҳ ба синни онҳо, камрангтар ё пуррангтар мешавад.

Яке аз муҳимтарин масоиле, ки нақши падарро дар тарбияти фарзанд, муассир ҷилва медиҳад, бовар ва ҳамроҳии модарон дар ин маврид аст.

Падар, пеш аз он ки ба вазоифи падарии худ бипардозад, бояд талош кунад, ки робитаи худ бо ҳамсарашро беҳбуд бахшад ва вазоифи ҳамсарии худро ба хубӣ анҷом диҳад, зеро ин масъала ба нақши падарӣ бисёр кӯмак мекунад.

Фарзандон, ки ишқу эҳтироми падари худро ба модарашон мебинанд, эҳсоси амнияту оромиши бештаре доранд ва дар калонсолӣ мардони дигарро низ бештар қобили эҳтиром ва эътимод мебинанд. Албатта ин эҳсос боиси эътимод ба нафси бештар ва худбоварии бештаре дар фарзандон мешавад.

Мушорикати падарон дар анҷоми масъулиятҳои хона ва тақсими ин вазоиф байни падару модар, кӯдакро барои зиндагии оянда омодатар месозад.

Таҳқиқот нишон додааст, ки кӯдаконе, ки дар хонавода нақшҳои ҷинсиятии падару модарро ба унвони марди хонавода ва зани хонавода ба таври саҳеҳ, мушоҳида кардаанд, аз саломати равонии бештаре бархурдор ҳастанд.

Падари хуб чӣ хусусиятҳое дорад?

Дар идома феҳраствор ба чанд намуна аз масъулиятҳои падар дар муҳити хонавода, дар робита бо фарзанд ишора хоҳем дошт ва дар навиштаҳои баъдӣ, ба ин мавзӯот муфассалтар пардохта хоҳад шуд:

1 – Бо кӯдакон бозӣ кардан.

2 – Ба хонавода ва фарзандон ба сафар рафтан.

3 – Бо ҳам шеъру суруд хондан.

4 – Дар тарбияти фарзанд мушорикат доштан.

5 – Гӯш додан ба ҳарфҳо кӯдакон…

Ин матлаб идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.