Муҳаббат ва нақши он дар тарбияти кӯдак

114

Муҳаббат ва нақши он дар тарбияти кӯдак

Муҳаббат чӣ нақше дар тарбияти кӯдак дорад?

Оё муҳаббат ба кӯдак ҳадду марзе дорад, ё на?

Дар тарбияти фарзанд нукоти бисёре нақш дорад, аммо ҳеч чиз мисли муҳаббат ва ишқ муҳим нест, ки набояд фаромӯш шавад.

Инсонҳо дорои эҳсосот ва отифа ҳастанд ва таҳти таъсири онҳо, назири ишқу муҳаббат, кина, хашм, тарсу изтироб, шодию ғам ва монанди он қарор мегиранд.

Ин эҳсосот ҳастанд, ки ба зиндагии афрод гармӣ мебахшанд ва навъе муҳаррик барои талош ҳастанд. Бачаҳо агар дар хонавода ва муҳите бузург шаванд, ки дар он хонавода ва муҳит муҳаббат ва ишқ ҳукмфармо бошад, дорои оромиш ва сукун хоҳанд буд.

Ҳамеша ёдамон бошад, ки Худованд фарзандони моро монанди ҳамаи инсонҳои дигар, ташна ва шефтаи муҳаббат халқ кардааст. Ҳамон гуна ки фарзандони мо ниёзманд ба обу ғизо, беҳдошт ва пӯшок ҳастанд, ниёзманд ба муҳаббат ҳам мебошанд.

Ба ҳамин ҷиҳат мо вазифа дорем, конуни хонаводаи худро саршор аз муҳаббат карда ва фазои отифӣ ва самимӣ барои рушди фарзандонамон эҷод кунем.

Муҳаббат беҳтарин ва муассиртарин омил дар тарбияти фарзандон ба шумор меравад, то ҷое, ки Амиралмӯъминин Алӣ(р) фармудаанд: “Бар ту воҷиб аст, ки нисбат ба фарзандат муҳаббат ва дилсӯзӣ дошта бошӣ”.

Ҳамчунин муҳаббат ба фарзанд ончунон баракоте дар зиндагии мо хоҳад дошт, ки Имом Содиқ(р) мефармоянд: “Худованд ба бандаи худ раҳм мекунад, ба хотири муҳаббати зиёде, ки ба фарзандаш дорад”.

Расули Акрам(с) фармудаанд: “Кӯдаконоро дӯст бидоред ва ба онҳо меҳрубонӣ кунед ва ҳар гоҳ ба онҳо ваъдае додед, вафо кунед, зеро онҳо шуморо рӯзидиҳандаи худ медонанд”.

Инчунин дар ривояти дигаре, Паёмбари Акрам(с) муҳаббат ва каромат нисбат ба фарзандро боиси омурзида шудан ва бахшида шудани гуноҳон донистаанд: “Фарзандони худро икром кунед ва бо адаби некӯ бо онҳо муошират намоед, то омурзида шавед”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.