Масъулиятпазирии кӯдакон

45

Масъулиятпазирии кӯдакон

Чӣ гуна кӯдаки масъулиятпазир дошта бошам?

Чӣ кор кунам то ҳисси масъулиятшиносиро дар кӯдакам парвариш диҳам?

Масъулиятпазирӣ яке аз хусусиёти муҳимми ахлоқӣ ва шахсиятӣ аст. Ин сифати хуби ахлоқӣ боис мешавад, ки инсон ботааҳҳуд бошад ва вазифаҳо ва масъулиятҳояшро дар замони худаш, анҷом диҳад. Шахсе, ки масъулиятпазир бошад, дар умури зиндагӣ ва кор ба муваффақиятҳои бештаре даст меёбад.

Падару модарҳо низ мехоҳанд роҳкорҳои амалиро пайдо кунанд то кӯдаконашонро масъулиятпазир тарбият кунанд.

Дар идомаи матлаб, ба чанд роҳкор ҷиҳати парвариши ҳисси масъулиятшиносӣ ба кӯдакон пардохта хоҳад шуд.

Тарбияти ҳисси масъулиятшиносиро метавон бо ширкат додани кӯдак дар корҳои хона, дар ӯ, эҷод намуд.

Кӯдак будан ба ин маъно нест, ки ӯ натавонад дар ҳеч кадом аз корҳои хона ба падару модар кӯмак накунад.

Яке аз содатарин роҳкорҳо барои афзоиши масъулиятпазирии кӯдакон ин аст, ки онҳоро дар фаъолиятҳои содае монанди харид кардан, тозаву покиза кардани хона, пухтани таом ва ғайра мушорикат диҳем.

Ҳамкории фарзандон бо мо эҳсоси иззати нафс ва истиқлолро дар ӯ эҷод мекунад. Ҳамчунин ин рафтор боис мешавад, ки ӯ бифаҳмад, ки барои пазируфтани масъулиятҳо, мо ба унвони волидайн, ӯро бовар дорем. Ҳамин бовар доштани мо, дар ӯ ҳисси масъулиятшиносиро бештар тақвият мекунад.

Аз роҳҳои дигар метавон ба ин ишора намуд, ки мо дар хонавода қонунҳоеро гузорем, ки ҳамаи аъзои хонавода дар баробари он қонунҳо таслим бошанд ва вазифаҳои худашонро анҷом диҳанд, мисли мушаххас ва таъини як замони хос барои анҷоми дарсу мутолиа ва вазифаҳои хонагии кӯдак, ба ин маъно, ки то вазифаи хонагӣ ва машқҳояшро анҷом надодааст, наметавонад ба бозӣ ва корҳои дигаре, ки мехоҳад, машғул шавад.

Инчунин ташвиқи кӯдаки масъулиятшинос аз муҳимтарин роҳҳои эҷод ва тақвияти ин ҳис дар кӯдакон аст. Вақте кӯдак аз паси вазоиф ва масъулиятҳои худ бармеояд, ба содагӣ нагузарем ва ин рафтори ӯро ташвиқ кунем. Бахусус замоне ки худаш барои анҷоми вазоифаш пешқадам мешавад.

Бо анҷоми ин роҳкорҳо ва роҳкорҳои муассири дигар, ҳисси масъулиятшиносӣ ва масъулиятпазирии кӯдаконро тақвият кунем то кӯдакони мо дар зиндагӣ ва корҳояшон муваффақият ва пешрафтҳоеро дошта бошанд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.