Подоши омӯзиши Қуръон дар қиёмат

209

Аз Паёмбари Бузургвори Ислом(с) ва Аҳли байти ишон ривоёти зиёде ворид шуда, ки Худованд дар баробари омӯзиши Қуръон ба фарзандон дар қиёмат ба падарону модарон инояти хоссе дорад, ки аз он ҷумла ифтихороти зер аст:

А‑ Тоҷгузории падарон ва модарон аз тарафи Худованд:

Маъоз гӯяд: аз Расули Худо(с) шунидам, ки мефармуданд:

“مَا مِنْ رَجُلٍ عَلَّمَ وَلَدَهُ الْقُرْآنَ إِلَّا تَوَّجَ اللَّهُ أَبَوَيْهِ يَوْمَ الْقِيَامَةِ تَاجَ الْمُلْكِ وَ كُسِيَا حُلَّتَيْنِ لَمْ يَرَ النَّاسُ مِثْلَهُمَا

“Ҳеҷ марде фарзанди худро Қуръон наёмӯзад, магар ин ки Худованд падару модари кӯдакро дар рӯзи қиёмат тоҷи подшоҳӣ ато кунад ва ду либоси биҳиштӣ ба онон бипӯшонад, ки ҳаргиз мардум монанди онро надида бошанд”.[1]

Б‑­ Либосҳои биҳиштӣ:

Имоми Содиқ(а) фармуд:

[وَ مَنْ عَلَّمَهُ الْقُرْآنَ دُعِيَ بِالْأَبَوَيْنِ فَكُسِيَا حُلَّتَيْنِ تُضِي‏ءُ مِنْ نُورِهِمَا وُجُوهُ أَهْلِ الْجَنَّةِ]

“Ҳар кас ба фарзанди худ Қуръон ёд диҳад, рӯзи қиёмат падару модарашро фаро хонанд ва ду либоси биҳиштӣ ба онон бипӯшонанд, ки аз нури он чеҳраи биҳиштиён рӯшан ва пур фурӯғ гардар”.[2]

В‑ Подоши шигифтангез:

Уммулмӯъминин Оиша(рз) аз Расули Худо(с) нақл мекунад, ки фармуданд:

مَنْ عَلَّمَ وَلَدًا لَهُ اْلقُرْآنَ قَلَّدَهُ اللّهُ عَزَّوَجَل يَوْمَ اْلقِيامَۀِ بِقَلادَۀٍ يُعْجَبُ مِنْهُ اْلاَوَّلُونَ وَاْلآخَرُوْنَ

“Ҳар кас фарзанди худро Қуръон биёмӯзад, Худо рӯзи қиёмат ҳалқаи ифтихоре ба гардани ӯ овезад, ки боиси ҳайрати аввалину охирин шавад”.[3]

Г- Сангинии номаи амал ва ҷавози убур аз сирот:

Расули Худо(с) фармуданд:

مَنْ عَلَّمَ وَلَدَهُ الْقُرْآن… و‏ يَثْقُلُ مِيزَانُهُ وَ يُجَاوَزُ بِهِ عَلَى الصِّرَاطِ كَالْبَرْقِ الْخَاطِفِ وَ لَمْ يُفَارِقْهُ الْقُرْآنُ حَتَّى يَنْزِلَ بِهِ مِنَ الْكَرَامَةِ أَفْضَلَ مَا يَتَمَنَّى

“Ҳар кас ба фарзанди худ Қуръон таълим диҳад… (ҳамоно Қуръон) номаи амалашро (дар рӯзи қиёмат) сангин кунад ва ӯро аз пули сирот ҳамонанди барқи ҷаҳанда убур диҳад ва ҳеҷ гоҳ аз ӯ ҷудо нагардад, то аз тарафи Худованд беҳтарин чизе, ки орзу мекард бар ӯ нозил шавад”.[4]

Д- Савоби даҳҳазор ҳаҷ ва умра:

Расули Гиромӣ(с) фармуданд:

مَنْ عَلَّمَ وَلَدَهُ الْقُرْآنَ فَكَأَنَّمَا حَجَّ الْبَيْتَ عَشَرَةَ آلَافِ حَجَّةٍ وَ اعْتَمَرَ عَشَرَةَ آلَافِ عُمْرَةٍ وَ أَعْتَقَ عَشَرَةَ آلَافِ رَقَبَةٍ مِنْ وُلْدِ إِسْمَاعِيلَ وَ غَزَا عَشَرَةَ آلَافِ غَزْوَةٍ وَ أَطْعَمَ عَشَرَةَ آلَافِ مِسْكِينٍ مُسْلِمٍ جَائِعٍ وَ كَأَنَّمَا كَسَا عَشَرَةَ آلَافِ عَارٍ مُسْلِمٍ وَ يُكْتَبُ لَهُ بِكُلِّ حَرْفٍ عَشْرُ حَسَنَاتٍ وَ يَمْحُو اللَّهُ عَنْهُ عَشْرَ سَيِّئَاتٍ وَ يَكُونُ مَعَهُ فِي قَبْرِهِ حَتَّى يُبْعَث….‏

“Ҳар кас фарзанди худро Қуръон биёмӯзад мисли он аст, ки даҳҳазор бор ба хонаи Худо мушарраф шавад ва даҳҳазор бор ҳаҷҷи умра ба ҷой оварад. Даҳҳазор банда аз насли фарзандони Исмоил(а) озод кунад. Ва даҳҳазор бор ба ҷиҳод биравад ва даҳҳазор фақири мусалмони гуруснаро таом карда бошад ва ҳамонанди он аст, ки даҳҳазор мусалмони бараҳнаро пӯшонда бошад ва барои ӯ дар муқобили ҳар ҳарфе даҳ ҳасана навишта шавад ва Худованд даҳ гуноҳ аз гуноҳонашро маҳв созад ва дар қабр бо ӯ хоҳад буд, то он гоҳ, ки барангехта шавад”.[5]

   [1]. Мустадрак, ҷ.4, саҳ. 247.

[2]. Иддатудоӣ, саҳ. 88.

[3]. Ҷомеулаҳодис, ҷ7, саҳ. 283, Китобулайн, ҷ.1, саҳ. 478.

[4]. Мустадрак, ҷ.4, саҳ. 247.

[5]. Ҳамон, ҷ.4, саҳ. 247.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.