Омӯзиши фарзанд

146

Муҳтавои омӯзиш

А‑ Омӯзиши хондан ва навиштан:

Аз дигар ҳуқуқе, ки фарзанд бар падар дорад, баҳраманд шудан аз неъмати хондан ва навиштан аст. Барои адои ин вазифа, падар бояд шахсан ба ин кор иқдом кунад ва ё ҳазинае сарфи омӯзиши фарзанди худ кунад.

Дар ривоёте, ки дар ин замина ворид шуда, аз хондан ва навиштан ба унвони ҳақ ва таклиф ёд шудааст.

Паёмбари Бузургвори Ислом(с) мефармоянд:

[مِنْ حَقِّ الْوَلَدِ عَلَى وَالِدِهِ ثَلَاثَةٌ: يُحَسِّنُ اسْمَهُ وَ يُعَلِّمُهُ الْكِتَابَةَ وَ يُزَوِّجُهُ إِذَا بَلَغَ] “Се ҳақ аз ҳуқуқе, ки фарзанд ба гардани падар дорад ин аст, ки 1‑ Номи хубе барояш интихоб кунад. 2‑ Навиштан ёдаш диҳад. 3‑ Пас аз булуғ заминаи издивоҷи ӯро фароҳам кунад”.[1]

Дар ривоёти дигар ба ин ҳам иктифо нашуда, балки аз падарон хоста шуда, ки фарзандони хешро ба илм омӯзӣ ва дониш андӯзӣ водор кунанд.

Ҳазрати Алӣ(к) фармуд: [مُرُوْا أَوْلاَدَكُمْ بِطَلَبِ الْعِلْمِ] “Фарзандонатонро ба талаби дониш барангезед”.[2]

 Ташвиқи Луқмони Ҳаким ба илму дониш:

Имоми Ҳасан(а) мефармояд:

كَانَ فِيمَا وَعَظَ لُقْمَانُ ابْنَهُ أَنْ قَالَ لَهُ يَا بُنَيَّ اجْعَلْ فِي أَيَّامِكَ وَ لَيَالِيكَ وَ سَاعَاتِكَ نَصِيباً لَكَ فِي طَلَبِ الْعِلْمِ فَإِنَّكَ لَنْ تَجِدَ لَهُ تَضْيِيعاً مِثْلَ تَرْكِهِ

“Фарзандам! Дар рӯзҳо ва шабҳо ва соатҳоят саҳме қарор деҳ, ки дар он илму дониш биҷӯӣ, зеро ҳеҷ аз даст рафтае ҳамонанди аз даст рафтани илму дониш нест”.[3]

 Б‑­ Омӯзиши Қуръони Карим:

Мусалмонон илова ба омӯзишҳои ҳамагонӣ ба унвони вазифаи динии худ бояд ба фарзандони худ китоби осмонӣ ва барномаи зиндагӣ; яъне Қуръони Каримро ҳам биёмӯзанд.

Қуръони Карим охирин китоби осмонист, ки тамоми қавонини ҳидоят ва саодати инсонҳоро дар бар дорад.

Қуръон суфраи густарда ва ғизои осмонӣ ва ганҷинаи ҳақоиқ ва асрори илоҳӣст. Қуръон баҳори дилҳои хазонзада ва мояи таровати андешаҳои афсурда ва рокид аст. Қуръон шафои дилҳо ва ресмони муҳками илоҳӣст ва ҳар кас ба он чанг занад наҷот ёбад ва ҳар кас онро раҳо кунад ҳалок гардад.

Қуръон ҳидоятгари ҷаҳониён аст ва тазминкунандаи саодати пайравони он. Тиловати Қуръон калиди иртибот бо ҳақ аст ва тадаббур дар оёти он сабаби бедории дилҳо ва шукуфоии мағзҳост.[4]

Ҳазрати имоми Ризо(а) мефармояд:

الْقُرْآنَ هُوَ حَبْلُ اللَّهِ الْمَتِينُ وَ عُرْوَتُهُ الْوُثْقَى وَ طَرِيقَتُهُ الْمُثْلَى الْمُؤَدِّي إِلَى الْجَنَّةِ وَ الْمُنْجِي مِنَ النَّارِ لَا يَخْلُقُ مِنَ الْأَزْمِنَةِ وَ لَا يَغِثُّ عَلَى الْأَلْسِنَةِ لِأَنَّهُ لَمْ يُجْعَلْ لِزَمَانٍ دُونَ زَمَانٍ

“Қуръон ресмони муҳками Худо, ва василаи итминонбахш ва роҳи мустақими ӯст. Роҳест, ки ба биҳишт поён меёбад ва сабаби наҷот ва раҳоӣ аз оташи дӯзах аст ва Қуръон бо гузашти замон кӯҳна ва фарсуда намешавад ва баҳс ва гуфтугӯ аз он сабаби костии он намешавад, зеро ба замони муайяне ихтисос надорад…”.[5]

Аз ин рӯ, Расули Худо(с) бисёр ба Қуръон эҳтимом меварзиданд ва рафтору кирдораш таҷаллии маорифи Қуръони Карим буд. Аҳли байт(а) низ илова бар ин ки худ ба Қуръон инояти бисёр доштанд, фарзандони худро бо қироат, ҳифз, омӯзиши Қуръон ва амал ба он ташвиқ ва тавсия мекарданд ва омӯзиши Қуръонро яке аз ҳуқуқи мусаллами фарзанд бар гардани волидайн медонистанд.

Ҳазрати Алӣ(а) фарзандаш имом Ҳасан(а)‑ро ин чунин ба Қуръон суфориш кард:

[اللَّهَ اللَّهَ فِي الْقُرْآنِ فَلَا يَسْبِقَنَّكُمْ إِلَى الْعِلْمِ بِهِ غَيْرُكُم‏] “Худоро Худоро дар бораи қуръон, мабодо дигарон дар фаҳми Қуръон бар шумо пешӣ бигиранд”.[6]

Омӯзиши ин китоби осмонӣ, аз ҳуқуқи мусаллами фарзандон аст, ки падарон бояд аз ӯҳдаи он бароянд ва ононро бо Қуръон ошно созанд, бадин маъно, ки ё худашон Қуръонро ба онон биёмӯзанд ё барои онҳо муаллим бигиранд. Рсули Худо(с) фармуданд:

[مِنْ حَقِّ الْوَلَدِ عَلَى وَالِدِهِ ثَلَاثَةٌ… وَ يُعَلِّمُهُ الْكِتَابَةَ…] “Ҳақи фарзанд бар падар он аст, ки ба ӯ Қуръон биёмӯзад”.[7]

[1]. Макоримулахлоқ, саҳ. 220.

[2]. Канзулуммол, ҷ.16, саҳ. 625.

[3]. Биҳоруланвор, ҷ.13, саҳ. 415.

[4]. Ҳуқуқи фарзандон дар мактаби Аҳли байт(а), саҳ. 190.

[5]. Биҳоруланвор, ҷ.17, саҳ. 210.

[6]. Туҳафулуқул, саҳ. 197.

[7]. Макоримулахлоқ, саҳ. 220.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.